Малҳами «дуруст»-ро интихоб мебояд кард. Дар айёми сардиҳо пӯсти рӯй аз ҳарвақта бештар ба нигоҳубин ниёз дорад. Аз фурӯшандаи мағоза пурсон шавед, ки кадом малҳам барои фасли сармосту равғаннокиаш баланд. Чунин малҳамҳо пӯсти рӯйро аз беобшавӣ ва дуруштӣ нигаҳ медоранду дорои витаминҳои А, С ва Е мебошанд. Марҳамро 30 дақиқа пеш аз кӯча баромадан ба рӯй молед.
Рутубати муътадили рӯйро нигаҳ доред. Айёми сардӣ бо сабаби номуътадилии ҳарорати ҳаво ва норасоии витаминҳо пӯст рутубати худро ба осонӣ аз даст медиҳад. Малҳамҳоеро харидорӣ кунед, ки мувозинати обро дар пӯст барқарор месозанд. Ҳамчунин, нӯшидани оби зиёд фаъолияти ғадудҳои равғанро дар бадан муътадил мегардонад.
Дастпӯшакҳоро пӯшед. Мо одат кардаем, ки то пӯсти дастон хушку шахшӯл нагарданд, он вақт дастпӯшакҳоро истифода мекунем. Малҳамро чанд соат пеш аз хона баромадан, ба дастон молидан зарур аст.
Ҳаммоми на он қадар гарм кунед. Ба ин тариқ, баданро обутоб дода, пӯсти онро ҳифз менамоед. Маълум аст, ки шустушӯи бадан бо оби ҷӯш пӯстро хушку беоб мегардонад ва қабати муҳофизии онро нест месозад. Ҳамчунин, аз истифодаи собун дар фасли сармо даст кашед, ҳарчанд пӯсти бадан равғанин бошад. Бар ивази он аз гелҳои шустушӯӣ истифода намоед ва баъдан бо малҳамҳо пӯстро рутубатнок созед.
Қабули ғизо ва парҳезро ба танзим дароваред. Солимии пӯст бевосита аз тарзи дурусти хӯрокхӯрӣ ва парҳез вобастагӣ дорад. Ба миқдори зиёд истеъмол кардани сабзавот, моҳӣ, анвои ширӣ ва равғанҳои безарар ниҳоят муҳим мебошад. Ҳамчунин, витаминҳои Е, С РР пӯстро аз хушкшавӣ ва таъсири номусоиди муҳит эмин дошта, бар нурҳои ултрабунафш тобовар мегардонад. Ин витаминҳо дар барги салат, сабзӣ, пиёзи сабз, помидор, қаламфури булғорӣ, зайтун ва буттамеваҳои сурх хеле зиёданд.