* * * * *
Ниқоб аз банан барои ожанг: аз ½ ҳиссаи бананро аз турбтарошаки ҳаҷмаш майда гузаронида бо як зардии тухм, як чумчаи калон қаймоқи камравған ва бо ду чумчаи майда асал хуб омехта менамоем. Ниқоби тайёршударо ба рӯю гардан молида муддати 20- 25 дақиқа нигоҳ медорем. Баъд, бо оби ширгарм ниқоби рӯй ва гарданро мешӯем.
* * * * *
Аз барги дарахти тӯс низ барои пешгирии пиршавии пӯст ниқоб тайёр намуд. Барги дарахти тӯсро майда реза менамоем. Ду чумчаи калон барги майданамудаи тӯсро бо ду чумчаи калон равғани растанӣ ва як чумчаи калон орди ҷавин омехта менамоем. Ниқоби тайёршударо ба пӯсти рӯй молида муддати 20 дақиқа нигоҳ доред ва пас бо оби ширгарм бишӯед.
* * * * *
Барои аз ожангҳои майда раҳо шудан шаб ҳангоми хобрафтан метавонед равғани кунҷид, равғани хулӯл ва ё дигар намуди равғани растаниҳоро истифода намоед.
* * * * *
Ниқоби ғизодиҳанда барои ожанг: 2 чумчаи калон ҷои мулоими алоэ, 1 зардии тухм, 1 чумчаи калон асал ва 3 чумчаи калон шири қоқро хуб омехта намоед. Ниқоби тайёршударо ба рӯятон молида пас аз 15-20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.
* * * * *
Боз якчанд дастури ниқоб аз алоэ барои рӯю гардан:
1. чумчаи калон афшураи алоэро бо он креме, ки шумо барои рӯятон истифода менамоед ва 1 чумчаи майда равғани растаниро бо ҳам омехта намоед. Пас, ниқоби тайёршударо ба рӯю гардан молида муддати 20-25 дақиқа нигоҳ доред ва баъд бо сачоқи нам пок намоед.
2. чумчаи калон афшураи алоэро бо як чумчаи калон вазелин ва ланолин (моддаест, ки аз пашм мегиранд ва барои тайёр кардани молиданиҳои косметикӣ ба кор меравад) омехта намоед. Ниқоби тайёршударо ба пӯсти рӯй молида пас аз 20 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.
* * * * *
Барои ожанги дар рӯй пайдошуда ниқоби аз алоэ тайёршуда ёрӣ мерасонад:
2 чумчаи калон афшураи алоэро бо 1 чумчаи калон асали гармкардашуда омехта намоед. Ниқоби тайёршударо ба рӯю гардан молида пас аз 10 дақиқа бо оби ҳарораташ миёна шӯед. Модоме ки алоэ воситаи хуб барои несткардани ожанг мебошад, метавонед алоэро ду тақсим намуда ҷои мулоимиаш ва ё афшураи онро ба рӯю гардан молида муддати 10-15 дақиқа нигоҳ доред. Пас, бо сачоқи нам рӯю гарданатонро тоза намоед.
* * * * *
2 чумчаи калон қаймоқи камравғанро бо 3 чумчаи калон шалғами аз турбтарошаки ҳаҷмаш миёна гузаронидашуда омехта намуда ба рӯю гардан молед ва муддати 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Баъд рӯй ва гарданатонро бо оби ширгарм шӯед.
* * * * *
Метавонед картошкаро низ барои нест кардани ожанг истифода намоед. 2 чумчаи калон қаймоқро бо 1 чумчаи калон картошкаи аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон гузаронидашуда омехта намоед. Ниқоби тайёршударо ба рӯю гардан молед ва муддати 10 дақиқа нигоҳ доред. Пас, рӯю гарданатонро бо оби ширгарм шӯед.
1чумчаи калон шароби ангурро бо 3 чумчаи калон сабзии аз турбтарошаки ҳаҷмаш калон гузаронидашуда якҷоя намуда ба рӯю гардан молед ва муддати 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Пас, бо оби ширгарм шӯед.
Сараева Ф.