Мутаассифона, ҷойи тардид нест, ки хатмкардагони аксари донишгоҳҳо дониши кофӣ надоранд. Аз ин бадбахтонатар, қисме аз ин донишҷӯён ҳамасола ба аспирантура дохил гашта, даъвогари олимӣ мешаванд. Оё имрӯз шӯъбаҳои аспиратура довталабони арзандаро қабул мекунанд ва ё оянда аз онҳо олимони ҳақиқиро умедвор шудан мумкин аст?
Бо мақсади посух ёфтан ба ин савол ба шӯъбаи аспирантураи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб омадем. Мудири шӯъба Ниёзбӣ Давлатова муаллимаи калони кафедраи педагогика буда, дар донишгоҳ дарс мегӯяд. Аввалин фикре, ки аз сарамон гузашт, номувофиқатии ҳол бо низомнома буд, яъне нафаре, ки унвони илмӣ надорад, набояд мудирии аспирантураро бар дӯш дошта бошад. Н.Давлатова ду сол боз мудири шӯъбаи мазкур аст ва маҳз баъди ба ин вазифа таъин шудан барои ҳимояи рисолаи номзадии илм мавзӯъ гирифтааст, яъне алҳол аспиранти шӯъбаест, ки худ сарвариашро ба ӯҳда дорад.
Тавре ки мавсуф мегӯяд, шӯъбаи аспирантураи назди ДДК соли 2005 ташкил ёфта, то ба имрӯз онро 9 нафар хатм кардаанд ва 5 нафар дар арафаи ҳимояи рисолаҳои худанд. Имрӯз дар шӯъбаи рӯзона 9 нафар ва дар шӯъбаи ғоибона 21 нафар таҳсил доранд. Аз ин шумора 10 нафарашон бонувонанд.
Шӯъба аз рӯйи панҷ ихтисос фаъолият мекунад: педагогикаи умумӣ, таърихи педагогика ва таҳсилот, фалсафаи илм ва техника, физикаи нимноқилҳо, забони тоҷикӣ, методикаи фанҳои махсус. «Мо ҳар сол нақшаи қабули шӯъбаро аз рӯйи ин ихтисосҳо ба Вазорати маориф пешниҳод мекунем, – мегӯяд Н.Давлатова. – Порсол аз рӯйи нақша 11 нафар пешниҳод карда будем. Аз баъзе ихтисосҳо ҷойҳо холӣ монданд, лекин мо бо кӯшиши зиёд одам ёфта, ҷойҳои холиро пур кардем. Имсол мувофиқи нақша 12 нафар муайян шудааст…»
Маълум гардид, ки барои дохилшавӣ ба шӯъбаи аспирантура рақобати довталабон вуҷуд надорад. Модоме ки каси ҳуҷҷатсупурда «дар зоти худ танҳост» ва раҳбарияти шӯъба «бо кӯшиши зиёд одамон ёфта, ҷойҳои холиро пур мекунад», аз натиҷа ва самараи хуби аспирантура чӣ умед?
Аспиранти курси сеюми шӯъбаи рӯзона аз рӯйи ихтисоси педагогика Одинамоҳ Шарифова мегӯяд, ки мушкилот дар корашон зиёд аст. Ба аспирантон хароҷоти сафари хизматӣ намедиҳанд, барои дар маҷаллаи илмии Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа чоп кардани ҳар мақолаи илмӣ 100 сомонӣ супоридан лозим аст. Дар ҳоле ки аспирантҳо 117 сомонӣ идрорпулӣ мегиранд.
Мунира Акбарова – аспиранти курси сеюми шӯъбаи рӯзона, ихтисоси фалсафаи илм ва техника ба сӯҳбат ҳамроҳ шуда, афзуд, ки дар вақти имтиҳонсупорӣ ба кормандони худи донишгоҳ имтиёз дода мешавад. Тибқи супориши ректори қаблӣ бошад, «ягон нафар довталаб аз беруни донишгоҳ ба аспирантура қабул карда намешуд».
Ҳар сол ба ДДК аз ихтисосҳои гуногун ҳафт-ҳашт нафар ба кор меоянд ва табиист, ки на ҳамаи онҳо аз рӯйи панҷ ихтисоси аспирантурабуда кор мекунанд. Сифату самараи кор бошад, аз ҳамин шартҳо ва вазъи мавҷуда вобастагӣ дорад.
Собиқ декани факултаи физикаи ДДК (ҳоло мудири кафедраи физикаи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб), дотсент Абдусаттор Ғаффоров изҳор медорад: «Бо дилпурӣ гуфта метавонам, ки ягон муҳассили аспирантураи ДДК аспиранти воқеӣ нест, аз ягон нафарашон дар оянда олим намебарояд, ягон нафарашон ҳамчун аспирант мустақилона кор карда наметавонад. Имрӯз дар аспирантура хондану олиму олима шудан ба тиҷорат табдил ёфтааст. Кор ё нусхабардорист ё ба ивази маблағе аз номи олимшаванда навиштани рисолаи «илмӣ».
Аксарият иқроранд, ки ҳақ ба ҷониби устод аст. Яъне, шӯъбаҳои аспиратураи назди донишгоҳҳо вобаста ба зарурату талаботи замон довталаб намепазиранд, балки мисли аксари мактабҳои олӣ ҳар сол ба Вазорати маориф дар хусуси иҷрои нақшаи қабул ҳисобот медиҳанду халос. Мувофиқи ҳисобот соҳибунвонҳо фаровонанд, вале… Кӯ олиме?
Билоли Шамс