Аксар бештар аз он шикоят мекунанд. ки пӯсти дасту рӯяшон дигар шудааст. Дар ин марид барои нигоҳ доштани таровати пӯсти дасту рӯй аз маводи косметикӣ, яъне ороишӣ истифода мебаранд, аммо на ҳама огаҳи доранд, ки истифодаи чунин мавод на ҳамеша баманфиат аст. Ин амал бештар аз ҷониби бонувон мушоҳида мешавад. Мутахассисон мегӯянд. ки ҳангоми тағироти биологии пӯсти бадан беҳтар аст ба ҷараёни ивазшавии моддаҳо дар организм дахолат накунем, зеро ин раванди табиӣ ва мавсимӣ буда барои табдилу барқарории моддаҳои биологӣ мусоидат мекунад. Дар ҳолате, ки маводи сунъии ороишӣ истифода мешавад, ин раванд халал меёбад ва метавонад ба саломатӣ зарар расонад. Ин ҷараёнро боз метавонад маводи ғайристандартӣ ва бесифати ороишӣ бештар созаду оқибатҳои нохушеро ҳам ба миён орад. Масалан, вақте аз маводи бесифати ороишӣ истифода мебаранд, рух додани аллергия дар пӯст ногузир аст.
Дастури мутахассис
Ин андешаро табиби касбӣ ва соҳавӣ, устоди кафедраи дермотологияи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон Баҳром Саидов тасдиқ мекунад. Ба андешаи ин олим истифодаи ҳамешагии маводи ороишӣ метавонад бемориҳои гуногуни пӯстро ба миён оранд, ки табобату пешгирии онҳо мушкил мегарданд. Воқеан, дар мавсими баҳор бемориҳои пӯст хуруҷ мекунанд, ки сабабашро дар боло зикр кардем, аммо ин равандро метавон ба ҳолати эътидол овард. Чаро чунин ҳолат рух медиҳад? Азбаски инсон ҷисми зинда аст ва организми ӯ ҳамеша дар инкишофу табодули моддаҳо қарор дорад, дар ин мавсим ин ҳолат зиёд мушоҳида мешавад. Вақте одамон, ба хусус бонувон барои барқарору нигоҳ доштани таровати пӯсти баданашон аз маводи ороишӣ истифода мебаранд, ҷараёни табодули моддаҳоро дар дар пӯсти баданашон бозмедоранд ва ин метавонад боиси пайдо шудани бемориҳои пӯст ва ҳатто узвҳои дарунӣ ҳам гарданд. Ҳангоми табодули моддаҳо сӯрохиҳои ба чашм ноаёни пӯсти бадан васеъ мешаванд ва нафас мегиранд. Ин ҳолати биологии бадан имкони ба таври табиӣ дигаргуншавии пӯсти баданро фароҳам меорад, аммо вақте занон барои зебою ботароват сохтани пӯсти рӯйи худ аз ҳар гуна ороишот, ба хусус кремҳои молиданӣ, пудрҳо ва дигар анвои гуногуни маводи ороишӣ истифода мебаранд, фаъолияти табиии мубодилаи бофтаҳоро дар пӯст халалдор месозанд. Аз ин нигоҳ, пайдо шудани бемориҳои пӯст, аллергия ва дигар тағйиротҳои функсионалӣ ба ин омилҳо бастагӣ доранд. Пас, маслиҳату дастур ин аст, ки дар ин мавсим, беҳтар аст аз маводи табиии гулу гиёҳҳо ва сабзавоти тару тоза истифода барем, агар воқеан ба нигоҳубини пӯсти дасту рӯй ва бадан ниёз дошта бошем. Ин интихоби дурустар аст, ки ба тағйиротҳои мубодилаи моддаҳо дар пӯст кумак мерасонад, на мисли маводи ороишӣ монеа эҷод мекунад.
Сифат ва кафолат
Масъалаи дигаре, ки имрӯз бояд ҳар як муштарӣ бидонад, ин сифати маҳсулоти ороишӣ аст. Ҳамагон медонанд, ки имрӯз ба бозору мағозаҳои кишвар маводи ширкатҳои гуногуни истеҳсолкунандаи маҳсулоти ороишӣ ворид мешаванд ва дар муомилот қарор доранд, аммо на ҳамаи онҳо аз нигоҳи сифат ва бехатарӣ кафолат дода мешаванд. Санҷиши маводи гуногуни ороишӣ ва иҷозати ба муомилот баровардани онҳо ба зимаи Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарамасевтӣ аст. Намунаҳои маводи воридшударо ба озмоишгоҳои хадамот пешниҳод мекунанд ва баъди ташхис муайян мешавад, ки мавод дорои чӣ гуна сифат аст ва зарурати ба он додани сертификати мутобиқати сифат ҳаст ва ё баръакс, он аз муомилот боздошт шавад. Дар ин маврид муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевт Маҳмадалӣ Давлатов иттилои дақиқ дода иброз намуд, ки дилхоҳ харидор метавонад ҳангоми пайдо шудани шубҳа нисбат ба сифати мол, ба мо муроҷиат намояд ва мо санҷида натиҷаашро маълум менамоем. Агар мавод бесифат бошад ва сертификат надошта бошад, ҳатман воридкунандаи он тариқи қонун музоҷот мегардад ва маҳсулоташро аз муомилот боздошт ва несту нобуд мекунем. Озмоишгоҳи хадамот имрӯз бо технологияи муосир муҷаҳҳаз аст ва метавонад дар муддати кӯтоҳ тамоми намунаҳои маводи ороиширо ташхис куна два сифаташонро муайян созад. Воридкунандагоне, ки бидуни ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати маҳсулот маводи худро бо ҳар роҳ ба муомилот мебароранд, ҳатман ҷазо мебинанд. Аз ин нигоҳ маслиҳат дода мешавад, ки харидорон ҳангоми харидории молу маводи ороишӣ ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи сифати онро аз фурӯшанда талаб намоянд, то ба сифату кафолати бехатарии онҳо мутмаъин гардад. Харидории маводи шубҳанок ва дар ҳолати ғайри стандартӣ нигоҳдоранда худдорӣ намоед. Ин кафолати саломатӣ ва бехатарии шумост!
Р.Камол