Ин ҷавонбонуи резапайкар нафарест, ки дар зиндагӣ аз миёни нохубиҳо хубӣ меҷӯяд, дунёро бо чашми нек менигарад ва ҷӯёи рангҳои зебои зиндагист. Бо дастони муъҷизаофараш ба ҳамагон зебоӣ мебахшад, дунёи онҳоро рангин ва ҳаётро барояшон гуворо месозад.
Робия Ахмедова, зодаи Тоҷикистон, дар яке аз шаҳрҳои зеботарини ҷаҳон – Дубай, ба бонувони маҳаллӣ ёрӣ мерасонад, то зебову дилрабо бинмоянд. Аниқтараш, ӯ пешаи косметологро касб намудааст ва ба ин васила ба ҳусну ҷамоли бонувон зебоии дигаре зам менамояд.
Ҳавасҳои бачагӣ
Хурдсол буд, ба ҳамаи он чизе, ки дар атроф вуҷуд дошт, аз нигоҳи зебоӣ менигарист. Он лаҳзаҳо гумон мекард, ки инсон ҳуқуқи зебо набуданро надорад. Дар гуфтору рафтор ва ҳусну ҷамолу либоспӯшӣ бояд зебоӣ дар мадди аввал қарор гирад. Ҳанӯз ҳам ба ин ақидаи худ устувор аст.
- Он замон, бо вуҷуди кӯдак буданам, ҳамаро зебо дидан мехостам. Як ҳиссе дар қалбам ҷо шуда буд, ки бузург шавам, ҳунареро пеш мегирам, ки вазифааш танҳо зебоӣ бахшидан бошад. Агарчи он замон сарфаҳми чӣ будани пешаву касбро намерафтам. Аммо ҳамеша ин орзу дар қалбам ҷӯш мезад, - ёдовар мешавад ӯ он овонро.
Баробари бузург шудан, тасмим гирифт, ки орзуяшро амалӣ созад ва бо ин ният самти тибро пазируфта, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абуалӣ ибни Сино шуд ва онро соли 2017 бо ихтисоси табиб-ҷарроҳ ба итмом расонд.
Муқобилияти падар
Қиблагоҳаш вақте фаҳмид, ки нияти идомаи таҳсил дорад, хушҳол гардид, вале баробари огоҳ шудан аз нияти духтараш, норозигӣ баён намуд. Борони насиҳат мерехт аз нӯги забонаш ҳар пайти мувофиқу мавриди мусоид. Бад-ин дастур мехост кафтари хаёлҳои ширинро, ки дар дили Робия лона мондааст, бирамонад. Падар ҳиҷ намехост, ки духтараш косметолог шавад.
Робия бошад, барои розӣ кунондани падар чораю усули ризоияти падарро меандешид. Ҳарчанд ба фикру андеша мерафт василаи беҳтаре ҷуз рад накардани сухани падар намедид. Ниҳоят ба хулосае омад, ки ба факултаи кори тиббӣ ҳуҷҷат супораду пешаи табиб-ҷарроҳро интихоб намояд. Падар аз ин нияти духтараш қаноатманд гардиду дуои некаш дод.
Табиб-косметолог
Бо он ки Робия зинаи интернатураро низ дар самти духтури ҷарроҳ идома медод, ҳанӯз барои амалӣ сохтани орзуи кӯдакиаш талош меварзид. Дар миёни таҳсил, рухсатии академӣ гирифта, озими Федератсияи Россия шуд. Он ҷо ба курсҳои омӯзишии косметологӣ рафта, нозукиҳои ин пешаро аз худ намуд.
Баробари ба Ватан баргаштан, аснои таҳсил, фаъолияташро низ ҳамчун косметолог – эстетик оғоз бахшид. Баъд аз як муддати фаъолият, ҳамчун табиби пластикаи контурӣ корашро идома бахшид. Агарчи дар хориҷ аз кишвар нозукиҳои ин пешаро аз худ карда буд, ҳамоно аз устодони ин соҳа дар кишвар низ пайваста маслиҳату машварат мегирифт.
- Аз устодонам, ки дар омӯзиши нозукиҳои пешаи косметологӣ кумакам намуданд, миннатдорам. Ба бонуи кордон, Назира Раҷабова сипос мегӯям, ки замони фаъолиятам пайваста баҳри рушди ман дар ин соҳа ҷаҳду талош меварзид. Бо дастгирии онҳо такмил ёфтам, - бо ифтихор иброз медорад ӯ.
Ду ҷониби муваффақият
Соли 2020 дари бахт ба рӯйи Робия кушода шуд. Азбаски ҳамсафари ҳаёташ дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб фаъолият дошт, ӯро низ зарур омад, ки он ҷо бошад.
Зиндагӣ дар Дубай ба Робиябону имкон фароҳам овард, то фаъолияташро такмил диҳаду бо мутахассисони сатҳи байналмилалӣ корро ба роҳ монад. Азбаски Робия дар донистани забонҳои хориҷӣ балад аст, дар хориҷ аз кишвар барояш мушкилие пеш наомад. Алҳол, ӯ дар яке аз клиникаҳои машҳури ноҳияи Ҷумейраҳ фаъолияташро ба роҳ мондааст. Дар ин росто, дар курсҳои косметологии шаҳри Дубай низ омӯзиш мегузарад, то нозукиҳои соҳаро ба хубӣ аз бар намояд.
- Дар ҳар кишвар кор нозукии худро дорад. Ин ҷо иқлиму муҳит ва фарҳангу забон дигар аст. Мебояд, ки мувофик ба табъи дил ва мувофиқ ба пӯсти онҳо амалҳоро анҷом дод. Кори косметологӣ ниҳоят нозук асту эҳтиёткориро талаб менамояд, - мефаҳмонад Робиябону.
Сафар ба ҳамсоякишварҳо
Бо вуҷуди он ки ӯ дар шаҳри Дубай кору зиндагӣ дорад, ҳамоно ба кишварҳои ҳамсояи Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистону Туркия сафарҳо анҷом медиҳад.
- Хурсанд намудани як инсон корест муҳим. Имрӯз, ки ин имкониятро дораму каме ҳам бошад, бо истифода аз пешаам ба одамон хушҳолӣ ҳадия месозам, баҳри он талош меварзам. Вақте дар чеҳраи нафаре хушҳолиро мебинам, новобаста аз он ки шаҳрванди кадом миллат аст, худро хушбахттарин инсон эҳсос мекунам. Ин лаҳзаҳоро тасвир кардан ғайриимкон аст. Танҳо боиси ифтихору фараҳмандист, - бо хушҳолӣ мегӯяд Р. Ахмедова.
Шаҳдрези РАҲМОН