Ин ҷавонзани ҳалиму хоксор бо донишу фазл, маҳорату кордонӣ, қобилияти фавқулода, хулқу атвори неку омӯзандаи худ миёни ҳамкасбону ҳамкорон мақому мартабаи хоссаро соҳиб гаштааст. Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ хурду бузург эҳтиромашро ба ҷо меоранду бо ифтихори зиёд аз муваффақияту дастовардҳояш ёд меоранд.
Вақте китоби хотираҳои Фирӯзаро варақ гардондем, ин сатрҳоро пайдо намудем, ки бозгӯкунандаанд масири паймудаашро аз хурдӣ то ба имрӯз: «Ба навиштани ҳикоя, рубоиву дубайтӣ, шеъру тарона рағбати зиёд доштам, зеро муҳит ва шароити созгор муҳайё буду ҳанӯз соли 2015 китобчаи нахустинам бо номи «Барги гул» ба нашр расид. Зиёд мехостам дар ин ҷода фаъолиятамро идома бахшам, аммо тахайюлоти рассомӣ ва эҷоди шоҳкориҳое дар ин самт минбаъд роҳнамои ҳаётам гардид.»
МЕЪМОР
Фирӯза Эмомова омӯзгор аст. Мудири кафедраи «Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим» - и Донишгоҳ.
-Омӯзишгоҳи рассомии ба номи Мирзораҳим Олимов (ҳоло Коллеҷи рассомӣ)-и шаҳри Душанберо бо ихтисоси рассом-устои кулол, баъдан Институти политехникии Тоҷикистонро бо ихтисоси меъмор хатм намудам, - мегӯяд Фирӯзабону.
Аз соли 1994 дар кафедраи «Асосҳои лоиҳакашӣ ва меъморӣ» то соли 2019 ҳамчун ассистент, муаллими калон фаъолият намуд. Соли 2019 рисолаи номзадиашро дар мавзуи «Баҳамтаъсирнамоии санъати пластикӣ ва меъмории Тоҷикистон дар нимаи дуюми асри XIX ва аввали асри XXI» дифоъ намуда, сазовори унвони номзади илми меъморӣ гардид. Аз соли 2021 иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи «Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим», ҳамзамон иҷрокунандаи вазифаи дотсент мебошад.
Санъати пластикӣ, - мегӯяд Фирӯзабону, - ороишоти миллиест, ки аз давраҳои қадим то ба имрӯз дар меъморӣ васеъ истифода мешавад. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодаи санъати пластикӣ хело хуб ба роҳ монда шудааст.
Фирӯза Эмомова дар зарфи қариб 30-солаи фаъолият ба дастовардҳои зиёде дар соҳаи меъморӣ ноил гаштааст. Ӯ узви Иттифоқи меъморони Тоҷикистон мебошад. Барои эҷоди мусаввараҳои нодир ва нишон додани маҳорати баланди касбӣ ба чандин мукофотҳо, аз ҷумла нишонҳои «Барои саҳми арзанда дар соҳаи меъморӣ», Аълочии фарҳанг, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сазовор шудааст. Фарзандаш Муҳаммадҷон Раҷабов дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман!» сазовори ҷойи якум гаштааст. Раёсати Донишгоҳ барои омода намудани донишҷӯён ба озмуни «Навоварон ва ихтироъкорони ҷавон» бо мақсади амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020–2040» устодро бо сипоснома қадр кард.
Дастгиру ёвару мададгори шогирдон ва ҳамкорон асту мекӯшад, то дониши худро дониши шогирдон гардонад. Аз ҳар бурди шогирдонаш меболад, шукргузор аст аз сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати кишвар ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
МАҲСУЛИ ЭҶОД
Устоди арҷманд Фирӯза Эмомова муаллифи зиёда аз 20 мақолаи илмӣ дар соҳаи санъати меъморӣ, 60 асари эҷодӣ, 10 масолеҳи кулолӣ, 7 дастури методӣ, як воситаи таълимӣ ва як монография мебошад. Ҳамзамон, ҳамчун раиси занон ва духтарони факултети «Сохтмон ва меъморӣ» дар чорабиниҳои фарҳангию илмии Донишгоҳ саҳмгузор буда, дар ҷамъомаду конфронсҳо ва симпозиумҳо иштироки фаъолона дорад.
Ӯ ғайр аз фаъолияти омӯзгорӣ ва меъморӣ ба корҳои эҷодӣ машғул буда, аз масолеҳи кулолӣ ва ҳайкалтарошӣ ба сохтани кӯзаву кӯзачаҳо ва деворанигораҳо (барелеф) рағбати беандоза дорад. Эҷодиёти рассомӣ ва кулолии ӯ борҳо дар намоишгоҳҳои донишгоҳӣ, шаҳрӣ ва ҷумҳуриявию байналмилалӣ ба маъраз гузошта шудаанд.
Ҳамчунин, яке аз ташаббускорони фаъоли барномаи телевизионии «Хонаи ман» дар Телевизиони Тоҷикистон буда, аз дизайни дохили бино, рангубор ва ороиши он ба бинандагон маълумоти мушаххас медиҳад.
Фарзандонаш Шоҳин соҳибкор, Нурафшон меъмор буда, Муҳаммадҷон сароянда аст. Вай дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман!» сазовори ҷойи якум шуд. Дар озмуни «Ту қалби Тоҷикистонӣ, Душанбе» ҷойи дуюмро гирифт, дар Озмуни ҷумҳуриявии «Парвин» ҷойи якум насибаш гашт ва дар Озмуни байналмилалии «Во весь голос» ҳамчун яккасаро иштирок кард, соҳиби зиёда аз 60 диплом, ҷоиза, ифтихорнома ва сипосномаҳо мебошад.
МАҲФИЛИ «МЕЪМОР-ДИЗАЙНЕРИ ҶАВОН»
Бо ташаббуси факултети «Сохт¬мон ва меъморӣ» дар назди кафед¬раи «Дизайни муҳити меъморӣ ва тармим» маҳфили «Меъмор-дизайнери ҷавон» фаъолият менамояд, ки донишҷӯён - дизайнеру меъморони оянда барои ғанӣ гардондани дониш ва сайқали маҳорату малакаи худ вақтҳои фориғ аз дарс омада, машғулият мегузаронанд, - мегӯяд Фирӯза Эмомова. - Роҳбарии маҳфилро Самандар Мирзоев, донишҷӯи курси 4-и равияи дизайни муҳити меъморӣ ба уҳда дорад.
-Инчунин, тасмим гирифтем, ки як намуди санъати дастӣ бо истифодаи ресмон ва мехро бо номи «Стринг арт» дар равияи дизайни меъморӣ ба роҳ монем,-афзуд муаллим.
СТРИНГ-АРТ, ЧИСТ ОН?
Фирӯза ба ин суол чунин посух дод: «Стринг-арт усули графикӣ ба шумор рафта, санъати офаридани расм ба воситаи ришта ва мех мебошад. Ин намуди санъатро бофандагони англис дар асрҳои XVI-XVII эҷод намуда, бо истифода аз мех ва ресмон дар болои тахтачаҳо ҳар намуди ороишро бофта, деворҳои хонаҳои худро оро медоданд. Ин амал дар назар осон намояд ҳам, хеле душвор буда, малакаи хуби рассомӣ, асаби ором ва маҳорати баланди эҷодкориро тақозо мекунад.
Мо бо маҳсули дастони худ аз ин намуди санъат, ки барои ҷумҳурӣ навгонист, дар озмуни «Ихтироъкори ҷавон» ширкат варзида, сазовори ҷои намоён шудем. Тасмим дорем, ки оянда стринг-артро дар дарсҳои амсиласозӣ ба роҳ монда, ба барномаи супоришҳои графикӣ ворид созем, чунки ин намуди санъат ба равияи дизайни муҳити меъморӣ наздик буда, барои зебоиофарӣ муҳим аст.
Шаҳло ЭШОНОВА