Баъди имзои созишномаи сулҳ мо қариб як миллион нафар ҳамватанони гуреза ва дур аз Ватан мондаамонро ба маҳалли зист ва хонаву манзилашон баргардонидем, онҳоро бо маводи ғизоӣ ва шароити аввалияи зиндагиву рӯзгор таъмин кардем ва ба корҳои барқарорсозии харобиҳои баъдиҷангӣ оғоз намудем.
27.06.2018,
ш.Конибодом
Мушоҳидаи аҳволи одамоне, ки барои зинда мондани худ ва фарзандонашон аз баҳри манзили зист ва Ватани хеш гузашта, ба давлатҳои амну ором фирор мекунанд ва дар ин роҳ ҳазорон нафари онҳо қурбон мешаванд, ҳар як шахси солимфикрро ба андеша водор месозад.
Ман бо халқи сарбаланд ва бунёдкори Тоҷикистон ифтихор менамоям ва эътимоди комил дорам, ки бо дастгирии мардуми соҳибмаърифатамон мо ҳама гуна мушкилоти рӯзгорамонро бартараф мекунем, нияту нақшаҳои неки оғозкардаамонро бо заҳмати аҳлонаву содиқона амалӣ мегардонем, таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва пешрафти кишвари соҳибистиқлоламонро таъмин менамоем.
27.06.2017,
ш.Ваҳдат
Ба туфайли Истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати мамлакат симои шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон комилан тағйир ёфта, сатҳи зиндагӣ ва шароити рӯзгори мардуми он нисбат ба чанд соли пеш бамаротиб беҳтар шудааст.
Бо азму иродаи мардуми шарифи Тоҷикистон, пеш аз ҳама, бо ташаббуси сокинони шаҳру ноҳияҳои гуногуни мамлакат, мардуми бонангу номуси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, сохтору мақомоти давлатӣ ва соҳибкорону шахсони саховатпеша дар муддати кӯтоҳ манзилҳои нави истиқоматӣ бунёд гардида, сокинони зарардида аз офати табиӣ бо тамоми шароит ва ашёи рӯзгор таъмин карда шуданд.
27.06.2016,
ш.Хоруғ
Имрӯз дар муқоиса бо парокандагиву нифоқ, ки таҷассумгари фоҷиаву мусибатҳост, мазмуну моҳият ва арзиши Ваҳдати миллии ба нақди ҷони ҳазорон нафар ҳамватанони мо бадастомада дар қалбҳои пиру барнои кишвар мақому манзалати бештар касб кардааст.
Дар баробари ин, фаромӯш набояд кард, ки амният ва ваҳдати миллии Тоҷикистон метавонад таҳти таъсири раванду рӯйдодҳои ҷаҳони пуртазоди имрӯза, аз ҷумла торафт вусъат гирифтани таҳдиди хатарҳои нав, аз қабили таассубу хурофот, ифротгароии динӣ, терроризм ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили трансмиллӣ осебпазир гардад.
Шумо бояд ин Ватанро сидқан ва мисли ҷони худ дӯст доред, шукронаи обу хоки диёрро ба ҷо оред, онро аз ҳама гуна хатару таҳдидҳо ҳифз кунед ва барои ободиву сарсабзии ин диёри биҳиштосо даҳчанд саъю талош намоед.
26.06.2015,
ш.Душанбе
Фаромӯш набояд кард, ки хотима бахшидан ба мухолифати мусаллаҳона, расидан ба сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ ба мо бар ивази хисороти зиёди ҷониву молӣ ва дигар маҳрумияту мушкилоти сангин муяссар гардида, дар ин раванд ҳадафи шуми дар ниҳояти кор аз байн бурдани давлати тозаистиқлоли тоҷикон барбод рафт.
Даъвати нахустини мо ба хотири таъмини сулҳ ва оғози музокироти сиёсӣ ҳанӯз дар иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ дар Қасри Арбоб садо дода буд, ки ҷангу зӯроварӣ ва муборизаи мусаллаҳонаро ҳамчун василаи ба эътидол овардани ҷомеа усулан маҳкум намуда, ба тарафҳои мухолиф роҳи осоиштаи ҳалли низои сиёсиро пешниҳод карда будем.
27.06.2009,
ш.Хуҷанд
Бисту ҳафтуми июни соли 1997 дар таърихи навини давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун яке аз санаҳои муборак ва тақдирсоз, яъне рӯзи баҳамоиву оштӣ ва эълони иттиҳоди ҷовидонаи миллати куҳанбунёди тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт шудааст ва мо ҳар сол фарорасии онро бо ифтихору шодмонӣ ва шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн мегирем.
Ваҳдати миллӣ барои ҳастии миллати бостонии мо дар баробари забони модарӣ ва дигар рукнҳои давлатдориамон нақши тақдирсоз дорад. Зеро чунон ки борҳо изҳор намудаам, дар натиҷаи халалдор гардидани иттиҳоди миллӣ ва авҷ гирифтани мухолифатҳои дохилӣ гузаштагони мо ҳанӯз ҳазор сол пеш давлату давлатдории бузурги худро, ки дар таърих бо номи давлати Сомониён машҳур аст, аз даст дода буданд.
27.06.2008,
ш.Бохтар
Бо қабул шудани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон, ки ибтидои солҳои 90-ум гирифтори даҳшати ҷанги шаҳрвандӣ гардида буд, сулҳу суботи саросарӣ фароҳам омад ва ин рӯйдоди бузург ба марҳилаи созандагиву бунёдкориҳои азим дар сарзамини аҷдодиамон оғоз бахшид.
27.06.2006,
н.Рашт
Ин ҷашн рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар собит месозад.
Фарҳанги сулҳ беҳтарин неъмат ва волотарин дастоварди миллати тоҷик мебошад, ки рисолати инсондӯстию фарҳангпарвариро дар тӯли асрҳо пуштибонӣ намудааст.
27.06.2005,
н.Рӯдакӣ