Аксарият дар интихоби либос ва баъзе ҷузъҳои он, яъне тарзу услуб, мувофиқати рангу тобишҳои он завқи хубе доранду иттилои кофӣ, аммо дар мавриди интихоби ороишоти заргарӣ на ҳама истифодаи дурусти онро ба роҳ монда метавонанд.
Ҳар як зару зевар қоидаҳои интихоб ва истифодабарии худро дорад, ки ба завқу табъи харидор ва ҳусни зоҳирии ӯ бояд мувофиқ бошад. Барои он, ки ороишоти писандида соҳиби худро зеботару нуқсонҳои ҷузъияшро рӯйпӯш намояд, на танҳо ба намуди зоҳирии ҷавоҳирот ва нархи он, балки ба синну сол, шакли панҷаҳои дасту ангуштон, дарозиву кӯтоҳии гардан ва тарҳи рӯй мебояд эътибор дод.
Ҳангоми харидории ангуштарӣ бояд синну сол ва шакли панҷаҳои дасти худро ба инобат гиред. Ба духтарон ва занони ҷавон бештар ангуштариҳои нозуку нафис ва нисбатан хурдтар бо тарҳи ороиши замонавӣ мувофиқ аст. Тарзи ороиши чунин ангуштариҳо бояд оддӣ ва нигинҳои он набояд бузург бошанд. Дар чунин ҳолат ангуштарӣ чашмрас нашуда, латифии пӯсти ҷавонро беҳтар таҷассум хоҳад кард.
Ба бонувони синни бузургтар ороишоти мувофиқ ҳамонҳое мебошанд, ки ҳаҷман калон буда, нигинҳои ороишии бузургтару арзишмандтарро дороянд. Мавҷудияти чунин навъи ороишот назокати занонаро бештар гардонда, аз завқи баланду зебописандии соҳиби он дарак меоранд.
Бонувони дорои ангуштони мавзун ва дароз метавонанд вобаста ба завқи хеш ангуштарии гуногунро интихоб намоянд. Ба онҳо одатан ангуштарии калони нигинаш гаронбаҳо ва ё ангуштарии пурнақшу нигори бе нигина зебанда аст. Ба ангуштони дароз ва мавзун бештар ангуштарие мувофиқ аст, ки қабати болои он рӯи панҷа хобад. Барои ангуштони дароз интихоб ва истифодаи ангуштарии хурд чандон муносиб нест, зеро он пушти даст қариб нонамоён мегардад.
Бонувоне, ки ангуштони кӯтоҳ доранд, набояд ангуштарии паҳну дарозро интихоб кунанд, зеро ангуштон ба назар кӯтоҳтар менамоянд. Барои ин гуна ангуштон интихоби ангуштарии сатҳи нигин ва қуббааш баланду барҷаста мувофиқтар аст, ки ба ин тариқ ангуштон мавзуну дарозтар ба назар мерасанд.
Барои ангуштон ва панҷаҳои фарбеҳ ангуштариҳои секунҷа, чоркунҷа, бисёркунҷа ва ё умуман кунҷдор зебанда аст. Кунҷакдор ва ассиметрӣ будани ангуштарӣ фарбеҳии ангуштонро аз назарҳо пинҳон медорад.
Барои панҷаҳои буғумҳояш барҷаста ва ноҳамвор ангуштарии паҳн ва дорои нигини калони гаронбаҳо мувофиқтар аст, зеро ангуштарии калону нафис диққатро бештар ба ҷавоҳирот ва нақшу нигори он ҷалб намуда, камбудии ангуштонро рӯйпӯш менамояд. Ангуштарии хурду нигинаш назарногир баръакс, норасоии панҷаҳо ва номавзунии ангуштонро намоёнтар мегардонад.
Куртаҳои нафиси занонаро, ки барои шабнишиниву ҷашнҳо пешбинӣ шудаанд, бо пойафзоли варзишӣ ба бар намекунанд. Ба монанди ин ангуштарӣ ва дастпонаҳои борику нафис бо гӯшвораҳои калонҳаҷм хеле нозеб хоҳад буд. Ҳамзамон якчанд ангуштарие, ки услуби ороиш ва сангҳояшон гуногунанд, ба ангуштон кардан аз безавқии кас дарак хоҳад дод, ба истиснои ороишоте, ки умуман нигин надоранд.
Дар дастон чанд ангуштариро ҷой додан ҷоиз аст, аммо дар як даст шумораи санги ороишӣ набояд аз якто зиёд бошад. Беҳтар он аст, ки дар даст аз ду адад ангуштарӣ зиёд нагузаронем.
Аксарият мепиндоранд, ки тиллои сафед бо тиллои зард номувофиқ аст. Баръакс, агар ороишот масалан аз ду навъи металл таҳия гардад, онро метавон хеле зебову бамаврид шумурд, ки ин аз ду ангуштарии аз металҳои гуногун сохташуда беҳтар аст.
Ангуштариҳои заррину нуқрагиро ҳамроҳ ба бар кардан номувофиқ аст, ҳатто агар ба дастҳои гуногун гузаронда шуда бошанд.
Агар шумо чанд ҷавоҳироти ба ҳамдигар мувофиқро харидан хоҳед, пас интихоби худро аз гӯшвораҳо оғоз кунед, сипас мувофиқи гӯшвораҳо метавонед занҷира, дастпона ва ангуштарии мувофиқ ҷудо намоед.
Аксари бонувон медонанд, ки ороишоти зиёду либосҳои гуногунрангро ба бар кардан дурушт ба назар хоҳад расид. Чунин тартиб ба ороишоти заргарӣ низ мутааллиқ аст. Масалан агар нигини ҷавоҳирот бо рангу тобишҳои либоси бадан мувофиқат нанамояд, пас онҳоро набояд ба бар кард. Санги фирӯзаро бо либосҳои обиранг ва сабз намепӯшанд, ёқутро бо абзори сурх ба бар наменамоянд. Ҳамчунин ҷавоҳирот бо ороишоти сохта (бижутерияҳо) мувофиқ нест.
Дар интихоби ҷавоҳирот агар мушкилӣ кашед, беҳтараш ороишоти тиллоии бенигинро интихоб кунед, аммо агар ҷавоҳири нигиндорро афзал шуморед, беҳтар он аст, ки санги он аз марворид ё алмос бошад. Муҳимаш дар ҳама ҳолат меъёр риоя карда шавад.
Ҳангоми интихоби ороишоти гардан ду омили асосиро мебояд ба инобат гирифт: синну сол ва сохти физиологии гардан.
Ба ҷавонзанони пӯсташон ҳамвору нозук занҷираҳои борику кӯтоҳи ба гардан зич, ё гарданбанди муҳраҳояш хурд мувофиқтар аст. Ба бонувони солор занҷира, овеза ва ё гарданбандҳо бо дарозии 45 -
Гардани кӯтоҳро занҷира, муҳра ва гарданбанде, ки ҳамагӣ
Ороишоти заргариро аз мағозаҳои махсус харидорӣ кардан муҳим аст. Ба нархҳои арзон ва тахфиф бовар насозед, чунки ҳеҷ гоҳ касе бар зарари хеш амал наменамояд ва қимати зар низ ҳеҷ гоҳ коста нагаштааст.
Ҳангоми харидани ҷавоҳирот вазни онро бо грамм чен намоед. Арзиши он бояд дар тамға дарҷ гардида бошад.
Ҳамчунин ба тамғаи он диққат диҳед, ки маҳаки он чӣ гуна асту кадом ширкат онро истеҳсол намудааст.
Сатҳи болоии маҳсулоти заргарӣ набояд тарқиш ва ноҳамвор бошад, балки ҳамвор, суфтаву ҷилодор ва бидуни изи харошёфта бошад. Ҳалкаи ангуштарӣ бояд ҳамвору нафис ва сангаш ноаёну мустаҳкам ба назар расад.
Ҳангоми истифодаи ороишоти заргарӣ қоидаҳои зерро мебояд мадди назар гирифт:
- ба ангуштон набояд ангуштариҳои зиёд гузаронда шаванд;
- ангуштариҳои борику нафиси нигини алмосдошта ба ангушти хурдтарин ҷой дода мешавад;
- ду ороишоти якрангро ба ангуштони як даст намегузаронанд;
- ба ангушти ишоратӣ танҳо ангуштариҳои калонҳачм ва ё шаклан ғайриоддӣ ҷой медиҳанд;
- ба даст, хусусан ба дасти рост танҳо як дастпона гузоштан зарур аст;
- сӯзани қуббаро ба либоси якранг меовезанд, ки
- тамоми ҷавоҳирот бояд дар ҳуққаи дарунаш махмалӣ нигоҳ дошта шаванд;
- набояд ба маснуоти заргарӣ маводҳои кимиёвӣ, реактивҳо ва хокаҳои ҷомашӯӣ расад, зеро баъзеи онҳо ба ин маснуот зарар мерасонанд.
- ба маснуоти заргарӣ муҳит – нури офтоб, рутубати ҳаво ва маводҳои кимиёвии мавҷуда низ метавонанд таъсири ногувор расонанд;
- ҳангоми амалҳои ҷисмонӣ ва шуғл ба варзиш, иҷрои корҳои хона, махсусан шустушӯй, ки бо маводҳои таркибашон хлор ва ишқордор сару кор мегиред, маснуоти заргариро ҳатман як сӯ гузоштан зарур аст;
- ҳини молидани малҳамҳои косметикӣ ва равғанҳои ороишӣ маснуоти заргариро аз бадан дур кардан зарур аст. Кӯшиш намоед, ки болои ороишоти тиллоӣ малҳам ва дигар молиданиҳо, ки дар таркиби худ симоб доранд, наафтанд. Симоб ҷилои зарро вайрон сохта, ранги онро тағъйир медиҳад.
Ҳар як ашёи алоҳида барои оройиш, хусусан ҷавоҳирот метавонанд таҷассумгари симои воқеии шумо бошанд. Агар дар ҳама ҳолат меъёри овехтани онҳо дуруст роҳандозӣ гарданд, ҳусну ҷамоли соҳиби хешро афзун сохта, аз табиати зебоипарастии ӯ дарак меоранд ва баръакс, риоя накардани қавоид ва меъёрҳои дурусти истифодабарии маснуоти заргарӣ ва ороишӣ нуфузу мартабаи касро коҳиш хоҳанд дод.
Ситора АШӮРОВА