Муаррифӣ:
Умеда Раҳимова соли 2000 ум литсеи рақами 40 – и шаҳри Сарбандро хатм намуд.
Фориғултаҳсили донишкадаи санъат…ба номи М. Турсунзода.
Аспиранти соли дувуми ҳамин донишкада.
Кори дипломиашро таҳти роҳбарии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Шералӣ Абдулқайсов анҷом дода, ҳамзамон дар он ду нақш – Зулфия (мусбат) ва Лутфия (манфӣ) ро офаридааст.
Фаъолияти кориаш дар Театри академӣ – драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ соли 2008 оғоз шудааст.
Дар намоишномаи «Ғирев» - и коргардон Ш. Абдулқайсов нақши набераи пиразани нобино ва дар спектакли «Шов–шов», ки ба қалами Низом Қосим ва Ҷумъа Қуддус тааллуқ дорад, нақши марказӣ, яъне Заррагулро мебозад.
Катрин яке аз нақшҳои марказӣ дар намоишномаи «Ориёӣ» мебошад. Назари коршиносон бар ин аст, ки Умеда дар иҷрои ин нақш муваффақ аст.
Ориёӣ
Мавсими нави театрии муассисаи давлатии Театри академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ бо намоишномаи «Ориёӣ» ифтитоҳ гардид. Ҷойи тазаккур аст, ки нахустин маротиба дар бораи разведчики Шӯравӣ дар Олмон – Раҳим Бурҳонов, фарзанди шоири асри 19 тоҷик- Мунзим асари саҳнавӣ бо қалами Сафармуҳаммад Аюбӣ эҷод шуда, онро ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Хушназар Майбалиев таҳия ва коргардон, ҳунарпешаи халқӣ Шералӣ Абдулқайсов ба саҳна гузоштааст. Масъули мусиқӣ Далер Назаров мебошад. Дар нақшҳои марказӣ, яъне Ориёӣ, ҳунарманди ҷавон-Абдукарим Машрабов ва Катрин – Умеда Раҳимова. Писари Мунзим– Раҳим Бурҳонов ҳамроҳи фарзанди амир Олимхон ва боз наздик ба 50 нафар ҷавонони дигар дар ибтидои қарни 20- ум барои таҳсил ба Олмон мераванд. Раҳим Бурҳонов донишгоҳро бо муваффақият хатм карда, бо шеваҳои музофотҳои мухталифи Олмон ба роҳатӣ ҳарф мезанад. Оғози ҷанги дувуми ҷаҳонӣ сабаб мешаваду Раҳим Бурҳоновро ҳамчун ҷосус (разведкачии) ба Олмон мефиристанд. ӯ баъд аз супурдани имтиҳонҳои сангин дар озмуни эъломшуда, аз суйи Гестапо ҳамчун котиб дар ситоди Ҳитлер ба кор пазируфта мешавад.
Тибқи намоишномаи Сафармуҳаммад Аюбӣ тоҷикписар дар ситоди Ҳитлер хизмат мекунад ва бо донишу рафтораш ба боварии роҳбарияти низомии фашистӣ сазовор шудааст. Баъд аз ба ҳуҷум гузаштани лашкари шӯравӣ ва ақибнишинӣ кардани неруҳои фашистӣ Верлгоф – донишманди Олмон заҳреро кашф карда, аз таъсир ва роҳҳои истифодаи он ба Ҳитлер хабар медиҳад. Тибқи нақша бояд ин заҳр дар ақибгоҳи лашкари сурх, дар Осиёи Марказӣ ва махсусан дар рӯдхонаҳои кӯҳии Тоҷикистон истифода мешуд. Агар ин заҳр бо об омехта шавад, баъд аз истемоли он мардуми минтақа пурра аз байн мераванд. Ин заҳр дар давоми ду соат хунро дар шарён ях баста, одамро мекушад.
Катрин – олмонидухтарест, ки дар ситоди Ҳитлер хизмат мекунад. ӯ Ориёӣ, яъне Ҳерхардро дӯст медорад. Ҳитлер ба Катрин эътимоди хосса дорад ва барномаи пиёда кардани нақшаи Верлгоф дар дасти ӯ низ ҳаст. Ҳерхард ва Катрин шаберо бо ҳам мегузаронанд ва баъд аз хоб рафтани Катрин Ориёӣ бо нақшаи фашистӣ ошно мешаваду аз он бевосита худи Сталинро огоҳ менамояд. Катрин аз ҳодиса хабардор шуда, ба қавле миёни «обу оташ» мемонад. Аз як тараф, барои ифшо шудани сирри ҳарбӣ дар ҳолати накушодани номи ҷосус ӯро метавонанд қатл кунанд. Аз ҷониби дигар сирри муҳими ҳарбиро ҷавони дӯстдоштаи ӯ – Ҳерхард, яъне разведкачии Иттиҳоди Шӯравӣ ифшо кардаасту ҳар лаҳза метавонанд ӯро низ ба қатл бирасонанд. Дар ин бахши намоишнома байни Катрин ва Ориёӣ баҳси шадид сурат мегирад. Катрин бояд интихоб кунад, ё асрори дилдодаашро ба Ҳитлер бигӯяду ба Олмони фашистӣ содиқ бимонад, ё ба хотири ҳифзи муҳаббат тарки ватан намояд. Катрин баъд аз андешаи зиёд таппончаро ба замин партофта, маҳбуби худро ба оғӯш мегирад…
Ба хотири пешгирӣ намудани қатл, бо ибтикори Сталин таҳти роҳбарии Берия Ориёӣ ва Катрин аз Олмон ба Маскав оварда мешаванду нақшаи куштори мардуми Осиёи Марказӣ аз байн меравад. Сталин ин ду ҷавонро дар дафтари кории худ пазируфта, Ориёӣ ва Катринро барои хидматҳои шоён бо орден мушарраф мегардонад ва дастур медиҳад, ки барои домоду арӯс дар шаҳрҳои Маскав ва Бухоро манзили зист таҳия намоянд.
Ғайриинтизор мулоқоти мо бо Умеда баъд аз чанд ҳафта баргузор гардид, зеро ӯ бо оғоз гардидани мавсими нави театрӣ хеле серкор аст. Вале самимияти сӯҳбат интизориҳоро ҷуброн кард. Қатъият ва талошҳои ҳунарманди ҷавон ба дил умед мебахшад. Дунёи ҷустаашро пайдо кардаву дар он эҷод менамояд, ҷойе дар офаридани нақш муваффақ ҳасту ҷойе аз кӯмаки ҳамкорон сипос мегузорад. «Замони донишҷӯӣ мегуфтанд, ки пушти пардаҳои театр бухл асту кина, ҳасад ҳасту макр, аммо на инро дидаму на онро. Ҳунармандони шинохтаи театр дар эҷоди нақшҳо мадад мерасонанду агар мушкиле дошта бошем (ҳатто молӣ), дар ҳама ҳолат дастгирӣ менамоянд», - мегӯяд Умеда.
Умеда:
Духтари ягонаи хона, панҷ бародар дорад.
Варзишро дӯст дошта, аз хурдӣ баскетбол ва тэквандоро интихоб намудааст.
Кадбонуи хуб буда, ғизои дӯстдоштааш манту аст.
Ҳанӯз ошиқ нашудаасту андеша дорад, ки духтар бояд аввал дониш андӯхта, соҳибкасб шавад ва баъдан издивоҷ кунад.
Парвариши гулро дӯст медорад.
Дар вақтҳои холӣ хондани китоб ва тамошо кардани филмҳоро хуш дорад.
Нависандаҳои дӯстдоштааш Марк Твен, Чингиз Айтматов ва Шераки Ориён.
Барои иҷро кардани нақши Катрин филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор» - ро дида, тарзи рафтору гуфтори бонувони низомии замони Ҳитлерро омӯхт.
Ба хориҷ аз кишвар ҳанӯз сафари ҳунарӣ накардааст.
Дӯстони зиёд дошта, одами наздиктарин модарашро мехонад.
Орзуи таъсис додани киностудияи кӯчакеро дар дил мепарварад.
Дар ояндаи наздик нияти дастрас намудани асарҳои файласуфи ҳинд – Ошоро дорад.
Умед аз Умеда
Театр ҳам мисли дигар тахассусҳо роҳҳои нишебу фароз дорад. Гоҳо коре даст медиҳаду гоҳе ҳам инсон дилшикаста мешавад. Аммо тайи қарни гузашта ҳунармандони тоҷик тавонистанд кишварро дар хориҷ ба хубӣ муаррифӣ намоянду ба дили бинандаи дохил ҳам роҳ ёбанд. Умеда навгом аст, вале қадамҳову иродаи қавӣ дорад. Чеҳраи оромаш аз неруи ботин шаҳодат медиҳад. Феълан дар намоишномаи «Дувалронӣ ва Хизрхон» нақши марказӣ, яъне нақши ҳиндудухтареро мебозад, ки новобаста ба монеаҳои динӣ мусалмонписареро дӯст медорад.
Се соли фаъолият дар театр барои шинохта шудани як ҳунарманд муддати кӯтоҳест, аммо истеъдод ва заҳмати шаборӯзӣ натиҷаи мусбат ба бор меоваранд.Умед аст, ки Умеда бо кӯмаки устодаш – Шералӣ Абдулқайсов аз ӯҳдаи иҷрои он мебарояд ва баъди анҷоми ҳар намоиш бо домони пур аз гул аз назди тамошобин ба хона хоҳад баргашт.
Ф.Сабзқадам