Маҳсулоти зарурӣ:
Тухм - 2 дона;
Қаймоқ (эронӣ) - 1 дона;
Маводи ковоккунанда - 1 дона;
Об – 0,5 истакон;
Орд –то сахт шудани хамир;
Гашнич, шибит, райҳон, пудина, пиёз, равғани гӯсфанд
Тарзи таҳия:
Тухм, қаймоқ, об ва ордро ба ҳам омехта, рӯи он маводи ковоккунанда мерезем ва то сахт шудан хамир мешӯрем, Сипас, онро 20 дақиқа дам медиҳем.
Гашнич, шибит, райҳон, пудина ва пиёзро реза карда, равғани гӯсфандро ба он илова менамоем. Зуволаро ду тақсим карда, яктоашро дар тобаи тафдон тунук карда, кабудиҳои резашударо рӯи он тунук менамоем. Зуволаи дуюмро тунук ва ба болояш мегузорем ва мувофиқи завқ рӯи онро оро медиҳем.