Ба ташвишҳои рӯзгор дода шуда, занону бонувон дар хусуси нигоҳубини мӯйи сарашон кам меандешанд. Дар назар бояд дошт, ки мӯйи сар танҳо барои зебоӣ набуда, якчанд вазифаи муҳимро дар организми мо иҷро менамоянд. Аввалан, мӯйҳо сари моро аз шуоҳои офтобӣ нигоҳ медоранду дар дуру дароз ҳифз кардани ҳар гуна маълумот дар хотираамон ёрӣ мерасонанд.
Мӯйи сари дарозу ғавс инъоми табиат аст, аммо, дар натиҷаи нодуруст нигоҳубини он, истифодаи химикатҳо ва норасоии витамину минералҳо дар бунияи инсон, мӯй борик мегардаду ба рехтан шурӯъ менамояд. Агар хоҳед, ки мӯйи саратон ғавсу дароз бошад, пас аз бахши тавсияи маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон» истифода бубаред.
Барои солимии мӯй шуморо лозим меояд аз тезиву шӯрӣ бипарҳезед. Давоми рӯз кабудиву сабзавот ва меваҷотро зиёд истеъмол намуда, ба андозаи 5 - 8 истакон об нӯшед. Бештар хӯрокҳои сабук (якум) бихӯред. Истеъмоли гӯшти гов, тухми харбуза, бодиринг, қаланфури булғорӣ низ барои афзоиши мӯйи сар ёрӣ мерасонад. Истеъмоли нони сиёҳ, тухми ҷӯшондашуда ва чормағз айни муддаост. Давоми ҳафта ду маротиба ба фитнес ва ё дар як рӯз ним соат таҳти навои мусиқӣ ба рақсидан шуғл биварзед.
Беҳтар аст, агар мӯйҳоятонро бо шампуну балзам камтар шӯед, зеро дар таркиби онҳо маводҳои кимиёвие мавҷуданд, ки сабаби рехтани мӯйи сар мегарданд. Шустани мӯи сар бо собуни сиёҳ ва ҷурғот тавсия дода мешавад. Пас аз шустан ба сар ҷурғот бимолед. Баъди 15 дақиқа онро бо оби ширгарм обгардон намоед. Ҷурғот решаи мӯйро мулоим намуда, резиши онро пешгирӣ менамояд. Мӯйи сари шумо ҷилонок гардида, зуд дароз мешавад.
Бонувони азиз, бо мӯйҳои зебои худ саломатиатонро ҳифз намоед!
Марҷонаи Файз