Эй бод, ки ҷон фидои пайғоми ту бод,
Гар баргузарӣ ба кӯйи он ҳурнажод,
Гӯ, дар сари роҳ Меҳситиро дидам,
К-аз орзуи ту ҷони ширин медод.
Бод ба дарё қисса мекард аз он айём, аз он даврон. Дарё шоҳид буд, огаҳ буд аз он шоираи ҳурнажоду сиҳиқомат, аз он хунёгари воломақому чашму абрӯсиёҳ ва лоларуху оташниҳод.
Аввало дарёи Сайҳун аз овои чанги ӯ огаҳӣ ёфт. Гоҳ-гоҳ аз дур садои чанги ӯро бод ба гӯши дарё меовард. Дарё аз овои чанг боз оромтар мешуд, вале дар дили худ ҳазор оҳанг, ҳазор мавҷу гирдобҳои ошиқона дошт…
«О, он дилбари чангзан кист, дар куҷост, чаро ба соҳили ман намеояд» - оҳ мекашид дарёи Сир.
Моҳи чордаҳ панҷа ба мавҷи дарё мезаду мегуфт:
«Он парӣ ҳамболи ман, ҳамсони ман аст. Бишнав, ба гӯшат бод чӣ мегӯяд:
Ҷоно, нафасе дур наӣ аз ёдам,
Дилтанг машав, гар зи ту дур афтодам,
Гар об шавад ҷаҳону оташ гирад,
Ман хок шавам, то ба ту орад бодам.
Соҳили дарё нур гирифт. Моҳи само хира шуд. Бод дар чанг домани он моҳлиқо мерақсид.
Ӯ чанг дар даст, дар соҳили дарё қадам мезад.
Дарё моҳи саморо дид, ки аз моҳи заминӣ шарм медошт.
«Маҳастӣ аз равшании ҷамол миннат бар сари моҳи чаҳордаҳрӯза мегузошт, қомати кашидааш раъно, талъати мавзунаш зебо, баданаш дар нармӣ ва латофат чун парниён, нозукҷисму борикмиён, қиёфааш форам, симояш дилпазир, мижгони дона-донаи дарозаш барои сайди дилҳо тирест дар камони абрувони кашида, каманди гесӯи хурмоирангаш сабр аз кафи ошиқон рабуда, чашмони чун наргис масташ зебо ва ҷалбкунанда, нигоҳаш ақлро баранда, табассумаш фиребанда, бориклабу ғунчадаҳан, карашмааш достон, ғамзааш офати ҷон, фиребу сайди аҳли назару доми роҳи ҷавону пир буд».
Он замон Маҳастӣ бист сол дошт.
Ӯ чанг дар бару оҳ дар дил ва ғазалҳои равон дар забон қад-қади соҳил қадам мезад.
Ин шабе буд, ки бояд ӯ зодгоҳашро тарк мегуфт. Бо модараш роҳ ҷониби шаҳри Ганҷа мегирифт.
Аз ин рӯ, мехост, сири дилашро ба дарёи Сир бигӯяд, бо моҳ ҳамроз шавад, ба бод ҳамнаво гардад…
Дарёи Сир ӯро гӯё бори аввал медид. Дарё ҳангоми наврасиаш гоҳ-гоҳ дар лаби дарё нишаста, дуру дароз ба оби ороми он дида дӯхтанашро ёд надошт.
Гӯё дар хоб буд. Охир, кӯдакони зиёде барои бозию оббозӣ ба ин ҷо меоянд, кадоми онҳоро метавон дар хотир гирифт?
Маҳастӣ панҷа ба чанг мезаду месуруд:
Дарёи сиришк дидаи пурнами мост
В-он бор, ки кӯҳ барнатобад, ғами мост.
Дар ҳасрати ҳамдаме бишуд умри азиз,
Мо дар ғами ҳамдамему ғам ҳамдами мост.
Дарё эҳсос кард, ки ин духтари моҳлиқоро дард гарон аст. Ва муҳри хомӯшӣ бар лаб заду оромии дили худро гум кард.
Маҳастӣ қадам мезад, кӯҳи Мевағул аз нури ӯ симин шуда буд. Дарё ба сони ашки ӯ софу беғубор менамуд..
Маҳастӣ чанг дар даст қадам мезад. Қадам мезаду месуруд, ба сони андалеб, ба сони булбуле, ки видоъ бо гул мекунад:
Дар доми ғами ту хастае нест чу ман
В-аз ҷабри ту дилшикастае нест чу ман.
Бархостагони ишқи ту бисёранд,
Лекин ба вафо нишастае нест чу ман.
О, Маҳастӣ чӣ қадар азоб дошт аз ҷудоӣ аз ватани бобоӣ. Охир, ин шаҳр бӯйи гаҳвораи ӯро дорад, ин соҳилу ин хиёбонҳо наврасии ин духтараки ҷингиламӯйро дар дили худ нақш кардаанд. Ин дарё ба бадани нозуку зебои ӯ панҷа задаст...
Бо падари тезҳушу меҳрубон ва ғамхораш чӣ қадар сайру гашт кардааст дар соҳилҳои ин дарё, дар боғу хиёбонҳои ин шаҳр…
Падар буд, ки ӯ ромишгар шуд, дар навохтани чангу уд мумтоз гардид. Падар буд, ки илмҳои замонаашро аз худ намуд, дар шеъру шоирӣ ва суханварӣ номвар шуд.
Ин шаҳри азиз, Тирози ҷаҳон бо меҳри худ, бо ёдҳои ширину диловези худ ӯро, ин духтари қадрасу соҳибистеъдодро раҳо намекард.
Мӯнисаи Хуҷандиро падар дар хурдиаш бо меҳр менигараду дар рӯяш моҳро мебинад ва мегӯяд: «Маҳ астӣ!»
Ӯ дар ҳамин шаҳр, дар ҳамин ҷо аллакай моҳи оламгир шуда буд. Номи Маҳастиро гирифта буд…
Аз ин рӯ, ба ёди падар месӯхту аз дилу ҷигар месуруд. Ва дар оғӯши ин шаҳр буданашро ба ёд оварда менолид:
Шабҳо, ки ба ноз бо ту хуфтам, ҳама рафт,
Дурҳо, ки ба нӯги мижа суфтам, ҳама рафт,
Ороми дилу мӯниси ҷонам будӣ,
Рафтию ҳар он чӣ бо ту гуфтам, ҳама рафт.
Маҳастӣ он шаб бо ашки чашмони шаҳлояш дар соҳили дарё шабнам рехт, дар само ситораҳо рӯйид аз ашки ӯ ва дарё лабрез гашт.
Бод нолид, моҳи чаҳордаҳ чеҳраи худро панҷа заду доғ гузошт.
Ӯ панҷа ба чанг мезаду ҷигарреш мехонд:
Ашкам зи ду дида муттасил меояд,
Аз баҳри ту, эй меҳргусил, меояд,
Зинҳор бидор ҳурмати ашки маро,
К-ин қофила аз каъбаи дил меояд.
Бод бо нойи худ ин рубоиро менавозад, моҳ панҷа ба рӯ мезанад,дарёи Сайҳун хун мегиряд.
Он шаби видоъ дарё яке хурӯшид, кӯҳи Мевағул ларзид, моҳ худро ба чоҳ андохт.
Дигар ягона пайғомрасон ба дарёи Сир ҳамин бод буду ҳамин Моҳ.
Ганҷаро бо сухану ҳунараш пурганҷ кард.
Ӯро Ганҷавӣ гуфтанд,
Ишқи Маҳастию Тоҷуддин Амир Аҳмад афсона шуд.
Ҳамаи инро бод ба гӯши дарёи Сир мегуфт.
Мегуфт, ки Маҳастӣ бо ақлу тамиз, бо шуҷоату ҳунари нотакрораш, бо шеъру суханвариаш ҳамаро қоил карда. Обу рӯйи ӯ ба авҷи Зуҳал расида. Ҳазор сахтию ранҷ дида. Фасли ишқи ӯ рашки сад қамару ҳазор Хуршед гардида. Ва беҳуда худи шоира нагуфта:
Ман Меҳситиям, аз ҳама хубон шуда тоқ,
Машҳур ба ҳусн дар Хуросону Ироқ,
Эй нури хатиби Ганҷа, аз баҳри худо
Магзор чунин бисӯзам аз дарди фироқ.
Ин ҷавоби Амир Аҳмад аст, ки ба ӯ гуфта:
Шӯрида дилам аз пайи зебосанаме рафт,
Бечора гадое, ки пайи муҳташаме рафт,
Гар номасиёҳам, чӣ гуноҳ аз тарафи ман?
Дар рӯзи азал бар сари ҳар кас қаламе рафт.
Боду Моҳ ба Сайҳун қиссаи Маҳастиро ҳар шаб, ҳар гоҳе ки хумори шеъру таронааш бигирад, ҳикоят мекунанд.
Вале дар ёду дар хаёли дарёи Сир ҳамон шаби видоъ, ҳамон Маҳастии моҳлиқои бистсола бо қоматим мавзуну бо чеҳраи хуршедӣ, бо чашму абрӯи сиёҳу мижгонҳои дароз-дароз, бо лоларухию бо овои чангу удаш мондааст. Барои Сир дигар Маҳастӣ мавҷуд нест. Дигар ба нақли бод эътимод надорад. Охир, бод мегӯяд, ки соли 1186 он Маҳастии зебо, хеле пир шуда, оламро падруд гуфт…
Не, Сир бовар надорад.
Моҳ дар дили Сир андар шиност. Бод қисса мегӯяд..
Дар овои чанг печида, садое ба гӯш мерасад.
Моро ба дами тир нигаҳ натвон дошт,
Дар ҳуҷраи дилгир нигаҳ натвон дошт,
Онро, ки сари зулф чу занҷир бувад,
Дар хона ба занҷир нигаҳ натвон дошт.
Яке аз дили моҳи чаҳордаҳ ба соҳил Маҳастии 20-сола мефарояд. Дар гирди доманаш бод рақс дорад, ситораҳо пош мехуранд.
Ӯ панҷа ба чанг мезанаду мехонад:
Ҳарчанд чу хоки роҳ хорам гирӣ,
Хоки туам, арчи хоксорам гирӣ,
Дар баҳри ғамам зи ашк, шояд ки ба лутф
Наздики лаб оӣ, ба канорам гирӣ...
Дар симои Маҳастӣ мо Фарзонаро ёфтем, дидем, ки дар соҳили Сир ғазал мегуфт, дурру гуҳар месуфт...
Маҳастӣ боз омадааст.
Сир медонад, Моҳ шоҳид, Бод қосид
Биёмад то дари он хайма ногоҳ,
Ки Маҳситтӣ дар он ҷо буд бо моҳ…
Дарёи Сир дар ин шаби маҳтобӣ олудаи шир равон асту равон…
Шаҳобиддини Ҳақназар