Мушкили зебоӣ ва зебою ҷавон мондан ҳеҷ гоҳ дар байни бонувон аҳамияти худро гум намекунад. Махсусан, ҳар мавсими сол, ки миҷози хоси худро дорад, хоҳ – нохоҳ ба саломатӣ ва зебоӣ бетаъсир намемонад. Агар дар фасли тобистон мушкилӣ аз пӯсти офтобхӯрда дорем, пас шамоли сарди тирамоҳу зимистон пӯсти дасту рӯйро хушку шахшӯл гардонда, водор месозад, то малҳам ва дигар маҳсулоти косметологиро аз бозору мағозаҳо биҷӯем. Ин ҳама ба хотири ботароват сохтани зебоии пӯст мебошад.
Суҳбате доштем, бо косметологи кошонаи ҳусни «Ланиша Шоу – Рум», Нисо Эшонхоҷаева, ки чанд андешаи худро дар мавриди нигоҳубини пӯсти дасту рӯй иброз намуд.
Бонувон дӯстдори зебоиянд
Табиист, ки аслан дар баробари дигар муъҷизаҳои зебои олам, зебоии зан эътибори хосаеро дорост. Дар баробари ҳусни табиие, ки марбути занон аст, эҳсоси зебопарастӣ дар ниҳоди ҳар бону туғён мезанад. Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки духтарчаҳо ҳанӯз аз овони омӯхтани сухан гуфтану роҳ рафтан ба оина ва шона таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Яъне, бонувон дар ҳама синну сол ва фасл дар талоши зебоӣ мекӯшанд.
Аз он боис, ки фасли сарморо гармии офтоби баҳор иваз месозад, пӯсти рӯй нигоҳубини махсусро тақозо менамояд. Дар ин ҳолат, истифода намудани маводи косметологӣ барои нигоҳубини пӯст муҳим аст. Вале, пеш аз истифодаи ҳар гуна малҳаму маҳлулҳо, ки барои ботароватии пӯсти рӯй пешбинӣ шудаанд, мебоист ҳатман аз маслиҳати мутахассисони соҳаи косметологӣ бархӯрдор гардид. Зеро, истифодаи нодуруст боиси пайдоиши ҳар гуна бемориҳои пӯст мегардад.
Барои таровати пӯст
Рӯзе нест, ки бонуе аз чӣ гуна нигоҳ доштани таровату зебоии пӯст суол накарда бошад. На танҳо пӯсти дасту рӯй, инчунин, пӯсти гардану бадан низ ҳар рӯз ба нигоҳубин ниёз дорад. Умуман, нигоҳубини пӯсти рӯй аз давраи ба балоғат расидани духтарон тавсия дода мешавад. Дар наврасӣ нигоҳубини ҳамаҷонибаи пӯст барои ҳалли мушкилоти илтиҳоб ва тоза намудани доғҳои сиёҳ ёрӣ мерасонад.
Пок намудани пӯсти рӯй аз боқимондаҳои маводи ороишӣ, ки давоми рӯз нигоҳ дошта мешавад, ба воситаи равғани гидрофилӣ ва оби метил ҳар шом бояд пеш аз хоб сурат гирад. Аз гиёҳҳо нӯшоба омода намуда, рӯйро шустан ва баъдан молидани малҳамҳои мулоимкунандаю ғизодор низ ҳатмист.
Масҳи рӯй роҳи осонтарин ва маъмултарини нигоҳ доштани пӯст дар ҳолати хубу ҷавон мебошад, мушакҳоро мустаҳкам месозад, варамро рафъ ва ожангҳоро ҳамвор менамояд.
Воқеан, на ҳар бону имкони молиявии истифода аз хизмати косметологро дорад. Пӯсти дасту рӯй ва гарданро ҳамеша тозаю намнок ё ғизо додан зарур аст, вагарна солиму ҷавон нигоҳ доштани пӯст дар муддати на чандон тулонӣ имконнопазир мегардад.
Пас, ба ҷойи истифодаи ҳар гуна маводи носанҷидаи кимиёвие, ки ба пӯст зарар дорад, беҳтар аст, бо тавсияи косметолог маводи махсусро вобаста ба ҳолати пӯст интихоб намуд. Дар кошонаи ҳусни «Ланиша Шоу – Рум» ба бонувон, ки барои чӣ тавр нигоҳ доштани пӯсти рӯй муроҷиат менамоянд, маслиҳати мутахассис ройгон аст. Бонувони азиз, барои хариди маводи ороишии бесифату пур аз маҳсулоти кимиёвӣ беҳуда маблағ сарф накунед.
Ҳоҷат ба малҳамҳои хонагӣ нест
Аксари бонувон аз хизмати косметолог баҳравар нестанд. Аз ин хотир, гоҳе бонувон телефонӣ тамос гирифта, дар бораи истифодаи малҳамҳои хонагӣ, ки аз меваю сабзавот омода менамоянд, пурсон мешаванд. Ҳол он ки чӣ тавр омода намудани онро аз шабакаҳои интернетӣ низ пайдо кардан мумкин аст. Вале мутахассис ба воситаи телефон ё истифода аз шабакаҳои гуфтугӯӣ ба ин суолҳо ҷавоби саҳеҳ намегӯяд. Зеро пӯсти рӯю гардан ва дастон хеле нозуканд ва шояд истифодаи нодуруст боиси осеб дидани он гардад.
Баъдан, табобат ё худ чӣ тарз нигоҳубини пӯсти рӯй вобаста ба синну сол аст. Нафари ҳанӯз 30-сола наметавонад аз тарзи беҳдошти пӯст ва малҳамҳои хоса, ки барои зани 50-сола тавсия шудааст, истифода барад.
Замоне, ки умр ба сар мебарем, асри пешрафти илму техника аст. Дар ҳама соҳаҳо навгониҳо, инчунин дар самти косметология низ дигаргунӣ дида мешавад. Малҳамҳои хонагӣ, ки модаронамон аз онҳо истифода мебурданд, аз камчинии маводи ороишӣ буд. Ба хотири зебоӣ ва пешгирии хушкшавии пӯст ба рӯй ҷурғот мемолиданд ё аз меваю сабзавот малҳамҳо омода месохтанд.
Алҳол, бо нархҳои дастрас беҳтарин малҳамҳои поксозию намгарӣ бо брендҳои гуногун истеҳсол мешаванд, ки дар баробари осон намудани кори косметологҳо, инчунин, бонувон дар шароити хона метавонанд аз онҳо истифода баранд.
Вақте ботин зебост
Пешаи хешро бағоят дӯст медорам. Вақте натиҷаи амали худро дар чеҳраҳои бонувон мебинам, хушҳол мегардам. Дар таҷриба дидам, ки аслан занонро табиат зебо офаридааст ва ин назар шакку шубҳае надорад. Вале ба он бонувоне, ки ба ҳусни зоҳириашон кам аҳамият медиҳанд, тавсия дода мешавад, то он ҳусни табииашонро эҳтиёт ва нигоҳубин намоянд.
Мегӯянд, вақте ботин зебост, симои зоҳирӣ низ зебо мегардад. Яъне, мушкиле, ки дар пӯсти дасту рӯй ва гардан пайдо мешавад, пайвастагӣ ба бемориҳои узвҳои даруна доранд. Аз ин хотир, бонувони азиз, ҳусни расо, чеҳраи ҷавон ва саломатии бардавом аз таваҷҷуҳи шумо ба солимии руҳу танатон вобастагӣ дорад.
Ҳамеша зебо бимонед!
АНОҲИТО