- Назари Шумо дар мавриди либосҳое, ки айни ҳол дар муд ҳастанд?
- Ташаккур! Рӯзҳои охир таваҷҷуҳи мардум ба либосҳои анъанавии ҳар миллат афзудааст. Ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар ҷаҳон болопӯшҳо ва ҷомаҳои кӯтоҳ маъмул гардидаанд, ки ба тани ҳар як нафар зебоии дигар зам мекунад. Аз ин рӯ, тасмим гирифтаам, то маҷмӯаи либосҳои охиринамро ба ҳамин ҷомаҳо ва кардиганҳо ихтисос бидиҳам. Ҳамин буд, ки маҷмӯаи нави худро бо нақшу нигори миллӣ омода сохта, ба маъраз гузоштам. Ҳамчунин, 28-уми октябри соли ҷорӣ студияи тарроҳии худро кушодам ва ба либосҳои миллӣ афзалият додам.
- Ҳамчун тарроҳ гуфта метавонед, ки дар соли 2018 кадом намуди либосҳо бештар муд мешаванд?
-Мудсозони ҷаҳон, он нафароне, ки дар тамоми дунё роҳбарии хонаҳои бонуфузтарини либосро бар дӯш доранд, ҳамеша думболи он мегарданд, ки як ранги нави пӯшиданиҳо роиҷу раво созанд. Дар назар аст, ки соли 2018-ум бештар ҳамон либосҳое вориди муд гарданд, ки рангҳои онҳо фаромӯш шудаанд. Масалан, соли гузашта чанд намуд ранги ҷигариро ба муд ворид сохта буданд. Соли оянда бошад, ранги бунафш дар муд аз худ дарак хоҳад дод. Вале, ман фикр мекунам, ки барои мардуми Тоҷикистон ҳамаи рангҳо ҳамеша дар муд ҳастанд. Либосҳои миллии тоҷик амсоли адрасу атлас, беқасаму чакан ҳамеша бологузаранду серталаб. Ин рангҳо хоси мардуми мо буда, рамзи баҳор, рамзи хушбахтӣ ва табъи болидаро дар худ таҷассум мекунанд.
- Дар мавриди муди нави либосҳои миллӣ чӣ гуфта метавонед? Оё дар соли 2018 низ атлас ва ё адрас дар муд мешаванд?
- Дар намуди либосҳои миллӣ тозакориҳои нав ба нав ба мушоҳида мерасанд ва ҳар сол як намуди ҷадид расм мешавад. Масалан, солҳои пеш рангу бори чаканро мо дар куртаву поҷомаҳо ва ё дар либосҳои арӯсӣ медидем. Ҳоло бошад, онҳоро бо рангҳои маҳинтару нозуктар ва бештар дар ҷомаҳои занона мебинем, ки танҳо ду ранг истифода бурда шудааст. Онҳоро метавон ҳамарӯза ба бар гирифт. Чаро ки рангҳо зиёд бошанд, таваҷҷуҳи мардумро бештар ба худ ҷалб менамоянд ва шахс худро нороҳат ҳис менамояд. Яъне, онҳоро танҳо дар ҷашнҳо ба бар менамоянд. Имрӯз тарроҳон ва шахсан ман чанд намуди либосҳоро омода кардаем, ки дар онҳо танҳо аз ду ранг истифода шудааст. Дар рангҳои торик ранги рӯшан, дар ранги хокистарранг ранги хокиву ширчоӣ ва ранги ҷигариро ворид сохтаем. Ин як навгонӣ аст, ки мо онро таҷриба мегузаронем ва мардум низ хуб қабул кардаанд. Фикр мекунам, ки соли оянда низ ҳам чакан ва ҳам атласу адрас дар муд мешаванд ва бо як тарзи наву диди нав тарҳрезӣ мегарданд. Масалан, гиребону лаби остинро гулҳо зеб медиҳанд. Ҳам дар либоси аврупоӣ ва ҳам дар либосҳои миллӣ каме аз ин нақшу нигорҳо бо рангҳои маҳинтар истифода хоҳанд шуд.
- Шумо чиро тавсия медиҳед: гулкорӣ кам бошад ва ё бештар?
- Албатта, ҳар як тарроҳ пеш аз оне, ки тавсия медиҳад, бояд як маҷмӯи либосҳои худро омода карда, онро пешкаши мардум созад. Агар хуб истиқбол ёбад, ин мешавад тавсия ба мардум. Дар замони пеш тоҷикон чаканро танҳо дар рангҳои сурх ва рангҳои рӯшантар гулдӯзӣ мекарданд. Вале он либосҳое, ки ман имрӯз омода намудаам ва он болопӯшҳои, ки дар маҷмӯа ҷойдодашудаанди бо рангҳои маҳин, хокӣ, ширчоӣ, кабуд ва сафед оростагардидаро метавон онҳоро дар ҳама ҷо ба бар кард.
- Соле пеш пойафзолҳои пошнабаланд бештар дар муд буданд, ҳоло бошад, пойпӯшҳои пошнааш паст, чаро?
- Пеш аз он ки либос ва ё пойафзолеро мепӯшем, бояд ба зеҳнияти мардум аҳамият дод. Вақте ки шахс қадпаст ва ё миёнақад аст, мекӯшад, ки бештар пойафзолҳои пошнабаландро бипӯшад, новобаста аз он ки дар муд ҳаст ё не. Ҷавондухтароне, ки қадашон аз 170–180 см баланд аст, бештар аз пойафзолҳои пошнапаст ва ё бепошна истифода мебаранд. Мардуми мо аз пойафзоли пошнааш миёна истифода баранд, хуб мешавад. Зеро пойафзоли пошнабаланд ба саломатӣ зарар дорад. Дар мавридҳои зарурӣ метавон аз пошнаи баланд истифода бурд, вале на зиёда аз 2 соат.
- Дар мавриди омезиши рангҳо мехостам назари Шуморо бифаҳмам. Бо кадом либос чӣ намуди пойафзол бояд пӯшид ва ҷузвдон ва ё ҳамёнро бо худ гирифт?
- Ҳангоми ба бар кардани либос бояд ранги пойафзол, ҷузвдон ва ё ҳамёну тасма ба назар гирифта шавад. Агар ранги инҳо сиёҳ бошад, либоси ранги ширчоӣ доштаро истифода кардан маслиҳат аст. Дар ҳар ҳолат ҳар гуна метавонад бошад. Масалан, бо либоси рангаш сафед пойафзол, ҷузвдон, ҳамён ва гӯшвораҳои ранги бунафшдоштаро истифода кард. Вақти интихоби ранг ба назар бояд гирифт, ки пойафзолу ҷузвдон аз нигоҳи намуд мутаносиб оянд.
- Ташаккур, барои суҳбати самимӣ!
- Саломат бошед!
Бунафша РАҲМОНОВА