Сайёҳӣ аз шумори соҳаҳоест, ки рушду нумӯи он ба пешрафти иқтисоди кишвар ва некуаҳволии мардум мусоидат менамояд. Ин аст, ки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафти ин соҳаи ниҳоят муҳим таваҷҷуҳи хосса доранд. Қабули Қонун «Дар бораи сайёҳӣ» ва дигар санадҳо, эълон гардидани «Соли рушди сайёҳӣ» ва ташвиқу тарғиби ин соҳа дар расонаҳо аз зумраи ташаббусҳоест, ки дар чанд соли охир диққати гардишгарони хориҷию дохилиро ба кишвари офтобии тоҷик ҷалб намудааст.
Тоҷикистонро, ки аз нигоҳи табиат, обу ҳаво, таърих ва фарҳанг чун кишвари сайёҳӣ метавон тавсиф намуд, пас чӣ мушкиле метавонад садди рушди ин соҳа бошад? Гирди ин мавзуъ бо чанд нафар мутахассисони соҳа, роҳбарони ширкатҳои сайёҳӣ ва гардишгарони хориҷию дохилӣ суҳбат доштем, ки фишурдаи он пешкаши хонанда мегардад.
Роҳбари ширкати сайёҳии «Ҷавоҳирсайр» Умеда Қурбонбекова донандаи хуби забонҳои русӣ, англисӣ ва фаронсавӣ буда, 23 сол аст, ки дар самти сайёҳӣ фаъолият дорад. Ба гуфтаи ӯ ҳамкорӣ бо ширкатҳои хориҷии сайёҳӣ ва омӯзишҳои пайдарпай барояш имкон дод, ки дар ин соҳа пирӯз шавад.
- Таҳияи барномаҳои сайёҳии ширкатро худам ба уҳда дорам. ҶДММ «Ҷавоҳирсайр», ки аслан дар фасли тобистон мавсими кориаш оғоз меёбад, аксаран сайёҳонро роҳбаладӣ менамоям. Аз он ки таҳсилдидаи факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳастам, омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар ин ҷода ёварам гашт. Дар баробари ин ҷавононе, ки ба фаъолияти сайёҳӣ рағбат доранд, дар бораи сирри муваффақияти соҳа дарсҳои омӯзишӣ мегузаронам. Он чизе, ки омӯхт, ба дигарон бояд омӯзонд, - иброз медорад Умеда.
Ӯ мегӯяд, ки сайёҳӣ, агарчи таърихи куҳан дошта бошад ҳам, дар кишвар соҳаи нав аст ва ба равнақ ёфтан ниёз дорад. Сайёҳӣ соҳаи сердаромад буда, бо пешрафти он буҷети давлат ғанӣ гашта, сатҳи зиндагии мардуми деҳот, бахусус аҳолии кӯҳистон хуб хоҳад шуд. Ҳамчунин, ба ин васила таъриху фарҳанги миллат ба ҷаҳониён муаррифӣ мегардад.
- Ҳадаф аз роҳандозии барномаҳои сайёҳӣ ин аст, ки тавассути тарғибу ташвиқи фарҳангу таърих ва табиати зебои кишвар ҷалб намудани хориҷиён ба сарзамини тоҷикон, бо ҷойи корӣ таъмин кардани аҳолӣ, бахусус, ҷавонони рағбатдошта ба соҳаи сайёҳӣ дастгирӣ шаванд. Тариқи барнома ба гурӯҳҳо маркетинги соҳа, одоби муошират, пазандагӣ (зеро дар кӯҳ нисбат ба пастиҳо санъати хӯрокпазӣ ба куллӣ фарқ дорад) ва ҳатто ронандагӣ омӯзонда мешаванд.
Барои ҷалби сайёҳон ба кишвар норасоии мутахассиси соҳа мушкили асосӣ мебошад. Ширкатҳои сайёҳӣ сол аз сол зиёд шуда истодаанд, вале дарёфти мутахассиси самти гардишгарӣ, бахусус роҳбалади касбӣ дар соҳаи сайёҳӣ ангуштшумор аст.
Вақте сайёҳ вориди Тоҷикистон мешавад, роҳбалади соҳибтаҷриба метавонад ӯро бо таъриху тамаддун, урфу одати миллат ва зебоиҳои нотак¬рори тоҷикон ошно созад. Мутаассифона, аксаран роҳбаладон бо донистани забони хориҷӣ иктифо мекунанд ва аз таърихи миллат бехабаранд. Роҳбаладро зарур аст, ки дар баробари донистани забонҳои хориҷӣ, ҳамчунин ҷуғрофия, таъриху фарҳанг, одоби муоширатро хуб аз худ намояд. Дар ин сурат гардишгар бо хотираҳои хуб ба ватан баргашта, оянда боз ба Тоҷикистон дар ҷалб намудани сайёҳони дигар мусоидат менамояд, - иброз медорад ҳамсуҳбатам.
Умеда Қурбонбекова бо сипосгузорӣ мегӯяд, ки таваҷҷуҳ ба соҳа сол ба сол беҳ мегардад ва сайёҳиро, ки як самти даромади кишвар аст, ин меҳварро бо ҳавасмандкунии ҷавонони соҳибзавқ гардон бояд намуд.
- Таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар ва Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи сайёҳӣ зиёд аст. Гувоҳи ин гуфтаҳо афзоиши шумораи сайёҳони ба Тоҷикистон воридшудаи 1 млн 27 ҳазору 644 нафар мебошад. Кумита бо ташкил додани гурӯҳҳои корӣ сари ҳар вақт аз меҳмонхонаҳо ва мотелҳо (меҳмонхонаҳое, ки сохибмулкон барои сайёҳон ба истифода додаанд), осоишгоҳҳо, пойгоҳҳои сайёҳӣ, марказҳои солимгардонӣ ва истироҳатӣ дидан намуда, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронад, - меафзояд Зуҳро Сандалова, сармутахассиси бахши котиботи Кумитаи сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба қавли он ҷониб ба роҳ мондани инфрасохтори дурусти соҳа яке аз василаҳои ҷалби гардишгарон аст, ки на дар ҳама ҷо ин чиз дида мешавад. Бахусус, ба истифода додани мотелҳо аз ҷониби соҳибхонаҳо дар мавзеъҳои кӯҳӣ ба талаботи сайёҳ чандон ҷавобгӯ нест. Ва эродҳо ҳам буданд, ки барои сайёҳ шароити мувофиқ барои зиндагӣ фароҳам нашудааст.
Аз ин хотир, пешниҳод доштам, ки соҳибхонаҳо аз ҳисоби даромад аз қабули сайёҳон шароити хуби зист барои меҳмонон муҳайё созанд. Ҳамчунин, ба онҳое иҷозати мотел доштанро диҳанд, ки хонавода ҳунарманд бошад. Дар баробари хизматрасонӣ ба сайёҳ, инчунин гардишгарро бо ҳунарҳои миллӣ ошно созад. Харидории сайёҳ аз армуғонҳои дастӣ ба манфиати соҳибхона буда, тариқи гардишгар ҳунари мардумӣ берун аз кишвар муаррифӣ мегардад.
– Вақте кас сафардида мешавад, баьд камбудиҳоро эхсос мекунад. Аз хотираҳои худ, ки дар кишвари Эрон доштам, зиёд ёдовар мешавам. Дар як лаҳзаи чойнӯшӣ дар меҳмонхона намояндаи он дар бораи меҳмонхона рӯи чанд варақ маълумот пешниҳод намуд. Сипас навиштаҳоро ҳамчун туҳфа дода, таъкид кард, то инро барои дигар дӯстони тоҷикистонӣ расонам. Агар мабодо озими Эрон шаванд, ҳатман аз меҳмонхонаи мазкур дидан намояд. Ин ҷо медидам, ки роҳбаладон бо забондониашон ва волоияти санъати суханварӣ сайёҳро мафтун карданд. Онҳо аз таъриху фарҳанги хеш, урфу одати мардуми ориёӣ бо ҳарорат ҳарф мезаданд… Миллати тоҷик бойтарин таъриху фарҳангро дорост, фақат онро муаррифӣ кардан зарур асту халос, - мегӯяд Зуҳробону.
Муҳаммадҷон Эраҷ, ки роҳбарии пойгоҳи кӯҳнавардию сайёҳии «Артуч»- ро ба уҳда дорад, роҷеъ ба ин мавзуъ афзуд:
- Маҳз бо дастурҳои пайдарпайи Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди соҳаи сайёҳӣ сол аз сол назаррас гардидааст. Воқеан, Тоҷикистон имконияти бештаре дар рушди ин соҳаро молик аст. Фақат бо бартараф шудани камбудиҳо метавонем ба ҳадафи аслӣ бирасем. Бовар дорам, ки бо такмил ёфтани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ», роҳандозӣ намудани нақша – чорабиниҳо барои рушди соҳа, барқарор кардани ёдгориҳои таърихӣ, ки аллакай агентии махсус дар ин самт ба фаъолият шуруъ кардааст ва омода намудани мутахассисони сатҳи байналмилалӣ дар ҷодаи сайёҳӣ ҳамаи мушкилиҳо ҳалли худро меёбанд.
Ширкати сайёҳии мо низ тасмим гирифтааст, то дар чорабиниҳои байналмилалии сайёҳӣ, ки дар кишварҳои бузург: Россия, Англия ва Япония баргузор мешаваyд, намояндагони худро фиристад. Ҳамчунин, гурӯҳи корӣ дар ҳамкорӣ бо мутахассисони таҷ¬рибадори ширкатҳои сайёҳии кишварҳои хориҷ нақшаи сайёҳӣ таъсис дода мешавад, ки барои пешрафти ин соҳа мусоидат хоҳад намуд.
Пешниҳод дорам, ки бо ширкатҳои сайёҳии Аврупо, Россия, Кореяи Ҷанубӣ ҳамкориро дар ташкили хатсайрҳо бештар роҳандозӣ намоем, то рафтуомади гардишгарони хориҷӣ биафзояд.
Қутбия НЕЪМАТУЛЛО