Директори телевизиони «Сафина» Лутфулло Давлатов: – Ин як падидаи нав аст. «Лаззат» танҳо як номи оддӣ нест. Тамошобини мо аз ин намоиш ҳам аз сӯҳбатҳои ҳунармандон, умуман иштирокдорон лаззат мебардораду ҳам аз таҳияи хӯрокҳои нав иттилоъ меёбад.
Дар саҳна, дар кор, дар хонаву ошхона:
Малика Ҷӯрабекова –ҳунарманд: –Ман ҳунарманд, таҳиягар, драматург, нависанда, тарҷумон, муаллимаву олима ҳастам, аммо бовар кунед, ки аз рӯйи ҳамин барномаи «Лаззат» дар миёни мардум машҳуртар шудам, яъне бо палови самарқандии худ. Ин ду сол пештар буд, аммо то ҳоло дар кӯчаҳо мардум аз ман дар бораи ҳамон палови пухтаам мепурсанд.
– Бо ин қадар вазифаву масъулият шумо фурсати дар ошхона буданро доред?
– Аслан ман пухтупазро дӯст медорам ва барои бонувон як чизро гуфтаниям, ки фаромӯш насозед хӯроки бомазза барои мард хеле муҳим аст. Модари ман ҳамеша мегуфтанд, ки ҳусн ва меҳр аз даҳон медарояд.
Ширинмоҳ Ниҳолова-овозхон: – Аввалин иштирокчӣ дар аввалин барномаи «Лаззат» ман будам. Хушҳолам, ки ин барномаи телевизионӣ тавонист, ки имрӯз бори дигар моро сарҷамъ орад.
– Тахмин мекунам, ки Шумо ширчой пухта будед?
– Ҳам ширчой ва боз чанд ғизои дигар.
– Дар хондонатон пухтупаз ба дӯши кист?
– Ман пештар чун фурсат надоштам дар хона камтар ба пухтупаз машғул мешудам. Духтарам ва гоҳ-гоҳе шавҳарам хӯрокро омода мекарданд. Ҳоло бештар худам хӯрок мепазам.
– Бомазза мепухтагистед?
– Намедонам бомазза аст ё не, аммо чунин андеша дорам, ки табъи болидаи аҳли оилаам аз хӯроки пешниҳодкардаи ман низ сахт вобастагӣ дорад.
Сабоҳат Наҷмиддинова –ҳунарманд
– Медонам, ки бо духтаронатон дар ин барнома иштирок кардед, ин ба хотири чӣ буд, рекламаи духтаронатон ё …?
– Не, Аслан чунин нест. Алаккай 3 ё 4 сол мешавад ки духтарони ман дар пухтупаз бароям кӯмак мекунанд ва одат кардам , ки ҳамеша бо ёрдами онҳо хӯрок пазам.Аз ин хотир нахостам духтаронам хафа шаванд, ки дар хона мо якҷоя мепазему ба намоиш танҳо худам мебароям.
– Медонед, ки ин барнома боз як сирри дигар дорад. Аксаран мардум фикр мекунанд, ки ҳунармандон…
– Беҳунаранд-а? Бале, чунин фикр ҳам ҳаст . Ҳатто ба ман гуфтанд ки аз тарзи пиёз реза кардани Шумо фаҳмидем, ки хӯрок пухта метавонистаед.Дидед, чӣ қадар аҳамият медиҳанд.Бовар кунед, ки ҳунармандон дар ошхона низ боҳунаранд.
Афзалшоҳи Шодӣ-ҳунарманд:–Ин аз беҳтарин барномаҳо аст, ки тариқи «Сафина» пешниҳод мешавад. Бигзор барномаҳое, ки барои мардум фоида мебахшанд ва аз тамошояш лаззат мебардоранд, бештар бошад.
– Ҳамон кабоби пухтаи Шумо, ба фикрам, аз хотири тамошобинон нарафта…
– Ин кабоби «Афзалшоҳ» ном дорад. Чунки онро танҳо ман метавонам бо нозукиҳояш пазам.
– Дар хона низ мепазед?
– Бале, ҳафтае як маротиба ҳамин кабоби «Афзалшоҳ»-ро мепазам. Пухтани онро дӯст медорам. Маззаи хӯроки пухтаи ман аз хӯроки пухтаи ҳамсарам фарқ дорад.
– Яъне гуфтаниед, ки Шумо бомаззатар мепазед?
– Баъзан ман бомаззатар мепазам….
Меҳринигори Рустам-овозхон:–Ман ба хотири иштирок кардан дар ин барнома ду рӯз дар тарабхонаи «Мерве» ба ҳайси шогирд кор кардам ва понздаҳ питса пухтам. Баъдан ба намоишнома омада, тарзи тайёр кардани питсаро нишон додам.Хайрият, ки аз ӯҳдааш баромадам. Асосан дар хона модарам пухтупаз мекунанд, чунки айни замон ман ба омӯзиш банд ҳастам.
Рустам Исоев-овозхон: Мардон агар ба хӯрокпазӣ дароянд, бовар кунед, ки аз занҳо дида лазизтар мепазанд.
Инҳо ҳунарманданд, аммо…на дар ошхона…
Қиёмиддин Чақалов –ҳунарманд:– Ман умуман хӯрок напухтаам ва намепазам.
– Чаро?
– Агар ягон чиз пазам. бояд танҳо худам хӯрам, чунки дигарон ба дарди шикам гирифтор хоханд шуд.
– Яъне иқрор ҳастед, ки наметавонед?
– Бале, хӯрокпазӣ аслан осон нест.Хӯрок бояд бомазза бошад. Инсон бе хӯроки лазиз сиҳат нест, аз ин рӯ ба хотири саломатӣ бояд, ки хӯрокҳои бомазза хӯрем.
Ҳар чӣ мешавад бамазза,
Ба шарте, ки бипаза.
Қурбони Собир – ҳунарманд: –Ман аввалин маротиба танҳо ҳангоми сабти намоиши «Лаззат» ба даст кафгир гирифтаву чизе пухтаам, аммо намедонам, ки чӣ. Чунки ман танҳо набудам ва он ҷо ёрдамчӣ доштам. Ширинмоҳ Ниҳолова кӯмакам кард, аслан он хӯрокро ӯ пухт. Дар хона хонуме дорам, ки бисёр болаззат мепазад ва ҳоҷат ба ман нест ва орзу мекунам, ки Худованд ҳаргиз ба мо ҳоҷат наафтад.
Фурқати Саид – ҳунарманд: –Дар ин барнома иштирок доштам, аммо чи пухта будем , намедонам.
– Пас чӣ гуна пухта будед, ки намедонед?
– Росташро гӯям, ману Аловиддин сӯҳбат мекардему Фароғат мепухт. Баъд аз тайёр шудан ҳамроҳ онро хӯрдем.
– Маъқул шуд , ё…?
– Он чӣ ҳамсарам мепазад, бомазза аст. Аз ин зиёд таъриф намекунам.
– Дар хона хӯрок мепазед?
– Не, росташро гӯям, наметавонам.
Устоди ҳунар Ҷӯрабеки Мурод:– Чун номаш Лаззат аст мехостам, ки мардум аз дидани он лаззат баранд.
– Шумо пухтупаз кардаед ё…?
– Чаро танҳо зан, мардон низ бояд, ки хӯрок пазанд. Ман бисёр мехоҳам, ки чизе пазам, аммо аз аввал намемонданд ва имрӯз низ намемонанд.
Моҳшарифи ХОЛИҚ