Тавре маълум аст, пӯсти гардан нисбат ба пӯсти руй барвақттар пир мешавад. Аз ин рӯ, рӯзе як маротиба иҷро намудани машқҳои зерин барои мо муфид аст.
Сари худро аз чап ба рост ва аз рост ба чап то 20 маротиба давр гардонед.
Ба кат хобида, дастонатонро ба паҳлӯ гузоред. Баъдан сарро аз кат бардошта, манаҳро то ба қафаси сина расонида, боз ба ҳолати аввала баргардонед. Ин амалро 5-6 маротиба такрор намоед.
Сари худро оҳиста ба тарафи чап то ба китф расидани гӯшатон хам намоед. Ҳамингуна ҳаракатро ба тарафи рост ҳам иҷро кунед. Ин машқро бе бардоштани китф 5-6 маротиба такрор намоед.
20 сония даҳонро калон кушода, баъдан пеш аз пӯшидани даҳон ду тарафи зери чашмро бо панҷаҳоятон сахт доред, то ин ки пӯсти кашишхӯрда ҷамъ нашавад. Иҷрои ҳаррӯзаи ин машқ дар пажмурдашавии пусти рӯю гардан мусоидат мекунад.
Сараева Ф.