Дар мавриди Боғи ҳайвоноти Душанбе сару садоҳои зиёде мавҷуданд, ки гӯиё он ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ несту теъдоди ҳайвонот низ рӯ ба коҳиш ниҳода. Аз ин сабаб шумораи тамошогарон низ рӯз ба рӯз кам мешавад.
Ба талқини ҳикмати «Шунидан кай бувад монанди дидан», рӯ овардем ба таҳқиқи мавзӯъ. Баробари вориди боғ гардидан, дар мо эҳсосе зуҳур ёфт, ки гӯиё ин ҷо макони тафреҳиву фароғатӣ бошад, на боғи ҳайвонот. Дар даромадгоҳ аз ду ҷониб ошхона ва гирду атрофи он пур аз аттраксиону чархофалакҳо ба назар мерасад. Ба худ андешидам, ки шояд барои дидани вуҳуш назди қафасу катакҳои ҳайвону парандаҳо низ пур аз роғибон бошад, вале гумонам ботил баромад…
Боғе, ки замоне пур аз тамошогарон буд
Нафароне, ки дар солҳои аввали таъсис аз ин боғ дидан менамуданд, бо хушнудӣ ёд меоранд, ки риштаи тамошогарон аз ин макон канда набуд. Дар ин ҷо бо момои Шарифаи Ванҷӣ вохӯрдем. Ӯ, ки наберагонашро барои тамошо ба боғи ҳайвонот оварда буд, каме бо ёдоварӣ аз овони наврасияш изҳори таассуф намуд, ки аз боғи замоне овозадор, ки яке аз марказҳои ҷолибу ҷозибе ба шумор мерафту ҳамагон диданашро орзу менамуданд, танҳо номаш мондааст. Тавре ӯ мегӯяд: «Гурӯҳ-гурӯҳ наврасон ҷамъ шуда, навбатпоӣ менамудем, то фурсати ба шаҳри Душанбе рафтани автобусҳо фаро бирасаду вуҳушу туюри нодир ва дигар ҷонваронро дар боғи ҳайвонот бо чашми сар бубинем». Ба гуфтаи момои Шарифа он солҳо теъдоди ҳайвонҳо зиёд буд ва ин боиси афзудани бинандагон мегардид. Дар баробари тамошои ҳайвоноту парандагон, дар хусуси онҳо ба тамошогарон маълумот низ пешниҳод мешуд.
Худоёр Раҳимов, яке аз экологони кишвар, мегӯяд: «Танҳо аз дохили кишвар, балки аз дигар ҷумҳуриҳо, аз қабили Ӯзбекистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Украинаву Беларус ба Тоҷикистон ташриф меоварданду мегуфтанд, ки Боғи ҳайвоноти Душанбе яке аз беҳтаринҳо дар Осиёи Марказӣ мебошад».
- Дар назди боғи ҳайвонот бошгоҳи зоологони ҷавон фаъолият мекарду теъдоди зиёди олимони ҷавонро фаро мегирифт. Дар толори махсус мутахассисон барои тамошогарон оид ба олами вуҳуш маърӯзаҳо ироа мекарданд, - бо ёдоварӣ аз он замон иброз дошт Раҳимов.
Имрӯзи боғи вуҳуш
Аммо, имрӯз баробари вориди Боғи ҳайвоноти Душанбе гардидан, бо шеру паланг ва бузинаву хирсҳое рӯ ба рӯ мешавӣ, ки дохили қафаси оҳанину фарсуда ва тангу торик ҷой дода шудаанд. Дар кунҷи дигари боғ уштуру ҳайвонҳои хонагиву ваҳшӣ ва дигар намуди парандаву хазанда ва морҳо ба назар мерасанд. Ба гумон аст, ки ин ҳолат тамошогаронро зиёд ба худ ҷалб намоянд. Ин дар ҳолест, ки масъулони боғ аз афзудани ҳайвонот назар ба солҳои қаблӣ ҳарф мезананд.
-Дар боғи вуҳуш дар ҳоли ҳозир 899 намуд ҳайвон ва парандаву хазанда мавҷуд мебошад. Дар ду соли охир теъдоди оҳуву паранда ва оилаи ҷуфтсумҳо афзоиш ёфтааст, ки онҳо аз кишвари Қазоқистон бо роҳи табодул оварда шудаанд,- мегӯяд Маҳмадалӣ Шарифов, директори Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе.
Чанд соли пеш ба боғ баҳмут оварда шуд. Бо гузашти чанд моҳ он ба ҳалокат расид. Сабабашро масъулони боғ ба захмӣ гардидани пойи пешаш ҳини таҳвил бо ҳавопаймо нисбат медиҳанд. Суоли матраҳ ин аст, ки чаро ба табобаташ тадбир наҷустанд? Ин дар ҳолест, ки ба иқрори роҳбарияти боғ гӯё байторон ҳамарӯза ҳайвонҳоро аз назар мегузарондаанду сари вақт онҳо ба табобат фаро гирифта мешудаанд. Ҷониби дигари масъала, бӯи бади фазову муҳити боғ ва атрофи он аст. Дар фасли гармо на танҳо дар дохили боғ, балки дар гирду атрофи он сайругашт намудан ғайриимкон аст. Ҳарчанд масъулон мегӯянд, ки ҳамарӯза дохили қафаси ҳайвоноту парандагон тоза карда шуда, дар як моҳ як маротиба бо маҳлулҳои махсуси рафъкунандаи бӯй ҳайвонҳо шуста мешаванд, ҳамоно бӯи бад табъи тамошогаронро хира менамояд. Иддае аз тамошогарон бар он назаранд, ки аттраксиону чархофалакҳо ва ошхонаҳо низ бояд аз дохили боғ берун карда шаванд.
– Ҳамарӯза дар кишварамон боғҳои фарҳангиву фароғатӣ бунёд гардида, аттраксиону чархофалакҳои фаровон насб мешаванд. Боғи ҳайвонот танҳо барои тамошои вуҳушу туюри нодир бояд бошад. Ошхонаҳои дохили боғ низ ба талаботи беҳдоштӣ ҷавобгӯ набуда, дар баробари нархи гарон бӯйи ҳайвоноту парандагон ва хазандагон имкони бо иштиҳо истеъмол кардани хӯрокро аз байн мебарад. Дар баробари ин, гирду атрофи боғ пур аз магас аст, ки барангезандаи бемориҳои сироятӣ мебошад,- гуфт дар суҳбат бо мо Хуршед ном тамошогари боғи вуҳуш.
Чӣ бояд сохт?
Зимни яке аз нишастҳои матбуотии соли 2016 шаҳрдории Душанбе гуфта буд, ки дар пойтахт боғи нави ҳайвонот бунёд мегардад. Аммо, то ҳол маълум нест, ки ин боғ дар куҷо ва бо чӣ тарз сохта мешавад? Масъулони Боғи ҳайвоноти Душанбе низ дар ин иртибот зикр карданд, ки пешниҳод сари ин мавзӯъ ба шаҳрдорӣ ирсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, эколог Худоёр Раҳимов мегӯяд, ки барои ҳамқадами замон будан, мебояд боғи вуҳуши замонавӣ сохт, зеро аз бунёди боғи ҳайвоноти ҳозира 57 сол сипарӣ гардида, мавқеи ҷойгиршавиаш низ мувофиқ нест. Ба иқрори ӯ, боғи вуҳуши замонавӣ бояд дар ҷойи кушоду барҳаво ва замини калон бунёд гардад. Набояд ҳайвонҳо мисли боғи имрӯза дар қафасҳои оҳанини танг ҷой дода шаванд, балки аз имкони озодона сайругашт кардан бархӯрдор бошанд.
-Дар баробари ин бигзор дарсҳои зоологияву биология дар боғ гузаронда шуда, донишҷӯёне, ки дар факултаҳои марбута таҳсил менамоянд, бояд дарсҳои амалиашонро дар ин ҷо гузаронанд. Муҳимтар аз ҳама, теъдоди ҳайвоноту парандагону дарандагони нодирро афзудан лозим асту дар як кунҷи боғ дукони фурӯши хӯрокаи онҳоро ба роҳ мондан. Ин амал имкон медиҳад, то буҷети боғ ғанӣ гардаду ҳайвоноту дарандагону парандагон аз истеъмоли хӯроквории тасодуфӣ ҳифз шаванд,-гуфт Х.Раҳимов.
Шаҳдрезаи АБДУРАҲИМ