Барои зудтар хушк кардани лаки нохун ба косача оби хунук гирифта, ба он пораи ях андозед ва баъди молидани лак нохунҳоро дохили он нигоҳ доред...
Барои аз тирагиҳои зери чашмон раҳоӣ ёфтан, коғазхалтаҳои гарм ва хунуки чой хеле мувофиқанд. Онҳоро метавонед муддати 5 дақиқа ба зери чашмон гузоред...
Пеш аз ороиши рӯй ба лабон малҳам молед. Ҳангоме ки навбат ба лабсурхкунак мерасад, лабон то ин дам нарму маҳин мегарданд ва ранги лаб шинаму нозук меояд...
Барои дурудароз нигоҳ доштани накҳати атр онро ба мӯй, пушти гӯш ва банди даст мепошанд...
Чарби моҳӣ барои бартараф кардани нӯги мӯйҳои гулкарда хеле мувофиқ аст. Пеш аз саршӯӣ муддати 10 дақиқа чарбуро ба нӯги мӯйҳо молед, пас шӯед...