1. Марвориди 1 миллионаи Пер Карте
Соли 1917 заргари машҳури фаронсавӣ Пер Карте дафтари кории наверо дар Авеню-5-и Ню-Йорк боз мекунад. Ин коргоҳро ӯ аз дасти Мортон Фриман Плант бо арзиши 1000 доллари америкоӣ харидорӣ мекунад, ки дар рафти ин савдо ӯ ҳамчунин соҳиби ҷавоҳироти марворидии дуриштадор (қабата)-е низ мегардад. Ин тӯҳфа ба ҳамсари Пер Карте – Планта бисёр писанд меафтад.
Солҳои зиёде Карте мӯҳраҳои гуногуни марворидро ба ҳар шаклу намуд дар офаридани ороишот истифода мекард. Солҳои 1910-1920 арзиши ин гуна ороишот бо асарҳои Рембрант ва ҳунармандони дигари шӯҳраманди Аврупо баробар дониста мешуд. Баъдтар арзиши ҳамон марвориди ба ҳамсараш тӯҳфакардаи Карте, ки қисмати аввалаш иборат аз 55 ва қисмати дигараш дорои 73 мӯҳраи марворидӣ буд, ба 1000 000 доллар мерасад.
2. Ороишоти марворидии сеқабата, ки 1,4 миллион доллари америкоӣ арзиш дорад
Ороишоти марворидии рамзи ашрофзодагӣ дар музоядаи Кристӣ ба фурӯш бароварда шуда буд, ки он аз 180 марвориди асили андозаашон мувофиқи завқ гуногунҳаҷм (аз 4,95 то 11.05 мм) буда, дар вақти офаридани ороишот ҳамчунин аз бриллиант ва зумрад истифода шудааст.
3. 1,7 миллион доллар – арзиши гарданбанди марворидии панҷқабата
Соли 2012 дар музоядаи Кристӣ боз як ҷавоҳироти марворидии олиҷаноб ба фурӯш рафт, ки қабати кӯтоҳтаринаш аз 68 марвориди аъло ва дигар қабатҳояш аз 72-73 донаҳои марворид иборат буданд. Ин навъи ороишот аз дигарон бо он фарқ мекард, ки бо риштаи кабудрангу тиллоӣ, ки қабатҳоро пайваст сохтааст, мустаҳкам гардонида шудааст.
4. Марвориди виконтесса Ковдрай - 3,3 миллион доллар арзиш дорад
Марвориди хокистарӣ дар табиат хело кам ба назар мерасад. Аз ин рӯ, ин ба арзишаш дар фурӯш таъсир мегузорад. Соли 2000 дар музоядаи Кристӣ ҷавоҳироти андозааш 43 сантиметрае, ки иборат аз 38 донаи марвориди аълосифат буд, ба фурӯш рафт, ки бандаки он бо бриллианти шашгӯшаи ҷозибе ороиш ёфтааст.
5. Арзиши Марвориди Лао-сзи баробар ба 3,5 миллион доллар дониста шудааст
Мӯъҷизае, ки бисёриҳо онро чун Марвориди Оллоҳ қабул кардаанд, аз ҳама марвориди калонтарин дунё ба ҳисоб меравад. Марвориди беҳамто соли 1930 аз соҳили Филиппин дарёфт гардидааст. Бо диаметри 24 сантиметра ва вазни 6 кг ин санги марворидӣ диққати сарватмандони ҷаҳониро ба худ кашида, арзиши гаронеро соҳиб шудааст.
6. Ҷавоҳироти марворидии дуқабата, ки 3,7 миллон доллар арзиш дорад
Ҷавоҳироти марворидии дуқабата, ки аз 120 донаи марворид иборат аст, бо ду ранг сафед ва ҷилои каме ториктар, ки бандаки бриллиантии бошукӯҳи 3 карата дорад, диққати бонувони сарватманди ҷаҳонро ба худ кашидааст.
7. «Марвориди азими гулобӣ», 4,7 миллион доллар нархгузорӣ шудааст
Марвориди асили абалонро сайёҳ Весли Ранкин соли соли 1990 дарёфт кардааст. Он беҳамтост: садафи он дар чанд ранг, аз ҷумла, хокистарӣ, зард, гулобӣ, сабз, кабудчатоб ҷило медиҳад. Вазни марворид 470 карат аст.
8. Ҷавоҳироти марворидии Барода, ки 7,1 миллион доллар аст
Ин ҷавоҳирот таърихи бойе дорад. Он аз 68 донаи марвориди асиле иборат аст ва аз ороишоти 7 қабатаи як махараҷаи ҳинду, ки дар маҳаллаи Бародаи Ҳиндустон зистааст, гирифта шудааст. Ҳар дона мувофиқи андозаву ранг интихоб гардида, бандаки бриллиантиашро яке аз заргарони номии ҷаҳони - Карте омода кардааст.
9.Марвориди Ла Перегрина, 11,8 миллион доллар арзиш дорад
Тарҷумаи калимаи испании «la peregrina» ба забони тоҷикӣ маънии ҳоҷӣ, зиёраткунанда ва сайёҳро дорад. Замоне он ба Фириппи11 тааллуқ доштааст. Ҷавоҳирот бо андозаи мувофиқу ранги бениҳоят сафедаш машҳур аст. Вазнаш 10 карат ва дар офариниши он заргар аз сангҳои дигари қимматнок, аз қабили бриллиант ва лаъл низ истифода кардааст. Соли 1969 онро ҳунарманд Ричард Бартон ҳамагӣ бо маблағи 37000 доллар чун тӯҳфа барои хонумаш Элизабет Тейлор харидорӣ мекунад. Баъди марги Э.Тейлор, соли 2011, ин ҷавоҳирот дар музоядаи Кристӣ ба фурӯш меравад.
10. Марвориди «Соҳибҷамоли баҳрӣ», 139 миллион доллар арзиш дорад
Соли 2010 дар Хитой яке аз гаронарзиштарин марвориди дунё ба намоиш гузошта шуд, ки ванаш 6 тоннаву қутбаш 1,5 метрро ташкил медод. Барои сохтани марвориди дар торикӣ ҷиллодиҳанда мутахассисон 3 сол заҳмат кашидаанд.
Таҳияи Гулноз