- Аз кадом синну сол бонувон бояд ба чеҳраоро муроҷиат кунанд, то ҷавонӣ ва зебоиашонро дергоҳ нигоҳ доранд? Ва шарт аст, ки ҳатман аз хизмати чеҳраоро баҳравар бошанд?
- Бале, аз посухи суоли баъдӣ суҳбатро оғоз мекунам. Воқеан, на ҳар бону имкони ба назди чеҳраоро рафтанро дорад, бахусус, зани деҳотӣ ва як нафаре, ки аз нигоҳи иқтисодӣ шароиташ маҳдуд аст. Аслан бигирем, бо пайдо шудани аввалин ожангҳо дар рӯй бояд ба чеҳраоро муроҷиат кард. Солҳои охир аллакай аз синни 25 дар рӯй ожанг падид меояд ва ҷараёни ба қавле бармаҳали пиршавии пӯст эҳсос мегардад. Албатта, вазъи боду ҳаво ва таркиби ғизои ҳаррӯза, ки аксаран аз моддаҳои кимиёӣ иборатанд, бетаъсир буда наметавонад. Махфӣ нест, ки пештар чунин набуд. Бештари бонувон бо ҳавас аз рӯйҳои каможанги бибию модаронашон ёд оварда, мегӯянд, ки бе истифодаи малҳаму упо чеҳраи зебою ҷавон доштанд.
Корафтодагон дар он андешаанд, ки гӯиё бо барвақт ба чеҳраоро муроҷиат кардан, пӯсти рӯй озурда мешавад ё ҷараёни пиршавии пӯст меафзояд. На, баръакс, бо пайдо шудани ожангҳои чуқур пок карданашон душвор мешавад, хусусан ожангҳои гирди чашму даҳон ва байни абрӯвон. Аз ин хотир, бояд бонувон аз хизмати чеҳраоро наҳаросида, ҳарчи зудтар пайдошавии ожангҳоро дар рӯю чеҳраашон пешгирӣ намоянд. Баъдан бояд гуфт, ки муштариёни чеҳраороён гуногунсоланд. Масалан, кӯдаконе, ки дар дасту рӯй ё аъзои дигари баданашон озах ё захмҳо доранд, барои поксозӣ намудани онҳо аз хизмати чеҳраоро ё духтури пӯст баҳравар мегарданд.
- Аз шахшӯл ва ноҳамвор шудани пӯсти дасту рӯй бонувон бахусус, дар фасли сармо нороҳат мешаванд. Шумо ба ҳайси мутахассис чӣ тавсия медиҳед?
- Пӯсти дасту рӯй нозук буда, ҳама фасли сол нигоҳубини махсусро тақозо мекунад. Сарзамини мо офтобӣ аст ва зарраҳои нури он барои пӯст хеле таъсирнок мебошанд. Бонувони тоҷикро мебояд чор фасли сол аз малҳамҳои зиддиофтобӣ истифода кунанд ва шабона пеш аз хоб бо равғанҳои ороишӣ, аз қабили равғани бодом, зайтун, жожоба ва равғани донаи ангур дасту рӯйро масҳ намоянд. Ин як воситаи ғизонок намудани пӯст аст, ки дар ҳама фасли сол метавон истифода кард. Саршир, қаймоқ, зардии тухм, лимӯ, шираи мева, асал ва дигар маҳсулоте, ки дар зиндагии ҳаррӯза истеъмол мекунем, аз онҳо омода намудани ҳар гуна малҳамҳо ба пӯсти рӯй манфиати бештар дорад. Инчунин, бонувон аз малҳамҳои ғизонок ва нарму мулоимкунандаи пӯсти рӯй, ки дар мағозаҳо дар фурӯшанд, бояд истифода намоянд.
- Пайдоиши доғҳои сиёҳ дар рӯю рухсораҳо занонро хеле нороҳат мекунад ва табиист, ки аксаран бонувон бо мувоҷеҳ шудан бо ин мушкилӣ ба чеҳраоро муроҷиат менамоянд…
- Бале, воқеан чунин аст. Пайдо шудани ожангҳоро бонувон ба гузашти синну сол медонанд ва камтар ба он аҳамият медиҳанд. Вале дар пок сохтани доғҳои сиёҳи рӯй ҳатто то омадан ба назди духтури пӯст чандин малҳамҳою усулҳоро истифода кардаанд. Таъсири офтоб, поину боло шудани ҳормонҳо дар бунияи инсон ва гирифторшавӣ ба бемории талхаю ҷигар боиси пайдо шудани доғҳо дар пӯсти рӯй мегардад.
- Маркази тиббии ороишии «Мэрлин» барои нигоҳ доштани пӯсти рӯй аз кадом технологияи муосир истифода менамояд?
- Тамоми намуди хизматрасониҳои маркази мо вобаста ба талаботи замон аз дастгоҳҳои барои ороиш ё табобати пӯсти рӯй тавсия шудаанд, сурат мегирад. Масалан, мезотерапия, биоревитолизатсия, таранг кардани пӯсти рӯй бо риштаҳои махсус, пок кардани мӯйҳои пӯсти рӯй бо лазер, ботокс, микроблейдинг, дурдабандии рагчаҳои рӯй, пилингҳо, масҳи рӯй, пок кардани пӯсти рӯй аз ҳар гуна доғу захмҳо ва ғайра.
- Мезотерапия. Яъне, тартиби гузарондани он чӣ тавр аст?
- Мезотерапия ин усули ҷавонкунии пӯсти рӯй буда, беш аз 30 сол аст, ки чеҳраороёни дунё барои бонувони зебопараст истифода мекунанд. Пӯсти рӯйи инсон аз витамину кислотаҳо ва оксидантҳою минералҳо ҷилодору ҷавон аст ва аз таъсири гармии офтоб ё сардии ҳаво бо гузашти солҳо ин ғизоҳо кам ё нобуд мешаванд. Рӯй пажмурдаву ожангдор мегардад. Мезотерапия ин усули бо сӯзандору ба пӯсти рӯй дохил кардани ҳамин гуна ғизоҳои лозимаи пӯст аст, ки ожангҳоро пешгирӣ намуда, онро аз пайдо шудани доғу захмҳо нигоҳ медорад.
- Магар пӯсти рӯй ба ин намуди муолиҷа одат намекунад? Шояд пас аз муддати муайяншуда он нафар наметавонад дуюмбора ба муолиҷа пардозад…
- Рисолати чеҳраоро бартараф намудани ҷурмҳо ва ожангҳои пӯсти рӯй мебошад ва табобати он ҳам муваққатан аст, на доимӣ.Табобати пӯсти рӯй ё бартараф кардани ожангҳо як давраи муайян дорад, шаш моҳ, як сол… Пас аз гузашти вақти муайян пӯст ба ҳолати аввала бармегардад. Вале то ҳол ягон мутахассис собит накардааст, ки табобати пӯсти рӯй бо технологияи муосир ва усулҳои нави ҷавонгардонии пӯст ба саломатии инсон зарар дошта бошад. Фақат як нуктаро бонувон бояд ба инобат гиранд, ки ин ҳама амалҳоро танҳо мутахассиси варзида метавонад анҷом диҳад. Аломатҳои мамнӯъ донистани усулҳои истифода аз технологияи навин вуҷуд доранд, яъне барои гирифторони баъзе аз бемориҳо тавсия дода намешавад, аз қабили маризони диабети қанд, илтиҳоби гурда ва ғайра.
- Умуман, сирри зебоии зан дар чист?
- Зан зебост ва дӯстдори зебоист. Ҳар бону мехоҳад, ки хушрӯю оростаю пероста бошад, зеро табиат ӯро чунин офарида. Вале, мутаассифона, зиндагии хонаводагии ҳар кас гуногун аст. Бахусус, хушунат дар оила ба ҳусну латофати бонуи хонадон бетаъсир намемонад. Ё камбудии иқтисодӣ боиси камшавии витаминҳо дар буния мегардад, ки ин ҳам ба саломатӣ ва зебоии бону мушкилӣ меорад. Хуллас, сирри зебоӣ ва дергоҳ ҷавон мондани бонувон дар шавҳари хубу меҳрубон доштан, истеъмоли маҳсулоти серғизо ва ниҳоят, зиндагии осуда мебошад.
- Барои суҳбат ташаккур!
аноҳита