01

Июн, 2025
Якшанбе

01

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Зебоибахш

 

Bonu 12_2023__IMG_3674_fmt

Ожангҳои атрофи чашм

Аввалин ожангҳои атрофи чашм одатан дар 30-солагӣ пайдо мешаванд. Ожангҳо дар нафарони пӯсти хушкдошта аллакай дар 25-солагӣ мушоҳида мегарданд. Пӯсти онҳо нисбатан тунуктар буда, ғадудҳои чарбуӣ надоранд. Пӯстро як мушаки орбикулярӣ нигоҳ медорад, ки барои ҳамаи ифодаҳои чашм масъул аст.

Озода, ки зиёда аз 20 сол боз машшотаи гулдаст аст, ба бонувон ҳангоми зебоӣ бахшидан ба симояшон, маслиҳатҳои муфид низ медиҳад.

Барои пешгирӣ аз ожанги атрофи чашм қоидаҳои гуногун мавҷуданд. Аз ҷумла:

- хӯрокхӯриро ба танзим дароварда, ба он аҳамияти махсус диҳед;

- намакро камтар истифода баред;

- бештар дар ҳавои тоза сайру гашт кунед;

- чашмонатонро намолед;

- аз хоб ба қадри кофӣ баҳравар гардед. Камхобӣ ва бидуни истироҳат кор кардан ба ҳолати умумии пӯст таъсири манфӣ мерасонад;

- аз изтиробу ҳаяҷон ва садамаи руҳӣ канора ҷӯед.

Кадом равған бар зидди ожанги атрофи чашм ёрӣ мерасонад?

Равғани гандум ғанӣ аз витаминҳо ва антиоксидантҳо буда, барои ба таҳрик даровардани синтези коллаген ва эластин мусоидат мекунад, ожангҳои пӯстро тадриҷан кам менамояд. Равғани жожоба, гули садбарг ва авокадо низ барои ин мақсад мувофиқ аст.

Ниқобҳо барои атрофи чашм дар шароити хона

Барои омода намудани малҳам як бандча гашниз, равғани рустанӣ ва қаймоқ зарур аст. Кабудиро дар блендер майда карда, қаймоқ ва равғани рустаниро бо таносуби 1:2, яъне ду қошуқӣ қаймоқ ё равғанро ба як қошуқи гашниз илова кардан зарур аст. Омехтаро якҷоя карда, ба пӯсти атрофи чашм мемоланд ва пас аз 20 дақиқа бо оби ширгарм мешӯянд.

Ниқоб аз асал

Ниқоб аз асал барои ҳамаи намуди пӯст мувофиқ аст. Ба ожанги гирди чашмҳо каме асал молида, пас аз 10–15 дақиқа онро бо оби ширгарм мебояд шуст.

Равғани зайтун

Равғани зайтунро ба ҷойи малҳам барои чашм метавон истифода бурд. Он на танҳо пӯстро ғизо медиҳад, балки аз пайдо шудани ожангҳо низ пешгирӣ мекунад. Барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ рӯзе ду маротиба – саҳар ва пеш аз хоб ин равғанро дар атрофи чашмон молидан зарур аст.

Барои пайдо нашудани ожанг бештар бояд моҳӣ, помидор, сабзӣ, равғани зайтун, чойи кабудро истеъмол кард.

Ниқоб аз банан

Ними бананро ба воситаи чангак майда карда, як қошуқ шарбати помидор ва ё як ампулаи витамини А ва Е-ро илова кардан зарур аст. Омехтаро ба рӯй молида, муддати 10–15 дақиқа нигоҳ дошта, пас бо оби ширгарм мешӯянд. Ин ниқобро дар як ҳафта як маротиба истифода баред.

Маҳсулоте, ки пайдошавии ожангҳоро пешгирӣ намуда, баданро ҷавон нигоҳ медоранд, инҳоянд:

маҳсулоти баҳрӣ, чормағз, равғани зайтун, фаллаи 5-фоиза (творог), кабудӣ, сирпиёз, гӯшт, ҷигар ва гулкарам.

Тавсияҳои Озода барои ҷавон нигоҳ доштани пӯсти атрофи чашмҳо

Мудом чашмонро аз офтоби сӯзон тариқи айнакҳои офтобӣ ҳимоя кунед. Ҳамеша пеш аз хоб ороиши рӯйро бишӯед ва ба пӯст рутубат бахшед. Инчунин, ҳуҷраро пеш аз хобидан ҳавои тоза диҳед. Ин ба шумо кумак мекунад, ки дар ҳолати хуби равонӣ ва хушҳолӣ бедор шавед ва пӯстатон тару тоза шуда, истироҳат мекунад.

Маҳси чашмон, ки барои пешгирии ожанг муфид аст

Чашмонатонро пӯшед ва бо нӯги ангуштон пилкҳои болои чашмро аз бинӣ ба кунҷҳои берунии чашм ва пилкҳои поёниро ба сӯи бинӣ маҳси сабук кунед.

Давомнокии маҳс 30–35 сония бояд бошад. Дар муддати 15–20 дақиқа зуд-зуд чашмак занед. Баъд аз 1 то 3 дақиқа чашмонатонро пӯшида ором гиред.

Таҳияи МАДИНА

 

:.  Зебоӣ 03.01.2024 08:48 251

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz