Ниқоб барои рӯи равғанӣ:
Ба 3 чумчаи калони сиркои себӣ 1 чумчаи калон ярмаи сули кӯфташуда ва 1 чумчаи майда асал илова карда омехта намоед. Ба пӯсти тозакарда ва буғдода ниқобро молида 10 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз он бо оби ширгарм бишӯед.
Ниқоб барои рӯи хушк:
Барои тайёр кардани чунин ниқоб низ 2 чумчаи калон сиркои себ, 2 чумчаи калон қаймоқи равғаннокиаш кам, 1 дона зардии тухм ва 1 чумчаи калон твороги равғаниро омехта ба пӯсти тозаи рӯй ва гардан бимолед ва 10 – 15 дақиқа нигоҳ доред. Пас аз он рӯ ва гарданатонро бо оби ширгарм бишӯед.
Ниқоби таскинбахши пӯст:
Ба рӯятон творогро тунук молида, аз рӯяш пораҳои бодирингро часпонед. Творог манбаи калтсийи фаровони барои пӯст ба шумор меравад. Бодиринг бошад, пӯсти рӯйро таскин бахшида ожангзаниро пешгирӣ менамояд.
Ниқоб барои пӯсти пажмурда:
Як дона кивиро хуб лат занед. 1 чумчаи майда асал илова намуда ба рӯятон бимолед ва муддати 10 – 15 дақиқа нигоҳ доред. Чунин ниқоб пӯсти рӯйро таранг намуда, аз пиршавии бармаҳал эмин медорад.
Ниқоб барои пӯсти равғанин:
1 дона кивиро хуб лат зада, 2 чумчаи майда оби лимӯ ва каме ҷаъфарӣ илова намоед. Пӯсти рӯйро тоза намуда ниқобро ба рӯй молида муддати 10 – 15 дақиқа нигоҳ доред. Ва баъдан бо оби хунук шӯед
Ниқоби бахшандаи ҷавонӣ:
Чунин ниқоб барои ҳамаи намудҳои пӯст мувофиқ буда, ҳатто барои пӯсти гардан ва пӯсти даст низ фоидаи зиёд дорад. 1 дона бодирингро аз турбтарошаки калон гузаронед. Ва ба он 2 чумчаи калон равғани зайтун, 1 дона зардии тухм, 1 чумчаи майда сиркои себ илова намуда хуб омехта намоед. Ниқоби ҳосилшударо ба пӯсти тозаи рӯй, гардан ва дастҳоятон бимолед. Ниқоби дастро 10 дақиқа ва ниқоби рӯю гарданро ним соат пас бо оби ширгарм бишӯед.
Ниқобҳои мевагӣ:
1.Барои пӯсти хушк ниқоби себӣ фоидаи зиёд дорад. Барои тайёр намудани чунин ниқоб нимто себро аз турбтарошаки хурд гузаронида, 1 чумчаи майда асал, зардии 1 то тухм, 1 чумчаи майда равғани растанӣ ва 1 чумчаи майда кислотаи аскарбинро омехта созед. Ниқобро ба пӯсти рӯй ва гардан молида, пас аз 10 – 15 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.
2.Ниқобҳои аз нок тайёршуда хусусияти поксоз ва бо ғизо таъминшуданро дорад. 100 гр биринҷро то хуб мулоим шуданаш дар об ҷӯшонед. Якто нокро аз турбтарошак гузаронида, бо биринҷ омехта намоед. Ниқобро дар ширгармияш ба рӯятон молед ва пас аз 15 дақиқа бо оби ширгарм шӯед.
Ниқобҳо аз кивӣ:
Чунин ниқоб барои тамоми пӯсти бадан тавсия дода мешавад. Як дона кивиро ба воситаи чангак лат зада, 1 чумчаи майда оби лимӯро илова намуда ба рӯй молед ва баъд аз 15 – 20 дақиқа рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.
Як дона кивиро ба воситаи турбтарошак гузаронида, 1 чумчаи майда асал, як чумчаи майда оби мандарин ва як чумчаи майда қаймоқи равғаннокиаш пастро илова намуда ба рӯи қаблан тозашуда молида муддати 15 – 20 дақиқа нигоҳ доред. Баъдан рӯятонро бо оби минералӣ ва ё оби ширгарм бишӯед.
Ингуна ниқоб барои пӯсти хушк тавсия дода мешавад.
Ниқоби сабзигӣ:
Ба 1 чумчаи майда шарбатӣ сабзӣ, зардии 1 дона тухм ва 1 чумчаи калон орд илова намоед. Ниқобро ба рӯй молида пас аз 15 – 20 дақиқа бо оби хунук шӯед. Чунин ниқоб барои пӯсти равғани пешбинӣ шудааст.
Сараева Ф.