Чӣ гуна мебояд дар тобистон рангубор кард?
Қоидаи асосии ороиши тобистона на он қадар зиёд истифода кардан аз маводи косметикӣ мебошад. Ҳангоми интихоби маводи ороишӣ ҳатман боду ҳаво ва таъсири он ба пӯстро ба инобат гиред. Дар аввал пӯстро омода намоед. Ҳангоми пӯстпартоӣ ва хушк шудани пӯст аз малҳамҳои поккунанда истифода баред. Ҳадди ақал дар як ҳафта як маротиба ба рӯятон скраб молед, то ин ки ҳангоми рангубор намудан пӯсти рӯй ҳамвор гардида, нафис ба назар бирасад. Маводи ороишии тобистона бояд сабук бошад ва ҳатман дар таркибаш моддаи ҳимояткунанда аз офтоб дида шавад.
Рангубори лаб
Пеш аз он ки аз лабсурхкунак истифода намоед, ҳатман ба лабонатон малҳами махсус бимолед. Дар шароити хона метавонед аз асал низ истифода кунед. Чунки дар натиҷаи аз меъёр зиёд будани дараҷаи гармӣ лабон хушк мешаванд. Кӯшиш намоед, то аз лабсурхкунакҳои обӣ истифода намоед ва равғаннокиву ҷилонокии онро бо воситаи рӯймолчаҳои махсус (салфетка) пок созед. Ранги он набояд аз ҳад зиёд равшан бошад. Аз лабсурхкунакҳои серранг бегоҳ ҳангоми ягон чорабинӣ истифода намоед.
Ороиши чашм
Ба манфиат аст, ки барои қисми поёнии чашмон на аз ранг, балки аз қалам истифода намоед. Дар сурати истифода бурдан аз ранг дар қисми болоии чашм беҳтараш онро бо воситаи чӯткачаи махсус тунук бимолед. Ранг бояд на серранги равшан, балки нимравшан бошад. Дар интихоби қалам ба иштибоҳ роҳ надиҳед, дар сурати ғайр ба чашмонатон хатари пайдо шудани доначаҳо таҳдид мекунад. Аз ин рӯ, қаламҳои сифатнокро харидорӣ намоед ва саломатиатонро ҳифз созед.
Интихоби туш ва «подводка»
Ҳамеша дар хотир доред, ки дар фасли тобистон ҳеҷ гоҳ аз туши сиёҳ истифода набаред. Туши рангаш кабуд ва қаҳварангро истифода бурдан ба маврид аст. Зеро ин намуди рангҳо чеҳраи одамро кушода ва тарҳи рӯяшро маҳину нафис нишон медиҳад. Онро низ набояд аз меъёр зиёд истифода бурд. Танҳо ду-се маротиба бо чӯтка миҷаҳоро боло бурдан лозим асту бас. Косметологон тавсия медиҳанд, ки хубтараш дар ин фасл аз «подводка»-и камравған ва ё умуман беравған истифода бурд. Аз сабаби гарм будани ҳаво, «подводка» ба рӯй шорида, тарзи рангуборро бесифат менамояд.
Тарзи истифодаи крем
Дар мавсими тобистон истифода накардан аз кремҳои гуногун ва ҳам ба истилоҳ «тональный» бисёр ба манфиат аст. Чункӣ дар ин айём креми мазкур хосияти торик кардани ранги рӯйро дорад. Ҳамчунин, дар таркибаш равған дошта, дар ҳарорати баланди гармӣ зуд об мешавад. Зарур мешуморем, ки аз малҳамҳои одӣ ва ё «праймер»-ҳо истифода намоед. Барои пӯсти рӯйе, ки мушкилӣ дорад, танҳо шабона ҳангоми тӯю маъракаҳо истифода бурдани креми беравған тавсия дода мешавад.
Тавсия барои пӯсти рӯй
Дар фасли тобистон пӯст аз худ равған ҷудо карда, боиси зуд вайрон шудани ороиш мегардад. Аз ин лиҳоз, тавсия дода мешавад, ки шаб пеш аз хоб кардан рӯйро бо оби карами ҷӯшондашуда пок намоед. Саҳар вақти аз хоб хестан рӯйро на бо оби муқаррарӣ, балки бо обе, ки аз ромашка ва ба ин монанд алафҳо омода шудааст, бишӯед. Инчунин, малҳамеро аз сафедии тухм ва бодиринг омода намуда, шабона ба рӯятон бимолед ва баъд аз 20 дақиқа бишӯед. Рӯзона аз упоҳое, ки бар зидди равғаннокӣ ва ҷилонокии пӯст мебошанд, истифода намоед.