Бањор фасли зебо ва фасли љашнњост, ки мардум аз љомањо берун шуда, пироњанњои идона ба бар менамоянд, бахусус бонувон. Чуноне ки дар коргоњ пўшидани либосу ороишот меъёри муайяне дорад, дар базму тараб низ мебояд баъзе нозукињои ороставу перостагї риоя гардад.
Маќоли халќии «одаму либос, хонаву палос» то љое бамаврид гуфта шудааст, зеро дар њама њолат одамон нахуст ба зоњири инсон, тозагиву мураттабии зистгоњи ў эътибор медињанд. Дар њамаи давру замон шахсони зебо, покиза ва олуфта соњибэњтиром ва мавриди таваљљуњанд. Пеш аз ба чорабиние ташриф овардан тозагии шахсиро мебояд таъмин кард, ба монанди тозагии нохунњои дасту пой, покизагии либос ва мўйњои шуставу ородода. Пироњани њамвору дарзмолкардашуда таљассумгари олуфтагист. Атру гулоби ба пироњан пошида набояд зуд ба машом бархўрад ва атрофиёнро нороњат созад.
Аз тарзи либоспўшии шахс таассуроти аввалин пайдо гашта, баъди муоширати андак ба сатњи донишу маънавиёти шахс бањо дода мешавад. Дар ќиёс ба мардњо бонувон бештар имконият доранд, ки навъи либос, матоъ ва рангу тобиши онро интихоб намоянд.
Њангоми ба бар кардани либос ба ќоидаи асосї – мувофиќати ваќту замон ва муњит таваљљуњ мебояд. Пироњанњои зебои љилодор, симину заррин ва сернаќшу нигори чашмрас ва дўхти гуногундоштаро на барои коргоњ, балки мањз дар рўзи љашну маросимњои анъанавї ба бар менамоянд, ки он њам бояд меъёри муайяни ороишотро доро бошад. Либоси аз матоъњои атласу адрас, абрешим, чакан, махмал ва ѓайра, ки бо завќи баланд ва шево тањия шудаанд, барои љашну сурур мувофиќанд. Баробари ба бар кардани чунин пироњанњо бонувон бояд ба сарпўш, пойафзол, дастанљом ва ороишот эътибори љиддї дињанд. Аз рўи имкон рангу тобиш ва сифати абзорњои зерин бояд ба њам мувофиќ бошанд.
Барои возењ нишон додани сафедии пўсти рўй ва бадан либоси ранги сурх мувофиќ аст. Ранги зард бошад ба сафедии рўй љилои ранги бунафшро медињад. Одатан рангу тобишњои либосро чунин интихоб менамоянд:
Нафароне, ки мўйњои зард доранд, рангу тобишњои пасту нарм, ба монанди ранги сафед ва ширї ба онњо хеле зебанда аст. Љилои норинљї низ мувофиќ мебошад.
Ба шахсони мўйњои сиёњдошта ранги кабуди возењ ва бунафш мувофиќ аст. Њамчунин, рангњои сурхи баланд, сабз, љигарї ва тобишњои мулоими ранг низ ба ин гурӯњи бонувон айни муддаост.
Ранги сиёњ тобишу љилои дигар рангњоро ба худ фурў мебарад ва дар маросимњои хурсандї ба бар карда намешавад. Ба истиснои он њолатњое, ки ранги сиёњ бо дигар рангњо даромехта, љилодоранду пироњани љашниро мемонанд.
Дар љашну маросимњои анъанавї пўшидани либосҳои шаффоф, танг, нимурён диќќати атрофиёнро ба суроби бадан ва љойњои намоёни он љалб карда, нуфуз ва обруи касро сарфи назар менамояд. Бо маќсади риояи тарзи дурусти либоспўшї ва тарѓиби либосњои миллї «Дастурамали либосњои тавсиявї барои духтарон ва занони Тољикистон» нашр ва ба шањрвандони кишвар пешнињод шудааст. Дастурамал хусусияти тавсиявї дошта, бо маќсади ба танзим даровардани тарзи либоспўшии миллї роњандозї гардидааст. Мутобиќи он дар љойњои љамъиятї гаштан бо калўш, дампої (шлёпка), либосњои тањпўш, хилъатњои хонапўшї, ласина, шимњои танге, ки љойњои барљастагии бадан намоён мешаванд, либосњо, ки аз матоъњои синтетикї тайёр шудаанду ба саломатї зарар доранд, тавсия намешаванд.
Мутахассисон баъди озмоишњои тулонї натиљагирї кардаанд, ки либос ба рафтор ва тафаккури одамон таъсири бевосита мерасонаду тобиши муайянеро дар андешаронии онњо ба вуљуд меорад.
Пўшидани либос худ тарбия аст ва месазад, ки бо њисси зебоипарастї бонувон бо назокату нафосат либос ба бар намоянду дар баробари ин хулќу атвори наку дошта бошанд, то сазовори пайравї гарданд.
СИМИН