19

Мая, 2025
Душанбе

19

Мая, 2025
Душанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

ЗАНГӮЛАИ ВАҲДАТ

 (Мулоҳизае аз боби Ваҳдат ва нақши Пешвои миллат)


Bonu 12_2019__10302263_opt    Ваҳдат арзишмандтарин зуҳуротест, ки тамоми қишрҳои ҷомеаро дар асосҳои ихтиёрӣ фаро мегирад. Низоми ақидавӣ бувад ва гуфтору амал. Яъне, баргузидаи умум аст ва равандест мудому якмаром бар суди аъзои ҷомеа. Дар ин замина ба равнақи иқтисод, иҷтимоъ ва фарҳангу ормонҳои миллӣ шароит фароҳам мешавад. Аз онҳо бартар истиқлолу соҳибихтиёрии давлат ва мухторияти тафаккури узви ҷомеаро муҳайё месозад. Ва дар хостаҳои беҳтарини ҳар фард, ки бартар аст аз нотавониҳои сиёсӣ, фарҳангӣ, заъфи ахлоқ ва дар муқовимат бо нафси бад шакл мегирад.

    Ҳарчанд каму костиҳо ва амалҳои номатлуб ба мушоҳида мерасанд, вале на манзараи умумист, ки дар бадгӯии тоифаҳо ва одамони нокому моҷароҷӯй ва рақибони давлату миллат ба сурати дигар инъикосу маънидод мешаванд. Дар ин раванд муддаиён ҳич қиёс аз замони ноамну нифоқ ва талафоти ҷонсӯзи миллат намегиранд. Ва боз дар даврони пуртаҳлукаи ҷаҳонишавӣ, ки хавф бар давлатҳои камнуфуз афзоиш дорад.

    Дар ин раванд ҳамдилӣ ҳамчун рукни Ваҳдат пазируфта мешавад, зеро Тоҷикистонро мардумони гуногунзабону гуногунмиллат бунёд мекунанд. Яъне, кулли шаҳрвандон як мақсаду маром доранд: бунёди Тоҷикистони навини устувор ва тобовар ба ҳамлаҳои рақибони берунӣ.

    Замоне ҳамаро дар хуну пӯсти хеш таҷриба кардем. Ноогоҳии аксари беғараз, фиребу найранги доираи судҷӯй Тоҷикистони навистиқлолро ба гирдоби нобудӣ кашида буд. Дар мавриди ҳаводиси он овон зиёд навиштаанд. Бо пошхӯрии империяи муқтадири Шуравӣ идеология тағйир хӯрд ва фазои холии ғоявӣ ба вуҷуд омад. Зиёиёни дунявиандеши ба авзо ноозмуда натавонистанд ғояи ҳамагире барои ҷомеа пешниҳод намоянд. Ҳамагӣ ба ҳавобаландӣ (амбитсия)-ҳое сару кор гирифтанд, ки бештар хосияти миллатгароӣ дошт, на ифтихору садоқат ба миллат ва бунёди ҷомеаи дархӯри замон. Онҳо аз тафаккури замон қафо монда буданд ва иллатҳояшон хомии сиёсӣ, тангназарӣ, эҳтиёҷи моддӣ ва беҷуръатӣ буд.

    Дар ин ҳол руҳониёни мусаллаҳ бо нақшаи аз берун тарҳрезишуда пештоз ва тавонистанд роҳбариро ба даст бигиранд. Ва ғояи ба шароити кишвар номувофиқу номатлубро густариш доданд, ки Тоҷикистонро пора кард. Авзо хатарбор шуд. Сиголиши мазҳабӣ дар раванди муқовимат бо ғояҳои коммунистӣ мавқеи шадидро баргузид, ки тарқишҳои ҷомеаро бештар ва таркишро суръат бахшид. Коммунистон ва дар ин раванд муаллимону минтақаҳои паҳновартар ба куфру бидъат гунаҳкор шуданд, ки ҷомеаи мамлакатро комилан қисмат кард.

    Миллат дар ҳоле буд, ки навиштаи Салвиани Румиро пеши назар меовард: «Шаҳрванде дигарашро дӯст надорад. Ҳама аз ҳам дуранд ва ҷудо, агар ба манзил набошанд ба дил, агар ба хона набошанд ба андеша. Ин иллат хуб буд, агар шаҳрвандонро домангир будӣ. Бади бад аст, ки решаҳои таборӣ аз миён рафта, киро бахт насиб гардида, ки ба дигарон онро тақозо кунад? Фаровонанд ба ин иллати мудҳиш гирифторон, ки саодати хешро дар бадбахтии дигарон мебинанд.»

    Аз тафаккури бегонапарастӣ бародар ба бародар душман шуд. Ислоҳи андеша дар тақдири зиндагисози мардум аз эътибор уфтод. Фоҷиаи миллат рух намуд. Тоҷикистон хонаи бузурги пурмоҷаро ва оташгирифтаро мемонд. Дар миён неруҳои манфиатҷӯи хориҷӣ ба алангаи оташ равған мерехтанд…

    Бо имзои Созишномаи истиқрори сулҳ ва соз­гории миллӣ, ки дар илми ҷомеашиносӣ ҳамчун мақулаи воҳид – Ваҳдати миллӣ ворид гардид, аз низоъҳои дохилӣ, тафриқаи андеша, марги фарзандон, муҳоҷирати иҷборӣ ва қаҳтию нобасомониҳои рӯзгор ба рӯзҳои нек расидем. Ва ҳосили амал пирӯзии халқи тоҷик бо сиёсати раҳнамунсози Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Дар байни сиёсатмадорону роҳбарони вақт ӯ калиди қуфли саодати халқро дарёфт. Низоъҳоро барҳам зад, дӯсту бародарро шинохт ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ шиносонд. Ҳама дӯсташ доштанд. Аз хурд то бузург. Ва дар таъриху адабиёт аз сиёсати сулҳҷӯёнаи халқи тоҷик ва Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тоза боз шуд.

    Шоири шаҳир Гулназар рӯзи баргашти Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмонро пас аз имзои Созишномаи сулҳ, соати чори субҳ, 28 июни соли 1997 хеле ҷолиб тасвир намудаанд:

    Сапеда медамид аз Шарқ,

    Вале ҳар фард роҳи Ғарб мепоид…

    Чаро ки мардум муждаи наҷотро аз Маскав бо марди ноҷӣ – Эмомалӣ Раҳмон мепоиданд. Модари ду фарзанд гумкарда гирёну нолон ба ӯ муроҷиат мекунад: «Хушо ту омадӣ ин дам бари ман, Сафои манзилу бахти сари ман!» Ҷавоне, ки паҳлуяш гулдухтаре буд, бо шодӣ мегуфт: «Аз юмни қадамҳот ҷавонии рамида боз омад, Уқоби паркашида боз омад!»

    Ва Гулназар шодиву хушнудии худу устод Лоиқро чун шамъ меафрӯзад:

    Ману Лоиқ он ҷо бе сухан будем,

Биёмад,

    Дасти мо бигрифту моро ҳам фурӯзон кард,

Шукуфон кард,

Гулистон кард.

    Пире, ки субҳаш дар хами мӯ буд, лаб бикшод: «Маро субҳи наҷот омад!» Дигаре бо чашмони ашкафшон мегуфт:

«Ҳаёт омад, ҳаёт омад!»

    Ва ҳамон рӯз навиштаи устод Лоиқ аз тантанаи миллат шаҳодат дод:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури Ҳақ бар диёри мо омад…

    Магар ин ҳама маҳсули тахайюлоти шоирон аст? Оё мо, тамоми мардуми кишвар сулҳу созишро ба сони обу ҳаво мунтазир набудем? Ҳамон шабу рӯз аз навҳаи «бачамой» безор ва аз рӯйи шуми силоҳ халқ ба танг омада буд…

    Солҳост, ки дар гӯшаи хотирам гуфтаи шоири забардаст Ғаффор Мирзоро бо унвони «Раиятписар, Раиятпадар» ҳалқа кардаам. Ӯ ҳанӯз дар оғози фаъолияти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон навишта буд:

Хиради ӯст на сунъию на макролуда,

Адаби ӯ набувад мадрасавӣ, дарборӣ.

Одамият бувад одоби мусулмонии ӯ,

Одамият бувадаш сабки ҳукуматдорӣ.

    Ҷодаи тайкардаи Президенти Тоҷикистон метавон ба чанд марҳала қисмат кард. Дар ибтидо тамоми саъю талош барои нигаҳдории кишваре нигаронда шуд, ки дар вартаи нобудӣ қарор дошт. Марҳилаи пасин ба дарки шинохти ватандорӣ ва дарёфти асрори ҷаҳони муосир ва рақибони миллату давлати тоҷик бо ҳама бозиҳои матраҳшуда, ки ҳадафу манзурашон жарфтар менамуд, масраф гардид. Ва дар миён амну ягонагии халқи Тоҷикистон ҳамчун хати сурх дар фаъолияти ин фарзанди фарзонаи миллат боқӣ монд.

    Бо амалҳои табиӣ ва хирадмандона нобоварӣ ва шубҳаро аз миён бардошт, халқро як мушт гардонд ва ба қавли Ғаффор Мирзо тавонист сариштаи моро ёбад:

Ӯ тавонист, ки ислоҳ кунад бардорад,

Доғи бадномию саҳви мағалии моро.

Барқарор овараду боз таҷассум бахшад,

Иззату ҳурмату қадри азалии моро.

Ин марҳилаи пурпечутобро Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо фурӯтанӣ ба тариқи зайл тавсиф мекунад: «Сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ ба мардуми Тоҷикистон дар натиҷаи саъю талоши шабонарӯзии фарзандони огоҳу бедордили миллат, музокироти бисёр мушкилу тулонӣ ва ҳамзамон бо ин, бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони содиқу ватандӯст муяссар гардидааст».

Дар мулоҳизаронӣ ва самимияти гуфтори Президенти муҳтарами Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тамкини чандсадсолаи ҷадди бузургамон нуҳуфтааст. Ба андешаи шоири тавоно Бозор Собир:

Бо садои гармат одат кардаем,

Ҳамчу бо зангӯлаи давлат,

Ҳамчу бо зангӯлаи Ваҳдат,

Ҳамчу бо зангӯлаи мактаб.

Ва ба қавли шоир «дар пешонаи бози ӯ тақдири миллат навишта шудааст.»

Акнун марҳилаи дигаре пешорӯйи мост, ки мушкилтар аз даврони қаблист. Давлати ҷавони мо дар иҳотаи манфиат ва судҷӯии ҳамагири давлатҳои бузург ва муқовимати иқтисодию фарҳангии ҳамсоягони дуру наздик қарор дорад. Шаклу василаҳои ҳамла аз намунаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангию экологӣ иборат аст, ки ҳамбастагӣ ва ягонагии миллатҳои Тоҷикистонро тақозо дорад. Мисоли равшан ҳуҷумҳои бузурги иттилоотӣ ва доман густурдани василаҳои муассир дар даврони ҷаҳонишавӣ мебошад. Дар ин маврид муҳимтарин омил огоҳии сиёсӣ, иттиҳоди сиёсӣ, ҳамқадами замон будан ва ошноӣ бо донишҳои навини технологӣ мебошад.

Истифодаи фишангҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва маънавии тамаддуни муосир ва зӯроварии рақибонамон мардуми Тоҷикистонро ба иттиҳоди устувор мекашад. Онҳо омодаанд барои ҳифзи фарҳанги миллӣ ва тақсимнопазирии марзҳои кишвар яктан бошанд. Дар ин роҳ халқи тоҷикро Сарвари хирадманд ва Ваҳдатофар Эмомалӣ Раҳмон роҳнамост. Ғаффор Мирзо чи хуш фармуда:

Ин ҷавонмарди худодода муборакқадам аст,

Некбахт аст, ба ҳар гӯша, ки по бигзорад.

Ҳам ба андешаи мафҳумию ҳам мавҳумӣ,

Сулҳу осоишу файзу баракат меорад.

Шоҳона СУЛАЙМОН

 

:.  Президент 23.06.2022 18:25 937

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz