01

Июн, 2025
Якшанбе

01

Июн, 2025
Якшанбе

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
    • Президент
    • Иқтисод
    • Фарҳанг
    • Тандурустӣ
    • Ҳуқуқ
    • Иҷтимоъ
    • Чеҳра
    • Мусоҳиба
    • Ҷавонон
    • Қонунҳо
    • Маҷаллаҳо
    • Соли рушди деҳот, сайёҳӣ
    • Дастархон
    • Нигористон
    • Иртибот
  • Дар бораи мо
  • Тамос
Хатогӣ
  • JLIB_DATABASE_ERROR_FUNCTION_FAILED

Нигоҳубини МӮЙ

 

        

Bonu 08_2022__6984346-c_fmt

       Зебоӣ

Мӯйи зебову пурҷило ба нигоҳубини махсус ниёз дорад. Чанд маслиҳатеро барои бонувон гирд овардаем, ки чӣ мӯйро ҷилодору тароватбахш мегардонад.

     Мӯйи хушк

   Барои нафароне, ки мӯйи сарашон хушк аст, пеш аз сарро шустан ба мӯй равғани бодом, зайтун ё беданҷир (кастор) моланд. Ва сачоқро дар оби гарм тар карда, ба сар печонанду муддати як соат мунтазир шаванд. Баъдан мӯйҳоро шуста, бо оби бобуна чайқонанд. Ин равғанҳо барои мустаҳкам намудани решаи мӯй фоидаи калон мерасонанд.

   Мӯйи равғанин

Нафароне, ки мӯйи равғанин доранд, кабл аз шустан ба пӯсти сар омехтаи шарбати алоэ, шарбати лимӯ ва зардии тухмро молида, пас аз як соат мӯйро шӯянд. Барои нарехтани мӯй мутахассисон тавсия медиҳанд, ки 1 ампула витамини D ва 2 қошуқ равғани беданҷир (кастор) ҳамроҳ намуда, ба пӯсти сар бимоледу бо сачоқи гарм сарро 20 дақиқа печонед. Баъдан се дона зардии тухмро ба оби гарм ҳамроҳ намуда мӯйро бичайқонед. Ин усулро се рӯз пайи ҳам такрор намоед, мӯятон аз рехтан боз монда, ҷилонок мешавад. Ду дона пиёзро аз турбтарошак гузаронда, оби онро ба решаҳои муй молед ва сарро бо латтаи гарм бандед. Пас аз 3 соат мӯйро шӯед. Баъди 4–5 маротиба такрор намудани ин амал сабӯсаки сар нест гардида, мӯй ҷилонок мегардад. Ҳеҷ гоҳ мӯйро бо оби ниҳоят гарм нашӯед, кӯшиш намоед, ки гармии об муътадил бошад.Сарро дар оби ҷӯйбор ва оби муқаррарии ноҷӯшонда нашӯед. Сарро ҳамеша аз хунукӣ эҳтиёт намоед, то ба решаи мӯй хунукӣ нарасад.

     Таҳияи ФАРЗОНА

 

 

:.  Зебоӣ 25.08.2022 04:46 646

pressident1

Муассис:
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шумораи навбатӣ


Шумораи навбатӣ
ШУМОРАИ НАВБАТИ-МАРТИ СОЛИ 2024
  • Бойгонӣ

Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ 2019-2021


Пешниҳоде чанд барои рушди сайёҳӣ
  • Бойгонӣ

Дастархон


Оши туппаи баҳорӣ
  • Бойгонӣ

Нигористон


Баҳор намои зебои ҷавонист
  • Бойгонӣ

watertj

  • Сарсаҳфа
  • Хабарҳо
  • Сиёсат
  • Варзиш
  • Зебоӣ
  • Аз ҳар боб
  • Феҳрист
  • Дар бораи мо
  • Тамос
[+992] 2-38-55-67
[+992] 2-38-55-68
Аз 8:00 то 18:00
Рӯзи истироҳат, Якшанбе
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ - 16, ошёнаи 10.
Сомонаи маҷаллаи ҳармоҳаи давлатии сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ
Created By: DodikhudoevParviz