Қулфинай хусусияти тароватбахшӣ, сафедкунӣ ва ҳамворкунандаи чинҳои рӯйро дорад. Қулфинайро бо асал якҷо лат зада, ба рӯятон молед. Пас аз 20 дақиқа бо докаю об тоза намоед.
Ин ниқоб барои пӯсти рӯйи хушк тавсия дода мешавад.
Як қошуқ шарбати ангурро бо як қошуқ орд омехта, як зардии тухмро ҳамроҳ намоед. Ин ниқобро дар рӯйи тозашуда молида, муддати 15-дақиқа нигоҳ доред.
Бодиринги тару тозаро хурд реза карда, чанд қатра шарбати бобуна илова кунеду ба рӯю гардан молида, баъди 20 дақиқа бо сачоқ тоза намоед. Ин амал ба пӯст тароват бахшида, онро сафед менамояд.
Ду дона картошкаи обпазро кӯфта, гармогарм ба рӯю гардан молида, 10 дақиқа нигоҳ доред. Ин ниқоб пӯстро сафеду ҳамвор месозад. Ниқоб аз картошкаи хом бошад пӯстро нарму чинҳоро ҳамвор менамояд.
Таҳияи ФАРЗОНА