Бонувони зиёдеро вохӯрдан мумкин аст, ки назар ба синну солашон ҷавон менамоянд. Пӯсти рӯяшон поку пурҷилло буда, бидуни ожанг мебошад. Вақте аз онҳо сирри ҷавон монданашонро пурсон мешавед, ҳар кадоме шарҳи худро доранд. Аммо қоидаҳои умумие низ вуҷуд доранд, ки пеши роҳи пиршавии шуморо мегиранд:
Қоидаи аввал: кӯшиш намоед, то хӯрок ҳазм шавад
Рӯдаҳо бояд мисли соат кор кунанд. Аз қабзият дӯрӣ ҷӯед. Зеро қабзият, ин заҳролудшавии бадан аст. Рӯдаҳои мо ҳамсони решаҳои дарахтанд, агар онҳо солим бошанд, организм мутобиқи он фаъолият менамояд ва инсон ҳам умри дароз хоҳад дид. Солимии рӯдаҳои мо, пеш аз ҳама, ба хӯрок вобаста аст. Сабзавот ва меваҳои тарру тоза, оби тоза, субҳгоҳон нӯшидани чойи бобуна ба зебоии пӯст таровати бештар мебахшад. Дар хотир бояд дошт, ки ҳолати пӯст то андозае аз миқдор ва сифати оби нӯшокии мо вобастагӣ дорад.
Тозагии пӯст низ аз ин раванд вобаста аст. Барои нигоҳ доштани ҷавонӣ ва бартараф сохтани мушкилиҳое, ки ба солимии бадан рабт дорад, ҳамарӯза 1,5-2 литр оби табиӣ бинӯшед. Обе, ки ҷисми шуморо аз энергия ва оксиген пур мекунад. Дар натиҷа пӯсти шумо ҳамвор, ҷилодор ва форам хоҳад шуд.
Қоидаи дуюм: хоби хуш
Набудани хоб душмани бадтарини зебоии пӯст ва мӯй аст! Кӯшиш кунед, ки дар вақти муайян хоб рафта, субҳ аз хоб сабук бархезед. Хоби хуш барои ашхоси калонсол аз соати 21.00 то 6.00 муайян шудааст. Пас аз хоби бароҳат маълумоти нолозим аз хотираи инсон худ пок мешавад.
Қоидаи сеюм: ҳавои тоза - дӯсти зебоист!
Агар шумо тамоми рӯз дар утоқи корӣ менишинед, пас, ҳадди аққал баъд аз кор пиёда ба хона равед. Дар хона тирезаҳоро ҳамеша кӯшода нигоҳ доред. Дар зимистон бештар ин амалро иҷро намоед. Рӯзҳои истироҳат, бештар пиёда ва дар ҳавои тоза қадам занед.
Сирри дигари нигоҳ доштани зебоӣ ва ҷавонӣ ин аз қабули ҳаммом аст. Пӯст организми зинда аст ва дар он токсинҳо (моддаҳои заҳролуд) ҷамъ мешаванд, ки зарур аст аз онҳо пок шуд. Ин ҳолатро метавон танҳо бо роҳи буғ бартараф намуд.
Қоидаи чорум: Витаминҳо!
Дар фасли зимистон на ҳамаи мо имкони харидорӣ намудани сабзавоту меваҷотро дорем. Ва ҳам дар ин фасл теъдоди витаминҳои меваю сабзаҷот низ камтар аст, зеро онҳо дар ин мавсим гармхонаианд. Пас, кадом навъи маҳсулотҳоро дар фасли сармо метавон истеъмол намуд, то онҳо аз витаминҳо бой бошанд?
Дар зимистон, витаминҳои бештар дар меваҳои хушк мавҷуданд. Бештар нӯшобаҳоеро бинӯшед, ки аз меваҳои хушк омода гардидаанд. Инчунин, ҳангоми наҳорӣ аз ярмаи ҷав, зардолуву мавизи хушк истеъмол намоед. Аз хуч нӯшоба омода карда, ба таври мунтазам бинӯшед.
Агар ҳаррӯз ярмаи ҷав, помидор, афлесун, чой ва йогурт истеъмол намоед, дар ин сурат шумо метавонед пирӣ ва хастагиро фаромӯш созед. Ба варзиш машғул шуданро низ набояд фаромӯш сохт. Мутахассисон дақиқ кардаанд, ки агар маҳсулотҳои зерин: лӯбиё, караму гулкарам, ярмаи ҷав (овсянка) афлесун, каду, моҳӣ, чойи сиёҳу кабуд, помидор, гӯшти кабк, чормағз ва йогуртро дар як ҳафта на камтар аз 4 маротиба тановул намоӣ, на танҳо ҷавон мемонӣ, балки аз фарбеҳшавӣ низ эминӣ.
Қоидаи панҷум: кайфияти дарунӣ ва ҳолати рӯҳӣ!
Як сирри дигари нигоҳ доштани ҷавонӣ, ин пешгирӣ аз эҳсосоти бад мебошад. Ин хосият муҳимтарин талаботи зебову ҷавон мондан аст.
Ба шумо қиёмеро тавсия медиҳем, ки онро "қиёми ҷавонӣ" ном мебаранд. Маҳсулотҳои таркибии он ҳуҷайраҳоро ҷавон менамояд. Ин навъ қиёмро аз синни 30-солагӣ истеъмол намудан мумкин аст:
200 гр бобуна, 100 гр тугмагул (бессмертник), 100 гр чойкаҳак ва 100 гр навдаи тӯсро майда карда, дар чойник чой дам мекунем. Як истаконӣ шаб пеш аз хоб ва субҳ ним соат пеш аз хӯрок онро менӯшем. Нӯшобаро давоми як моҳ нӯшидан лозим аст. Истифодаи такрорӣ пас аз 5 сол муқаррар шудааст.
Бунафша