Синну соли занро аз рӯи дастонаш муайян намудан мумкин аст. Барои он ки дастон зебо бошанд, зан бояд онҳоро нигоҳубин ва эҳтиёт намояд.
Чанд маслиҳатро аз китоби «300 тавсияи ҷавон мондан»-и Латофат Насриддинова барои бонувон пешниҳод месозем:
X Агар пӯсти дастонатон хушку дурушт шуда бошад, дар як ҳафта 2–3 маротиба онҳоро дар оби гарм, дар дохили ҳалво (пюре)-и картошка гирифтан зарур аст.
X Ба пӯсти дағалгардидаю офтобхӯрдаи даст оби карам ё зардоби шир фоида мерасонанд.
X 1 дона зардии тухм, 1 қошуқ орди ҷав ва 1 қошуқ асалро бо ҳам омезед ва шаб онро ба даст молида, дастпӯшаки резинӣ пӯшида хоб равед. Ин усулро ҳафтае 2 маротиба такрор намоед, дар дасти шумо ожанг пайдо намешавад.
X 1 қошуқча асал, 3 қошуқ глисерин, 1 қошуқча спирти навшодир, 100 мл обро якҷоя намуда, ба даст бимолед ва баъди 20 дақиқа бишӯед.
X Дар ду қошуқ оби тарбуз ду қошуқча мағзи кӯфтаи бодоми талхро омехта, ба пӯсти тозашустаи даст бимоледу пас аз 30 дақиқа бо оби гарм бишӯед, ожангҳо бартараф гардида, пӯсти даст махмалину сафед мешавад.
X Равғани растаниро гарм намуда, ба он 5–6 қатра шарбати лимӯ чаконда панҷаҳоятонро то пӯшонидани нохунҳо дохили он 10–15 дақиқа нигоҳ доред. Агар лимӯ набошад, метавонед 3 қатра йод ва 5 қатра витамини А ҳамроҳ намоед. Ин усулро дар як ҳафта 1–2 маротиба истифода намоед.
X Шумо метавонед тез-тез нохунҳои худро дохили намакоб чанд дақиқа бидоред: 3 қошуқ намакро дар як истакон об омехта намуда, 15–20 дақиқа нохунҳои худро дохили он нигоҳ доред.
X Ранг кардани нохунҳо бо лак, албатта, нохунро зебо нишон медиҳад, аммо гоҳ-гоҳе нохунро аз лак тоза нмуда, озод гузоштан лозим аст, то он нафас гирад ва ранги табиии худро гум накунад.
Таҳияи ФАРЗОНА