Агар хоҳед, ки доимо ҷавон бимонед, пеш аз ҳама ба кори узви ҳозима ва рӯдаву меъда аҳамияти калон диҳед. Ин тариқи муҳимест, ки мо нисбати он беаҳамияти зоҳир мекунем. Худи ҳамин узви ҳозима ва рӯдаву меъда аз организми мо чизҳои нодаркор ва ғизоҳои ҳал нашудае, ки ҷисми моро заҳролуд месозад онро аз организм берун мекунанд. Барои он ки меъда дуруст кор кунад, бояд аз мева ва сабзавоти тару тоза бисёртар истеъмол намуд. Аз мева ва сабзавоти вақташ гузашта ва аз нони ширмол худдорӣ намоед, ки инҳо боиси зуд вайроншавии кори рӯдаву меъда мегардад. Ҳангоми наҳорӣ саҳар беҳтар аст аз хӯриши сабзавотӣ ва шӯла истеъмол намоед. Субҳ нӯшидани чойи аз бобуна( рамашка) тайёршуда ба организм фоидаи калон дорад. Дар як сол ду маротиба рӯдаи худро - ба воситаи клизма ё нӯшоки аз аз оби шӯр тайёр намуда тоза намоед, ин амал хеле манфиатбахш хоҳад буд.
Бештар аз нӯшокӣ истеъмол намоед, чунки миқдори таъмини муайяни он пӯстро мустаҳкам (таранг) менамояд. Вақте, ки об ба тори коллагени ворид мешавад онҳо варам мекунанд ва аз дарун ба пӯст фишор меоварад, ки ин боиси ҳамвор, мустаҳкам (таранг) ва ҷавон мондани пӯст мегардад. Бинобар ин агар хоҳед ҳамавақт ҷавон бимонед, дар як рӯз 1,5 - 2 литр об нӯшед ва ба сифати оби нушидаи худ аҳамияти калон диҳед. Беҳтар аст аз оби ҷӯшонидашуда неву аз обҳои чашма, шарбати мева ва сабзавот бештар истеъмол намоед.
Бедорхобӣ – ба намуди зоҳирӣ ва саломатӣ таъсири бад мерасонад. Бидуни истироҳату фароғати комил аз зиндагии пурталотуму асабоният чӣ гуна метавон ҷавониро нигоҳ дошт? Аз хоби бароҳату фароғат на танҳо тану бадан истироҳат мекунад, балки майнаи асаб ва руҳи инсон аз хотироти бад ва эҳсосоти манфӣ раҳо меёбад. Барои худ хоби бароҳат фароҳам оред ва аз хоб сер шавед. Ҳамеша солиму ботароват хоҳед буд.
Нарасидани ҳавои тоза ба организм зарбаи манфӣ мерасонад.
Кӯшиш кунед, ки дару тирезаи хона ва ҷои коратонро кушода монед, то ҳавои тоза дарояд. Аз нақлиёти умумии мусофирбар камтар истифода бурда, бештар дар ҳавои тоза гардиш намоед. Бештар дар табиати зебо ва берун аз муҳити шаҳр сайру гашт намуда, ақаллан дар рӯзҳои истироҳат ба куҳу саҳро ва тамошои боғҳо бароед.
Қабули мунтазами ҳаммом ва сауна инсонро зиёдтар ҷавону зебо мегардонад. Ҳамчунин пӯстро тоза ва гардиши хунро беҳтар мегардонад. Беҳтараш аз ҳамомҳои чубиву классикӣ ва ҷорубӣ истифода кунед.
Организми худро бо миқдори муайяни витамину микроэлементҳо таъмин намудан ҷавониро нигоҳ дошта солимӣ мебахшад.
Дар хотир доред, агар дар тобистон хӯрдани меваву сабзавот тавсия шавад, дар зимистон инро ба меваҳои хушк ва алафҳои доруворӣ иваз кунед. Барои таъмин кардани организм бо витаминҳои зарурӣ ҳафтае 4 маротиба аз маҳсулотҳои зерин истеъмол намоед: лубиё, исфаноҷ, каду, чормағз, йогурт, афлесун, помидор, гӯшти мокиён, гӯшти моҳӣ, ғулинг, оби хуч ва мавиз. Боқи саломатии комил дар дасти худи шумост. Хамеша хурсанд, чеҳра хандон , зиндадил ва зебо бошед бонувони зебо.
Фотима С.