Мусалламан имрӯз интихоби маводи ороишӣ душвор нест, зеро дар дӯкону бозорҳо ва марказҳои тиҷоратӣ маводи гуногуни ороиширо хеле зиёд ба фурӯш баровардаанд, аммо саволи матраҳ ин аст, ки оё чунин мавод ба талаботи меъёри сифат ҷавобгӯ ҳаст ё на? Шумо бисёр мешоҳида кардаед, ки қабл аз ҳама ҷашну идҳо дар роҳравҳои бозорҳо маводи гуногуни ороишӣ бо нархи арзон ба мизоҷон пешниҳод мешаванд. Аксари ин мавод бо нишонаҳо ва брендҳои машҳури ширкатҳои маъмули кишварҳои хориҷ ба муомилот баромадаанд ва аз нигоҳи аввал харидор пай бурда наметавонад, ки онҳо чӣ сифате доранд ва воқеан, мутааллиқ ба ин ширкатҳо ҳастанд, ё на! Миёни аксари мардум ҳанӯз ҳам одате роиҷ аст, ки ҳангоми аз бозор харидорӣ намудан афзалиятро ба молу маводи нисбатан арзон медиҳад. Дар мавриди дигар, гурӯҳе барои тиҷорати худ чунин молу маводро яклухт харидорӣ намуда ба ҷойи дигар мебарад ва ба арзишаш боз қиммати дигаре мегузораду мефурӯшад. Мақсад ба даст овардани фоида! На пешниҳоди маводи хушсифат ва безарар… Ба номгӯи маводи ороишю гигиенӣ крему пудраҳо, духию дигар хушбӯиҳо ва ғайра дохил мешаванд, ки бонувон ҳамарӯза аз онҳо истифода мебаранд, аммо баъзан ин гуна ороишот ба ҷойи зебоӣ бахшидан сабабгори пайдо шудани ҳар гуна бемориҳои пӯст мегарданду мушкили дигареро эҷод месозанд.
Зебоӣ қурбонӣ мехоҳад?
Ин гуфтори маъмулро имрӯз ҳар гуна маънидод кардан мумкин аст,аммо дар ибтидо он як матлабро ифода мекард, яъне барои зебо шудан аз ҳама имкону шароит бояд истифода мебурд. Билхосса, сарфи маблағу вақт! Ҳамин шеваро имрӯз ҳам аксари бонувон риоя мекунанд. Хеле хуб аст, ки бонувон барои зебо шудану зебо мондан талош мекунанд ва воқеан, ин як ҷузъи ҷудонопазири зиндагии ҳамарӯзаашон аст. «Зебоӣ қурбонӣ мехоҳад?!» дар замони муосир маънии дигареро ҳам ба худ касб кардааст, яъне бонувон баъзан бо истифодаи маводи санҷиданашуда ва ё бесифату қалбакии ороишӣ гоҳ-гоҳе зебоии худро қурбон месозанд. Чӣ гуна? Посух хеле содда аст. Вақте шумо маводи хеле зебо орододашуда, вале камарзишу бесифафатро харидорӣ мекунеду истифода мебаред, хатари гирифтор шуданатон ба бемориҳои пӯст меафзояд. Маъмулан, имрӯз дар дӯкону бозорҳо чунин мавод ба муомилот бароварда шудаанд, ки қисмати муайянашон аз санҷиш нагузаштаанд ва дорои санадҳои зарурӣ ҳам нестанд. Чунин фурӯшандаҳо ҳангоми муомилоти маводи худ ҳамеша хушсифат будани онҳоро кафолат медиҳанд, аммо «кафолатдиҳии» онҳо танҳо бо сухан аст ва бо ягон ҳуҷҷати расмии муаяйнкунандаи сифат тасдиқ намешавад.Ва харидорон ҳам ба ин «кафолат» бовар мекунанду маводи зарурии худро мехаранд.Танҳо вақте мефаҳманд, ки маводи интихобшударо истифода мебаранду «таъсирашро» дар бадани худ эҳсос мекунанд. Ҳолатҳои гирифторӣ ба бемориҳои гуногуни пӯст дар натиҷаи истифодаи маводи ороишӣ имрӯз кам нест. Чунин ангезаҳои хатарнокро маводи ороишию гигиении қалбакӣ ва бесифат ба миён меоранд. Пас,чаро аксар мақоли маъмули халқӣ «Қиммат бе ҳиммату арзон бе иллат нест»- ро медонему мутобиқи он кор намегирем? Ин бояд дастури аввалине бошад барои интихоби маводи ороишӣ!
Масъулон дар пайи чӣ коранд?
Натиҷаи санҷишҳо аз ҷониби масъулони соҳа бозгӯи онанд, ки имрӯз дар дӯкону бозорҳои Тоҷикистон маводи бесифату қалбакӣ ба муомилот бароварда мешаванд. Қисмате шояд бо роҳи кочоқ, қисмате бо дигар восита ба фурӯш роҳ ёфтаанд, аммо вақте ошкор мегарданд, ҳатман боздошт ва несту нобуд мешаванд. Дар ин самт кормандони Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фармасевтӣ ҳамарӯза дар марказҳои тиҷоратӣ ва бозорҳо санҷиш мегузаронанд ва кочоқи маводи ороиширо пешгирӣ намуда ашхоси ба ин кор дастдоштаро мутобиқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ музоҷот менамоянд. Мутахассисони озмоишгоҳи хадамот намунаҳои маводи воридшударо санҷида ба сифати онҳо баҳо медиҳанд. Маводе, ки бесифат аст, комилан аз муомилот боздошт ва нест карда мешавад. Барои мавроди босифат сертификати мутобиқати сифат дода мешавад ва ҳамзамон иҷозат барои фурӯш. Масъулону мутахассисони хадамот ҳамеша омодаанд, ки арзу шикоятҳои шаҳрвандонро вобаста ба сифати маводи ороишӣ ва гигиенӣ ҳамарӯза қабул намоянд ва дар муддати кутоҳ ҳаллу фасл намоянд. Барои ин дар нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ороишӣ, ба хусус дӯконҳо ва магазинҳои фирмавӣ рақами телефонҳои боварӣ ва дигар иттилоотмавҷуданд. Шаҳрвандон метавонанд дар ҳолати муайян намудани сифати мавод ба ин хадамот муроҷиат намоянд. Ва нуктаи муҳим, ҳангоми харидории маводи ороишӣ ҳатман аз фурӯшандаҳо сертификати мутобиқати сифатро талаб намоед. Боқӣ, ба шумо рӯҳуравони тоза ва зебоӣ таманно мекунем.