Аз сафедии тухм бошад, ниқоб низ тайёр менамоем барои нест намудани рихинак ва захмҳои баъд аз он монда. Ду чумчаи майда оби лимонро бо сафедии тухм омехта менамоем. Онро ба рӯйятон бимолед ва муддати 15 дақиқа нигоҳ доред. Баъд аз он,бо оби ширгам бишӯед. Тухми мурғи хонагӣ дар рӯйхати хӯрокҳо ба миқдори кофӣ будани ин маҳсулот ҳам аҳамияти калон дорад. Чунки моддаи биотини таркиби он ба сохти нохунҳо таъсири мусбат мерасонад. Инчунин ҳолати мӯйҳоро ҳам хуб менамояд. Моддаи биотин дар организм кофиӣ набошад пӯст хушк шуда суст гардидани мушакҳо оғоз мегардад.
Донаи каду ҳолати умумии пӯстро хуб менамояд. Моддаи дар таркиби он вуҷуд дошта барои рихинак ва захмҳои фасоди пӯсти рӯй ва бадан таъсири самарабахш мерасонад. Инчунин, монеаи рехтани мӯй ва рафъ гардидани ҷилояш мешавад.
Донаи зағир монеаи пӯстпартоӣ ва сурхшавии пӯст мешавад. Дар таркиби ин маҳсулот кислотаи омега 3 мавҷуд аст, ки он барои намнок шудани пӯст ёрӣ меарсонад.
Киви ба пӯст ғизо бахшида онро ҷавон менамояд. Дар таркиби киви миқдори зиёди витамини С мавҷуд аст. Витамини С барои дар организм истеҳсол намудани коллаген аҳамияти калон дорад. Ҳамчунин, шарбати аз ин мева гирифташударо метавон ба рӯй ниқоб намуд. Шарбати он пӯсти рӯйро ҷавон ва таранг менамояд.
Лӯбиёи сабзу сурх барои сабзидани мӯй, мустаҳкамшавии он фоидаи калон дорад. Лӯбиёи сурх бошад хунро зиёд намуда пӯстро маҳин мулоим ва таранг месозад.
Испаноғ барои чашм манфиати хуб дорад. Пӯсти рӯйро зебо намуда рихинак ва дигар захмҳои онро низ рафъ месозад. Инчунин, милкҳои дандон ва худи дандонро мустаҳкам месозад.
Ҷарҷир (кресс салат) пӯсти рӯйро ҷавон менамояд. Моддаи оҳани таркиби ин маҳсулот ба рӯй намуди солим мебахшад. Пюреи аз ҷавҷир тайёрнамударо ба рӯй бимолед, рихинак ва дигар захмҳоро шифо мебахшад.
Сараева Ф.