Ҳуҷраи асосии ҳар хонавода, бешубҳа, меҳмонхона аст, ки ба тарзи замонавӣ ороиш додани он орзуи ҳар соҳибхона мебошад. Аммо на ҳама мустақилона аз уҳдаи ороиши он мебароянд. Ҳарчанд нақшаеро тарҳрезӣ кардаанд, ҳамоно ба дурустияш ба дил шубҳа доранд.
Дар ин маврид ёрии хонапардозон (дизайнер-интерйер) муфид хоҳад буд, ки вобаста ба таҷриба ва тахайюли рангини хеш онҳо мекӯшанд, ҳуҷраро зебову замонавӣ оро диҳанд. Ҳусейн Қудратов, ки чанд сол боз ба шуғли хонапардозӣ машғул аст, барои ороиши замонавии меҳмонхонаи хонандагони «БТ» чанд маслиҳати муфид пешниҳод намуд:
Фарш ва сақф
Барои рӯйпӯш намудани қабати болои фарш аз масолеҳи зуд шусташаванда истифода бурдан беҳтар аст. Маҳсулоти камхарҷ ва универсалӣ паркет ва ё линолеум мебошад, зеро аксаран болои фарш қолин густурда мешавад. Аз баландии сақфи хона бисёр чизҳо вобаста аст. Масалан, агар шумо хоҳед, ки сақфро бо гулу фурӯзонакҳо оро диҳед, дар ин маврид баландии ҳуҷра бояд беш аз 3 метр бошад. Барои одӣ зиннат додани сақф тавсияи хуб - якранг будани он аст.
Рангубори деворҳо
Ҳангоми интихоби ранг барои оро додани деворҳои меҳмонхона ба равшании хона мебояд аҳамият дод, зеро ранг метавонад аз ҳар ҷониб тобиши дигар диҳад. Дар як ҳуҷра аз чанд ранг истифода бурдан низ дуруст аст. Масалан, барои самти шимоли ҳуҷра рангҳои нарм ва гармибахш мувофиқ аст, ки норасоии нури офтобро пурра месозанд, аз қабили рангҳои зард, сабз, қаҳваранг ва ё шакалодӣ. Агар тиреза дар самти ҷануб ҷойгир бошад, мебояд аз рангҳои сард истифода кард, ки он ҷо шуои офтоб басанда аст: рангҳои осмонӣ, кабуд, фирӯзагӣ ва сафед мувофиқ мебошанд. Барои ороиши қисми шарқии ҳуҷра беҳтар аст, ки аз рангҳои гармибахши равшан истифода бурд. Масалан, рангҳои гулобии нафис, асалранг ва шафтолугӣ. Агар тирезаҳо аз самти ғарб ҷойгир бошанд, истифодаи рангҳои сард беҳтар аст, ба монанди хокистарранг, кабуд ва пудинаранг.
Мутобиқати рангҳо
Якранг. Якранг ороиш додани деворҳои ҳуҷра масоҳатро васеъ нишон медиҳад ва айнияти он маҳфуз мемонад. Рангҳо дорои ҷилоҳои гуногун буда, навъҳои омехтаи он намои дохили ҳуҷраро бемислу монанд мегардонад.
Рангҳои беасар. Чунин навъи рангҳо дар девор касро ба дунёи хаёлоти рангин ғӯтавар месозад. Рангҳои пасту нафис бештар вақти ороиши классикии меҳмонхона мувофиқтар мебошанд, ки ба деворҳо ҷилонокии бештар зам менамоянд ва эҳсоси роҳатро ба вуҷуд меоранд. Масалан, ранги хокистарии равшан дар якҷоягӣ бо қаҳваранг ҳузуру ҳаловатро фароҳам меорад.
Рангҳои возеҳ. Ин навъи рангҳо бештар ба услуби ороишии муосир мувофиқтаранд. Ин навъи рангубори ҳуҷра аз ҷасорати соҳибхона дарак хоҳад дод. Дар сурати омезиши дурусти рангҳо натиҷаи ороиш ғайричашмдошт хоҳад буд.
Мутобиқатии рангҳо. Ҳангоми рангубори деворҳо, агар мутобиқатии рангҳо риоя гардад, ҳуҷраи шумо боғи хушу хуррамро хоҳад монд. Рангубори деворҳои ҳуҷраро бо истифода аз усули градиентӣ (гузариши муттақобилаи рангҳо) метавон иҷро кард. Ин усул барои ҳуҷраҳои васеъ истифода мешавад, ки онро барои ҳуҷраҳои хурд низ мавриди истифода қарор додан мумкин аст.
Интихоби ҷиҳоз
Ҷиҳози меҳмонхонаро мувофиқ ба андоза, шумораи сокинон ва эҳтиёҷот мебояд интихоб намуд. Чун анъана, дар меҳмонхона диван, чанд адад роҳаткурсӣ, мизи маҷаллагузорӣ ва сафҷевон (стенка) гузошта мешаванд. Ҷевони китобҳоро аҳёнан мегузоранд. Дар ҳуҷра мизи хӯрокхӯрӣ ва ё хонтахта ҳам метавон гузошт. Аммо он набояд ба диван наздик гузошта шавад. Ранги мизу курсиҳо бояд ба ранги яке аз ҷиҳози хона монанд бошад.
Ороиши ҳуҷра аз усули интихобшуда иртибот дорад. Барои усули классикӣ ҷевонҳои оинадор мувофиқ аст. Гузоштани диванҳои мулоим, чармин ва ё аз матоъҳои зебову якранг таҳияшуда ба ҳусни хона зебоӣ зам менамоянд.
Ҳангоми ҷобаҷогузории ҷиҳозу ашёҳо ба шакли ҳуҷра таваҷҷуҳ кардан зарур аст. Барои ҳуҷраи чаҳоркунҷа ҷиҳози хона дар мобайн гузошта мешавад, вале, агар он росткунҷа аст, таҷҳизотро ба дарозии девор мегузоранд, то ки ҷойи ҳаракату гаштугузор мавҷуд бошад.
Ороиши парда
Ранги пардаи тирезаҳо набояд ба ранги деворҳои ҳуҷра монанд бошад. Ҳангоми интихоби парда кӯшиш намудан зарур аст, ки ранги он аз ранги девор равшантар ва ё ториктар бошад. Пардаҳои меҳмонхона дар мадди аввал бо ранги ҷиҳозҳо бояд мутобиқат намояд. Парда, ҳамчунин, равшании ҳуҷраро танзим менамояд.
Барои ҳуҷраҳое, ки тирезаҳояш дар тарафи шимол қарор доранд, пардаҳои рангҳои гармибахш ва дурахшон - қаҳваранг, зарин, зумуррадӣ ва норинҷӣ интихоб кардан мувофиқ аст, ки ба ҳуҷра гармӣ бахшида, ҳузуру ҳаловатро фароҳам меоранд. Барои тирезаҳои дар самти ҷануб ҷойгиршуда пардаҳои дорои рангҳои сард ва ором мутобиқанд, ба амсоли рангҳои кабуд, хокистарӣ, осмонӣ ва сафед.
P.S.:
Хонапардози мо, дар шумораи ояндаи маҷалла вобаста ба ороиши хонаи кӯдакон ба шумо маълумот медиҳад.