Маҷмаи лижаронии «Сафед-Дара» соли 1976 бунёд гардида, дар аввал онро «Сафедорак» ном мебурданд. Солҳои 2015–2016 бо тармиму азнавсозӣ гардидан, ин мавзеи сайёҳӣ номи «Сафед-Дара»-ро ба худ касб намуд.
Таърифи ин маҷмаи пуршукӯҳу замонавиро шунидаву аз тамошои наворҳо мафтуни табиати афсункораш гаштам. Фурсати муносиб фаро расид, то рӯ ҷониби мавзеи «Сафед-Дара» биорем. Бо як гурӯҳи журналистон савори микроавтобус раҳсипор шудем. Ҳар яке хотироти сафари соле қаблашро дар он ҷо ба ёд меовард. Нақли онҳо маро ба ваҷд овард, мехостам ҳар чи зудтар ба кӯи мурод бирасем. Кӯҳҳои сар ба афлок ҷомаи сафед ба бар намуда, ба машом бӯйи барфи навборидаро меорад. Хаёламро ба даврони кӯдакӣ, замони барфбозиҳо болои теппаву даштҳо бурд ва гузашти лаҳзаҳоро пай набурдам. Як соатро дар роҳ сипарӣ намуда, расидем ба макони орзуҳо…
Моро муовини директори маҷмаи «Сафед-Дара» Азамат Мансуров бо чеҳраи гарму табассум пешвоз гирифт. Чун аз мақсадамон воқиф шуд, бе чуну чаро роҳбаладиамон намуд. Саҳни маҷмаа бо арчаи зебое ороста гардида, дар канори он хонаи «Бобои барфӣ»-ро дидем, ки дохилаш Бобои барфӣ менишаст. Аз ду ҷониби роҳи даромад, хоначаҳои афсонавӣ сохта шудаву дохили онҳо ҷиҳози гуногун ва анвои хӯрданӣ фурӯхта мешаванд. Ҳамагон бо либосҳои махсуси зимистона ба лижарониву яхмолакбозӣ машғул. Назарамон ба одамоне бархӯрд, ки аз хориҷи кишвар омадаву тӯли чанд рӯз мешавад, ки ин ҷо бо фарзандонашон хушҳолӣ менамоянд. Агарчи дохили маҷмаа шудан ройгон аст, истифода кардан аз хизматрасониҳо пулакӣ мебошад. Барои ошноии бештар пайдо намудан аз шароити «Сафед-Дара» рӯ овардем ба ҳуҷраи кирояи либосу лавозимот. Дар ин ҷо либосҳои махсуси зимистона ва анҷомҳо–назири айнаки чашм, дастпӯшак, ҷиҳоз барои яхмолакбозиву лижаронӣ ва монанди инҳо, ба меҳмонон иҷора дода мешаванд. Кироя намудан аз 15 то 150 сомонӣ арзиш дорад. Ва рӯзҳои истироҳат қимати хидматона боло медавад.
Бозӣ дар майдони яхмолак, савори мошини барфгард ва роҳи ҳавоиву танобӣ аз машғулиятҳое дониста мешаванд, ки муштарии зиёд доранд. Ҳамчунин, қисмате аз тамошобинон савори аспҳо даври маҷмааро чарх мезананд. Арзиши ин намуди хизматрасониҳо 20–225 сомониро ташкил медиҳад. Дар рӯзҳои истироҳатӣ нархи он 40–50 фисад боло меравад. Бояд гуфт, ин нарх танҳо барои калонсолон буда, арзиши хизматрасонии наврасон нисбат ба онҳо камтар аст.
Меҳмонхонаи замонавӣ ва «Spa Hayot»
Дар «Сафед-Дара» меҳмонхонаи чорошёнаи замонавӣ бунёд гардидааст. Он дорои 54 ҳуҷра (аз як то панҷҳуҷрагӣ) аст, дар онҳо имкони оилавӣ истироҳат кардан муҳайёст. Дар баробари ин, ВИП-ҳуҷраҳо ҳам бо тамоми шароитҳои замони муосир барои хизматрасонии меҳмонон ба роҳ монда шудаанд. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо телевизору телефонҳо ва кондитсионеру дигар навъи таҷҳизот муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Ҳар нафаре, ки мехоҳад ин ҷо рӯзашро сипарӣ намояд, бояд ҳатман пешпардохт кунад. Маблағи кирои якҳуҷрагӣ барои 2 ҷойи хоб дар рӯзҳои корӣ 440 ва рӯзҳои истироҳатӣ 700 сомониро ташкил медиҳад. Ба ин маблағ ҳатман хӯроки субҳгоҳӣ, тамошои филмҳо дар кинотеатр ва бозии билярду тенниси рӯи миз шомил мешаванд. Бояд гуфт, пардохти маблағи тамоми хизматрасониҳо бо корти махсус амалӣ мегардад.
Барои солимии меҳмонону бошандагон, канори меҳмонхона филиали маҷмаи варзишиву солимгардонии СПА-ҳаёт (Spa Hayot) кушода шудааст. Ин ҷо намудҳои гуногуни хизматрасонӣ -ҳавз, буғхона, ҷакузӣ, ҳуҷраҳо барои маҳс ва толори варзиш пешкаш гардидаанд. Истифода кардан аз ин намуди хизматрасонӣ дар як рӯз ду соат иҷозат дода мешавад, ки арзиши он 80 сомониро дар бар мегирад.
Аз ғизои миллӣ то аврупоӣ
Баъд аз каме сайругашт аз макони дилрабо барои тановули хӯрок рафтем. Дар дохили маҷмаа чор ошхона мавҷуд аст. Ҳар кадоме таомҳои гуногунро омода менамояд. Ба яке аз он ошхонаҳо, ки болои дараш BBQ (барбекю) навишта шуда буд, ворид шудем. Маълум гашт, ки ин ҷо намудҳои гуногуни сихкабоб омода мегарданд. Дар ҷойи дигар, ки чойхона унвон дорад, хӯрокҳои миллӣ–аз қурутоб сар карда то оши палаву дигар анвои таомҳо пешкаши мизоҷон мешаванд.
Ҳамин тариқ, аз ҳамаи ошхонаҳо дидан намудем ва дар яке аз онҳо гурӯҳи калони сайёҳони хориҷиро вохӯрдем, ки аз кишварҳои Россияю Беларус, Амрикову Итолиё ва Фаронсаву Британияи Кабир ташриф оварда будаанд. Бо яке аз хонумҳо, ки худро Диана аз Фаронса муаррифӣ намуд, суҳбати кӯтоҳе анҷом додем. Чун аз таассуроташ бобати шарту шароити маҷмаа пурсидем, бо хушнудӣ гуфт: «Агар медонистам, ки ин ҷо боду ҳавои тозаро нафас мекашам, муҳлати сафарамро тӯлонитар менамудам. Дар баробари боду ҳавои тоза бароям таомҳои миллии тоҷикона, бавижа, қурутоб писанд омад. Ният дорам, ки соли оянда ҳамроҳи дӯстонам ба ин ҷо дубора сафар намоям».
Анвои хӯрока танҳо барои нисфирӯзӣ, ки ба он 2 намуди таом, хӯриш ва нӯшоба шомил мегардад, 40–45 сомониро ташкил дод. Яъне, метавон гуфт, ки ин маблағ барои мардуми мо на гарон асту на арзон.
Мактаби лижаронӣ
Сипас сайругаштро идома додем. Дар дохили маҷмаа мактаби махсуси лижаронӣ бунёд ёфтааст. Аз ҷониби устодони моҳир ба дӯстдорони ин намуди варзиш нозукиҳои касби мазкур омӯзонда мешавад. Инчунин, дар фасли зимистон, бештари варзишгарони ин соҳа машқҳои амалияшонро дар ин ҷо сипарӣ менамоянд. Таълим дар мактаби лижаронӣ пулакӣ ва ҳам ройгон ба роҳ монда шудааст. Тамоми сол хоҳишмандон қабул гардида, устодон онҳоро ба мусобиқаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ омода менамоянд. Шоҳиди тамрини таълимгирандагон шудем. Воқеан ҳам, таълимгоҳи мазкур бо тамоми лавозимоти замонавӣ таъмин буда, имкони фарохро барои омӯзиши ин навъи варзиш фароҳам сохтааст.
Баробар ба он ҳама дар ин макони афсонавӣ чашмае низ арзи вуҷуд дорад, ки обаш софу ширин буда, дар баландии 2539 метр ҷой гирифтааст. Вале, дар фасли дай имкони рафтан ба он ҷо мушкилтар мегардад. Зеро, аз сабаби бориши зиёди барфу яхбандӣ ва дар баландӣ ҷойгир буданаш, то як андоза имконияти пиёда рафтан аз даст меравад.
Ин мавзеъ ҷойҳои диданӣ ва хизматрасониҳои зиёди шавқовар дорад. Яке аз хизматрасониҳо, ин роҳи симӣ (ҳавоӣ) аст, ки ба «Сафед-Дара» рафта, савори он нашудан ғайриимкон мебошад. Инро мошини танобӣ низ меноманд, ки бо воситаи он ба 2600 метр баландӣ рафта, аз он ҷо имкони тамошои тамоми маҷмаа ва худи ноҳияи Варзоб фароҳам мегардад.
- Дар оянда ният дорем, ки дар дохили маҷмаа боғи вуҳуши замонавӣ барои кӯдакон таъсис дода, ҳайвонҳои нодиреро, ки ба хунукӣ тобоваранд, дар ин боғ ҷой бидиҳем. Ҳамчунин, ҳавзеро созмон дода, дар он моҳиҳои гуногун парвариш намуданием. Дар гирду атрофи он, барои омода намудани моҳӣ, шароит фароҳам оварда мешавад, то ин ки ҳар нафаре ба ин ҷо ташриф меорад, худ моҳиро дошта, ғизо омода созад. Аз ин машғулият барои худ кайфияте бигирад,-иброз дошт Азамат Мансуров.
Бунафша РАҲМОНОВА