Эй бод, ки ҷон фидои пайғоми ту бод,Гар баргузарӣ ба кӯйи он ҳурнажод,Гӯ, дар сари роҳ Меҳситиро дидам,К-аз орзуи ту ҷони ширин медод. Бод ба дарё қисса мекард аз он айём, аз он даврон. Дарё шоҳид буд, огаҳ буд аз он шоираи ҳурнажоду сиҳиқомат, аз он хунёгари воломақому чашму абрӯсиёҳ ....