Шояд аз ин хотир буд, ки дили худро дар қиёс бо қурбониҳои миллат кӯчак пиндоштам? Шояд, аммо бори аввал эҳсос мекунам, ки то ҳанӯз рӯзи мурдани диламро ёд надорам. Вақте ба худ омадам, дер шуда буд, дигар ин қалб мурда буд, садоям намекард, туғёне надошт. Намедонам. Вале ҳайф шуд…
Ҳамчунин дилеро Худованд кам меофарад. Зарфияти дӯстдоштанро дошт, ҳамрози аҳли муҳаббат буд, ҳамроҳашон аз шодӣ механдид ва гоҳе ҳам аз дурии ёр шабеҳи абри пойиз гиря мекард. Рози даҳҳо дилро шунуда ва боре ҳам ҳарфе аз худ бурун наоварда буд, зеро худ низ розҳои нуҳуфта ва хабар аз дуриву фироқ дошт…
Маҳбубе дар умқи андешаҳоям русух кард. Тапише дар қалб эҳсос намудам. Дил ба оҳистагӣ, вале бо хости Ту зинда шуд. Муҳаббат офаридаи туст. Нагзоштӣ диле бимирад. Дил, ки моли туст!
Ӯ бошад, ба тадриҷ, гӯиё дониста ва барнома рехта, зиндагии якрангамро ба ҳам рехт. Дилам дорад шодиву нишот ва дар лаҳазоти фироқ гиря карданро меомӯзад. Аҷаб хуш аст эҳсоси зинда будан!
Дигар ҷуз ӯ касеро надорам, Худоё, маро бубахш, вале дар торикии шаб ва умқи андешаҳоям танҳо ӯро аз Ту мехоҳам. Ёдаш шабу рӯзамро ба ҳам задааст. Дигар барои ӯ мезиям. Пас ин эҳёро нигаҳ дор, ё ба хотири ҳар ду ва ё барои хушбахтии яке!
ФАРУХРӮЗ