Пӯсти мӯътадил, муқаррарӣ ва ба назар солим менамояд. Ҳамвор асту сӯрохиҳои начандон калон дорад. Дар чунин пӯст баъзан сурхӣ пайдо мешавад. Обу равғаннокияш муътадил аст. Дар сурати нигоҳубини дуруст пӯсти муътадил то давраи пирӣ чину ожанг пайдо намекунад.
Пӯсти омехта низ ба назар солиму ҳамвор менамояд. Ин намуди пӯст бо равғаннокиву сӯрохиҳои васеъ дар мавзеи пешонӣ, бинӣ ва зерманаҳ фарқ мекунад. Пӯсти рухсора омехта ва гуногунтаркиб мешавад. Дар сурати нигоҳубини дуруст дар пӯсти омехта низ чину ожангҳо дер пайдо мешаванд.
Пӯсти хушк сӯрохиҳои хурд дораду сафедтоб аст. Дар пӯсти хушк хусусан, дар атрофи чашм барвақт чинҳо пайдо мешаванд. Хушкшавии пӯст аксаран дар занҳои аз 50 сола боло ва нафароне, ки дар кишварҳои гарму хушк ё сард умр ба сар мебаранд, дида мешавад. Занҳое, ки пӯсти рӯяшонро аз таъсироти манфии муҳити атроф ҳифз намекунанд, миқдори даркории обро наменӯшанд, пӯсташон хушк мешаванд ва дағалу пӯстпарто шуда, тарқишҳо пайдо мешаванд.
Се ҳолати асосии пӯст вуҷуд дорад, ки аз омилҳои гуногун вобаста буда, дар намудҳои дилхоҳи пӯст пайдо шуда метавонад. Ҳангоми миқдори зиёди об аз организм берун шудан пӯст беоб мегардад.
Сабабҳо:
Шароити номусоиди атмосфера ( шамол, сармо, аёс, афтоби сӯзон, хонаи дорои асбобҳои гармидиҳанда, кондитсионер).
Ҳолатҳои гуногуни ҷисм, баландшавии ҳарорати бадан.
Корҳои ҷисмонӣ. Пӯсти ҳассос пӯсти заифшуда аст. Аслан ҳангоми пастшавии масъунияти бадан пӯст ҳассос мегардад.
Фотима С.