Ҳунари бой ва гуногуни косибон, заргарон ва кулли ҳунармандони осиёи Миёна дорои таърихи қадимист. кофтуковҳои бостоншиносии даҳсолаи охир дар Тоҷикистон бисёр намунаҳои ороишоти занонаро, ки ба давраҳои гуногун мансубанд, ифшо намуданд.
Мардумшиноси рус М.С. Андреев солҳои 60–70-и асри ХХ дар китоби худ «Тоҷикони водии Хуф» дар бораи зебу зинатҳои занонаи мардуми Осиёи Миёна мисолҳо овардааст. Дар ин давра бисёр мардумшиносони рус ба расму русуми мардуми Осиёи Миёна шавқу рағбат ҳосил намуда, як қатор асарҳоро доир ба расму оини халқи тоҷик, аз ҷумла оид ба зебу зинат, коркард ва истифодаи он навиштанд. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ як зумра олимон ва мардумшиносони тоҷик низ, дар бораи ороишоти миллӣ китобу мақолаҳо навиштаанд.
Дар толорҳои Осорхонаи ҷумҳуриявии таърихӣ - кишваршиносии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ як қатор ороишоти занона ба намоиш гузошта шудаанд, ки аз санъати волои ҳунармандони тоҷик маълумот медиҳанд ва ин ороишҳо мутааллиқи давраҳои гуногунанд. Вазифаи кормандони Осорхона ҳифз ва муаррифӣ намудани арзишҳои фарҳангӣ ба меҳмонони ватанӣ ва хориҷӣ мебошад.
Толори якуми Осорхона тамаддун ва таърихи Саразми қадимро инъикос менамояд ва дар намоишгоҳи он ороишоти занона, ба монанди гарданбанд аз фирӯза, аз ҳақиқ, лоҷувард, нуқра ба намоиш гузашта шудааст. Ҳанӯз дар ҳазорсолаи IV-III-и пеш аз мелод ҳунари заргарӣ дар Саразм рушд ёфта буд ва занон мекӯшидаанд, ки зебоии худро бо ороишоту зебу зинатҳои гуногун дучанд намоянд.
Дар толори «Панҷакенти қадим» зебу зинатҳои ба давраи тамаддуни Суғд мансуббуда ба маъраз гузошта шудаанд. Ин зебу зинатҳо ба асрҳои V-VIII тааллуқ дошта, аз сангҳои гуногуни қиматбаҳо шакл гирифтаанд. Дар Панҷакенти қадим зимни ҳафриёт зебу зинатҳои тиллоӣ низ ёфт шудаанд, ки гувоҳи ҳунари моҳиронаи заргарони суғдист.
Дар намоишгоҳ ва хазинаи Осорхона якчанд маҷмуи ороишоти занона, ки ба асрҳои XIX ва аввали XX бастагӣ доранд, маҳфузанд. Ин зебу зинатҳои зарандуд асосан аз нуқра сохта шуда, бо сангҳои гуногуни қиматбаҳо ва тангаҳои нуқрагии давраи Россияи подшоҳӣ оро ёфтаанд.
Зебу зинатҳо сарурӯӣ буда, болоабрӯ, баргак, силсила, қоши тилло, тахтачабаргак, зулф барои ороиши сар, гардан, сари сина, мӯй истифода мешуданд, дастпона, ғилофаҳо (тӯмор, бозубанд), ангуштарин, гӯшвора ва ғайраҳо низ серхаридор будаанд. Дар аввали асри XX дар водии Зарафшон (Бухоро, Самарқанд, Панҷакент) усмаи тилло ё қоши тилло ном зинати пешонӣ бо чандин қатор сангу фирӯзапораҳо, бо овезаҳои сершумори гуногуншакл зинат дода мешуд. Яке аз ороишҳои қадима тахтачабаргак мебошад, ки аз чандин тахтачаҳои чоркунҷаи ба ҳам пайвасти мутаҳаррик иборат буда, бо сангҳои фирӯза фаровон зинат меёфт. Қисми поёниашро бо овезаҳои баргакмонанд аз марворид, марҷон, нуқра оро медоданд.
Қоши тилло зинати маросимӣ буда, бе он ягон ҷашни арӯсӣ намегузаштааст. Одатан, қоши тилло аз рӯи тоқӣ ё рӯймол бар сар банд карда мешуд. Ин ороиш хоси мардуми Бухоро, Самарқанд ва Панҷакент буд ва ҳоло ҳам дар бисёр мавзеъҳои кишвар мавқеи худро гум накардааст.
«Моҳи тилло» ороиши сар буда, аз се қисм иборат аст. Дутои он дар ду бари рӯй ва сеюмашро дар пешона меовезанд. Шакли он ба моҳ монанд аст ва поёнаш бо марҷон ва овезаҳои баргакмонанд оро дода мешуд. Каҷакҳои ростгӯша ва ё бодомшакл, барои ба рӯймолҳо банд кардани асбобҳои зинатӣ, сарсӯзанҳо, хелҳои гуногуни гӯшвораҳо низ месохтанд.
Дар намоишгоҳ ва хазинаи Осорхона ороишҳои сарсинагӣ, аз қабили марҷон, зеби сина, пешовез, нози гардан ва ғайра маҳфузанд, ки аз нуқра ва сангҳои қиматбаҳои бо мино ороиш ёфта сохта мешуданд.
Дар асрҳои Х1Х ва аввали ХХ дар байни занон ороишоти гуногун, ки аз марҷон (коралл) сохта мешуд, хеле маъмул буд. Марҷон асосан аз дигар кишварҳо ба Осиёи Миёна бо роҳи тиҷорат интиқол мегардид. Дар замонҳои қадим бисёр ғилофаҳои заргарии тӯморҳо низ аз ҷумлаи ороишот ба ҳисоб мерафт. Онҳо шаклҳои сегӯша, чоргӯша ва найчамонанд дошта, рӯяшон бо катибаҳо ороиш дода мешуд.
«Нози гардан» ё «зеби сина» аз занҷираҳо ва овезаҳо иборат буда, дар ҳар фосила бо медалйон пайваст мешавад. Албатта, медалйонҳо нақшу нигор доранд ва нӯги овезаҳо бо сангҳои гуногун оро меёфтанд. «Қулфи гиребон» бисёртар дар ҷануби Тоҷикистон маъмул аст. Ҳалқа ё гӯшвораро мисли имрӯз аз нуқра ё тилло сохта, онро бо сангҳои гуногун оро медоданд.
Дастпона як қисми таркибии ороиши занона мебошад. Дастпонаҳо ҳархела мешаванд: тӯр-тӯр, тунуки бо нақши қолибӣ ороиш ёфта, ғафси бо сангҳои қиматбаҳо зинатдода. Инчунин дастпонаҳо нақшу нигор дошта, навиштаҷоти гуногун доранд. Дастпонаю ангуштарин бо усулҳои гуногун сохта шуда, аз ҷумлаи зебу зинати одии занона ба шумор мераванд.
Қисми таркибии ороиши занон пӯпак ё ҷамолак ба шумор мерафт, ки аз пӯпакҳои абрешими сиёҳ бо қуббаҳои тилло ва ё нуқраи почадор сохта шуда, ба мӯйи занон бофта мешуд. Аз намунаҳои пӯпак дар хазина «нуқрапӯпак», «пӯпаки тилло», «ҷигдапӯпак» ва ғайраҳо маҳфузанд.
Заргарӣ яке аз намудҳои гаронбаҳои санъат ва ҳунармандӣ буда, таҷассумгари фарҳанги ҳар миллат ва халқият мебошад. Дар солҳои 70–90-и асри ХХ истеҳсоли ороишҳои заргарии миллӣ хеле кам шуда буд. Баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати кишвар барои рушду нумӯ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ шароит фароҳам овард. Хушбахтона, солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунармандӣ эълон гардид ва тамоми намуди ҳунармандӣ дар ҷумҳурӣ дар заминаи технологияҳои нав рушд дораду ҳунармандон маҳорати худро пайваста сайқал медиҳанд.
Фирӯза РУҲУЛОВА