Вақте ҳавои сард фаро мерасад, пӯсти мо ба ғизои иловагӣ ниёз дорад. Ҳарорати сард натиҷа беобии пӯст, ранги паридаи пӯст, сурхшавии пӯст ба чашм мерасад. Барои шумо, мо чанд маслиҳати косметологҳоро дар шароити хона омода кардем, ки ба шумо дар мавсими тирамоҳ кумак мекунад.
Ниқоб бо асал ва зардии тухм
Зардии тухми мурғро гирифта, бо каме асал омехта кунед. Пасон ба рӯи тозашуда молед. Пас аз 20 дақиқа шӯед. Нафароне, ки ҳассосият доранд, бояд аз ин истифода набаранд
Ниқоб аз ширу тухм
Камтар шири гармро гирифта бо зардии тухми мурғ омехта карда, муддати ду дақиқа интизор шавед, пасон онро ба рӯй молида баъд аз 20 дақиқа шӯед.
Ниқоб аз себ ва сабзӣ
Як дона себи кабудро бо як дона сабзӣ аз турбтарошак гузаронда, як қошуқ равғани зайтун илова карда, ба рӯй молед. Ва муддати 20 дақиқа дар рӯй нигоҳ доред. Ин ниқоб пӯстро мулоим намуда аз витамини Е таъмин мекунад.
Пӯсти намнокшудаи ҳамвор, дурахши солим дораду дар номусоидии обу ҳаво халалдор намешавад. Ва дар хотир доред, ки дар ин фасл маҳсулоти серғизо ва мевагиҳоро зиёд истифода баред, то ҳамеша солиму зебо монед.
Меҳронаи Ҷамшед