Аҷаб сарсонам дар кӯчаҳои каҷмокаҷу сангинроҳи зиндагӣ. Худовандо, чаро дар ивази ин қадар покиву ҷонфидоӣ чунин хору зорам кардӣ? Чаро ба дили ҷӯёи ишқи покам сарнавишти пурхиёнат раво дидӣ? Худовандо, ку ҳамтои дили ман, ки умре бо садоқаташ бизияму бо сарсупурдагӣ барояш бимирам?
Боз шоми тира пардаҳои ғамро болои дили ман бо муҳаббат паҳн мекунад. Чун рӯи олам рӯйи дили маро тирагиву ҳарос мепӯшонад. Ман метарсам, ки гӯш ба қалби хеш бидиҳам, ӯро дарк бисозам. Ғам гӯё ба ман муҳаббат дораду таркаш карданӣ нест. Ӯ ҳамхонаи ман, ҳамоғӯши ман аст. Худовандо, чаро мо зодаи ишқему куштаи ғам? Чаро аз муҳаббат тухма мекорему аз ғам ҳосил мебардорем?
Муҳаббат