26
Ноябр, 2024
Сешанбе
26
Ноябр, 2024
Сешанбе
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Президент
Иқтисод
Фарҳанг
Тандурустӣ
Ҳуқуқ
Иҷтимоъ
Чеҳра
Мусоҳиба
Ҷавонон
Қонунҳо
Маҷаллаҳо
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
Дастархон
Нигористон
Иртибот
Дар бораи мо
Тамос
Хатогӣ
JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED
ЗАН ДАР АДЁН
Мавзӯи занро дар адён аз нуқтаи назарҳои гуногун: таърих, фарҳанг, назарҳои як дин ба дини дигар ва ё расму оин омӯхтан мумкин аст, аммо биёед, паҳлӯҳои ин мавзӯъро дар
сарчашмаҳои динҳо бубинем.
Ақидаҳои гуногун, ҳатто таззоде оид ба имкониятҳои ақлӣ ва рӯҳии зану мард, аз арҷгузорӣ, ба Худо баробар кардан то пасттарин зина, ба сатҳи мошини истеҳсоли кӯдак баробар кардани зан вуҷуд дорад. Ва, албатта, ин гуногунандешиҳо нисбат ба зан бештар аз динҳо маншаъ мегиранд.
Дар ҷаҳони муосир беш аз ним миллиард зани мусулмон умр ба сар мебарад. Мақому нақши онон дар ҷомеа мутоби
қи гуфтаҳои Қуръони кариму аҳодиси Муҳаммад (с)
танзим карда мешавад. Зан дар ин дин аз ма
қоми боло бархурдор аст.
Аксари ҳуқуқпоймолкуниҳо, ки бо такя ба он ба вуҷуд меоянд, аслан ба Ислом ҳеҷ иртиботе надоранд, ҳатто дар баъзе мавридҳо бо он мухолифат мекунанд. Агар ба Қуръони карим назар кунем, мебинем, ки мавқеи зан чӣ қадр баланд инъикос шудааст.
Рӯҳонӣ Зубайдуллоҳи Розиқ мегӯяд, ки Паёмбари Худо (с) дар тӯли зиндагӣ ҳамсаронашро дар ҳама соҳаҳо шар
ики худ медонист. Ҳазрати Хадича то охири ҳаёт Паёмбар (с)-ро дар кори даъват ба Ислом ҳамроҳӣ мекард. Муҳаммад (с) дар ҳолатҳои зарурӣ бо ӯ ва дигар ҳамсаронаш машварат мекард, ҳатто масоили сиёсиро бо онҳо мавриди баррасӣ қарор медод.
Дар мавриди ҳуқуқи ҳамсарӣ Худованд возеҳ гуфтааст: «Ва барои занон монанди вазифаҳое, ки бар дӯши онҳост, ҳуқуқи шоистае қарор дода шуда» (Сураи Бақара, ояти 228). Яъне, дар баробари вазифаҳояш барои зан ҳуқуқ низ пешбинӣ шудааст, ки мард маҷбур аст онҳоро риоя кунад. Зубайдуллоҳи Розиқ меафзояд, ки дар Ислом ҳаргиз ҳақ яктарафа набудааст, он ҳатман миёни марду зан баробар аст. Бахусус, ҳуқуқи зани ҳомила дар Ислом хеле барҷаста инъикос ёфтааст.
Дилшод Сафаров – ассистенти кафедраи ҳуқуқи инсони факултаи таърихи ДМТ, ки «Консепсияи исломии ҳуқуқи башар»-ро мавриди таҳқиқу омӯзиш қарор додааст, ақида дорад, ки дар Ислом тамоми меъёрҳои ҳуқуқи башар, аз ҷумла зан, хеле хуб инъикос ёфтааст ва амаликунии он барои ҳамаи халқу миллатҳо ҳеҷ мушкилие надорад.
Зан дар масеҳият
Дини масеҳӣ, ки ба фарҳанги Рими қадим хатари ҷиддӣ эҷод мекард, нисбат ба муносибати зану мард низ бетаъсир намонд. Албатта, мақсади Инҷил тағйир додани муносибати зану мард набуд, аммо баъзе усулҳои хоси худро дар ин самт
қотеъона
ворид кардан мехост.
Усулан дар он давра масеҳият мавқеи инсонро баландтар арзёбӣ кард. Таълимоти нав таъкид мекард: «дигар на Яҳуд асту на бисёрхудоӣ; на ғулом ҳасту на шахси озод, на мард ҳасту на зан: ҳама барои Исои Масеҳ як ҳастед» (Гал. 3:28).
Бояд дарк кард, ки дар ин инкор ҳеҷ нафрате нисбати ҷинс ва ё оила вуҷуд надорад, балки он баробарии ҷинсҳоро дар назди Худо таъкид мекунад.
Волоияти шахсият эътироф мешавад, на мард ё зан.
Масеҳият бори нахуст ба зан ҳамчун инсон назар кард ва дар ӯ шахси комил ва мустақил, баробар бо мард не, аммо на камтар аз ӯро дар назди Худо дид. Дар масеҳият зан дигар як воситаи зино ва бадкорӣ, ашё ва моли шавҳар, танҳо модар ва зан набуд, бештар аз ҳамаи ин буд.
Исои Масеҳ дар баробари мардон бо занҳо низ сӯҳбату гуфтугӯҳо мекард. Тавре дар маъхазҳои таърихӣ омадааст, маҳз занҳо Исои Масеҳро ба Голгоф (маконе, ки ӯро ба қатл расонданд) ҳамроҳӣ карданд, дар ҳоле ки мардон ӯро тарк намуда буданд.
Юрий Максимов, донишманди рус дар ма
қолааш «Новый завет и полигамия» (васияти ҷадид ва бисёрзанӣ) менависад, ки л
аҳзаҳои беадолатӣ нисбати зан дар дунёи қадим имрӯз бароямон даҳшатнок вонамуд мешавад ва ин маҳз ба шарофати ҳодисаи ду ҳазор сол пеш –«инқилоби масеҳӣ»-ст. ӯ меафзояд, ки маҳз фарҳанги масеҳӣ якникоҳиро тасдиқ кард. Маҳз масеҳият бори нахуст дар таърихи башарият эълом кард, ки хиёнати мард ҳамон қадар имконнопазир аст, ки хиёнати зан. Тибқи таълимоти Масеҳ, оила масҷид (церковь)-и хурд аст ва наметавонад «барои муваққат» сохта шавад – он барои абад сохта мешавад, пайванд бо ишқ бояд бе ҳар гуна манфиату имконият бошад.
Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки новобаста аз тағйироти ҷиддии воридкардаи масеҳият фарҳанги мардум оид ба беадолатӣ нисбати зан базудӣ дигар нашудааст.
Солҳои дароз занон дар зиндагии сиёсиву иҷтимоӣ ҳеҷ фаъолияте надоштаанд.
Аммо
Протоиерей (рӯҳонии волома
қом)
Андрей Ткачев
дар
мусоҳибааш бо маҷаллаи православии «Отрок» гуфтааст, ки ин таълимот барои ояндаи рӯшани занон заминаҳои хубе гузошт. Мубориза барои озодии занон дар фарҳанги аврупоӣ маҳз ба шарофати арзишҳои масеҳӣ имконпазир шуд.
Дар бештари китобҳову мақолот дар мавриди тундгӯиҳои Апостол Павел нисбат ба зан мисолҳо оварда шудаанд. Масалан: «Зан, аз шавҳари худ битарс!» (Еф. 5:33).
Аммо ба ақидаи
Лита Коснер
манзури Апостол Павел тарс ва ваҳшат аз қувва ва нерӯи шавҳар нест. ӯ бояд аз он битарсад, ки шавҳарро озурда накунад, аз он битарсад, ки ӯро бадном насозад. Ин тарси пешгирист. Мисли он ки фарзанд метарсад волидонашро нороҳат накунад. Ҳамчунин, давоми ин пораро низ бояд фаромӯш накард, ки барои шавҳарон гуфта шудааст: «Шавҳарон, занҳои худро дӯст бидоред, мисли Исо, ки масҷид (Церковь)-ро дӯст дошт ва худро фидои он кард. Ҳар кадоматон занҳоятонро мисли худ дӯст бидоред» (Еф. 5:25, 33).
Мақоми зан дар дини Яҳуд
Ва
қте Худованд ба Моше Рабейн мефармояд, ки яҳудҳоро барои қабули Таврот омода бисозад, ӯ мегӯяд:
«Хонадони Яҳёро садо бикун ва ба писарони Исроил бигӯ» (Таврот,
Шмот, 19:3
)
.
Донишмандони яҳудия инро чунин ташреҳ медиҳанд:
«Хонаи Яҳё» занҳои яҳуданд ва «писарони Исроил» – мардҳо. Бад-ин манзур Офаридгор ма
қоми занро бо мард баробар шумурда, ҳатто бо гирифтани номи зан пеш аз мард метавон гуфт, ки мақоми занро аз мард як қадам болотар донистааст.
«Шулхан Аруху» (
қонунҳои яҳудия)
яҳудиёнро вазифадор кардааст, ки дар баробари дигар
қонунҳои яҳудӣ қонунҳои занонро низ ҳатман аз ёд бикунанд.
Зани яҳудӣ дар баробари донистани
қонунҳои маъхазҳои аслӣ ҳамчунин
«Пнимиюс а-Таврот» (таълимоти ирфонии Таврот)-ро низ бояд бидонад. Албатта, донистани тамоми
қонуну қоидаҳои китоби муқаддас хеле мушкил аст, аммо дар ҳар насл як зане пайдо мешуд, ки тамоми маънои таълимоти Тавротро аз бар карда буд. Чунин занҳо дар паҳншавии таълимоти Таврот нақши муҳиме бозидаанд.
Муҳимтарин сифати зан дониш, самимият ва навозиш аст. Баробари пайдо кардани донишҳои нав ӯ бояд онҳоро ба аъзои хонаводааш ироа бикунад. (
Теилим, 113:9
) .Теилим занро
асоси хонадон (
акерет hабайт
) медонад. Михаил Абдураҳмонов – раввини синагоги яҳудиёни му
қими Тоҷикистон мегӯяд, ки маҳз зан фазои умумии хонаро эҷод мекунад
ва бар шавҳару фарзандонаш нуфузи зиёд дорад, аз ҷумла дар илмомӯзӣ.
Дар давраи ҳассос
«аҷдоди мо маҳз тавассути занон аз
ғуломии мисриҳо берун шудаанд
».
Ба ақидаи
Дилшод Сафаров, зимни омӯзиши дини яҳудия мебинем, ки нисбат ба зан дар оила, чи аз тарафи шавҳар ва чи аз тарафи падару бародаронаш, ҳолатҳои ҳуқуқпоймолкунӣ зиёд мушоҳида мешаванд. Зани яҳудӣ бештар аз ҳуқуқҳои канизӣ бархӯрдор аст. Аммо Михаил Абдураҳмонов
мегӯяд, ки ин як навъ арҷгузорӣ ба зан аст, ки ӯ «муҳофизи хонадон» дониста мешавад. Рӯшан кардани шамъ ҳар рӯзи шанбе вазифаи ҷонии ӯст. Покиву тозагии хона, таълим ва омӯзиши фарзанд ҳам бар дӯши модар аст, чун ба таълиму омӯзиш бояд меҳр варзид ва ин меҳру
муҳаббатро нисбат ба таълим аз модар беҳтар касе наметавонад дар қалби фарзандаш бедор кунад. Ҳамчунин, ҳангоми таълими фарзанд худи зан ҳам меомӯзад. Ба ивази ин занҳо аз ибодат озоданд, дар ҳоле ки барои мардон ибодат ҳатмист. Марди яҳудӣ беш аз як зан гирифта наметавонад.
Зан дар буддоия
Тавре мебинем, ҳар дин ба зан мавқеи гуногун додааст. Аммо дар буддоия ин мавзӯъ аҳамияти ба худ хосе дорад.
Он инсонҳоро ба ҷинс тақсим намекард. Ин гурӯҳбандӣ дертар, дар натиҷаи тақсимоти меҳнат пайдо шудааст.
Дар буддоия волотарин мақсади инсон озодии мутлақ аст, яъне расидан ба дараҷае, ки инсон дигар худидораро аз даст додаву дар ҳолати нирвана қарор мегирад. Албатта, ин кори сода нест.
Олана Йеру
дар таҳқиқоташ оид ба ҷойгоҳи зан дар анъаноти буддоия менависад: Б
уддо дид, ки дар роҳи касби озодӣ ҷинс ҳеҷ аҳамияте надорад. Зан муқаддас аст ва зане, ки сазовори қудсият шудааст, зинҳор аз марди муқаддас камие надорад. Мутобиқи таълимоти Буддо марду зан ба ҳам баробар вобастаанд. Онҳо зимни муносибат бо якдигар ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд.
Барои шахсоне, ки баландтарин зинаи зиндагии рӯҳониро тай кардаанд, Буддо орден (Sangha)-ҳои махсус таъсис додааст.
Таъсиси ордени занон барои мардуми Ҳинди қадим иқдоми инқилобомезе буд, чунки дар ҷамъияти асри шаши пеш аз мелод занҳо ба қабули зиндагии зоҳидона омодагӣ надоштанд. Бинобар ин, Буддо барои занҳои рӯҳонӣ ҳашт формулаи махсус созмон дод, ки онҳоро ба дараҷаи рӯҳониёни мард баробар мекунад. Ин қоидаҳоро ҳамчун кӯмак ва муҳофизи ҷамъиятии занони рӯҳонӣ ташреҳ додан мумкин аст.
Аммо Буддо ҳамчунин гуфтааст, ки зан наметавонад панҷ ҳолати муҳимро бар ӯҳда бигирад, бар ҷаҳаннам, осмонҳо, бараҳманҳо
,
дунёи одамон ҳукмронӣ кунад, пурра
пок шавад.
Олана Йеру
навиштааст, ки Шакямуни (Буддо) ин маҳдудиятро на ихтироъ кардаасту на аз онҳо пуштибонӣ менамуд. ӯ танҳо хабар медод, ки дар ҳеҷ як аз рӯъёҳои кайҳониаш занро дар ин панҷ ҳолат надидааст. Ин ки зан наметавонад ҷаҳаннам ва фариштаҳои ҷоҳилро танзим кунад, аслан маънои камбуди зан дониста намешавад, балки баръакс инро ҳамчун
дастоварди ӯ бояд донист
.
Зане, ки дорои корҳои шоиста ва муҳим асту думболи ба даст овардани ҳолати нирвана мебошад, болотар аз ҳар гуна ҳукмронист.
Агар нек ба динҳо назар кунем, онҳо нисбати зан муносибат ва мавқеи хубро раво дидаанд. Мушкил дар гурӯҳи одамони алоҳида аст, ки аз он ба манфиати худ ва бар зарари ҷомеа истифода мебаранд, аз китобҳои муқаддасу ҳадисҳои паёмбарон танҳо ҷойҳои барои худ муҳимро мавриди истифода қарор медиҳанду мардумро гумроҳ месозанд, ну
к
таҳои муҳими он гуфтаҳоро ба гӯшаи фаромӯшӣ месупоранд. Бинобар ин, аз қавли
Сайид Ҷамолиддини Афғон метавон гуфт, ки дар ин худкомагӣ ҷурми дину эътиқоде нест:
Ислом ба зоти худ надорад айбе,
Ҳар айб ки ҳаст, дар мусулмонии мост.
Шаҳноз КОМИЛЗОДА
:.
Фарҳанг
15.12.2010 06:58
3860
Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шумораи навбатӣ
Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
Бойгонӣ
Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021
Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
Бойгонӣ
Дастархон
Оши туппаи баҳорӣ
Бойгонӣ
Нигористон
Баҳор намои зебои ҷавонист
Бойгонӣ
Сарсаҳфа
Хабарҳо
Сиёсат
Варзиш
Зебоӣ
Аз ҳар боб
Феҳрист
Дар бораи мо
Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By:
Dodikhudoev
Parviz