Шояд ҳа ва шояд не! Гап сари он аст, ки имрӯз дар муомилот маводи бесифату худсохт сари роҳу кӯчаҳои шафати бозорҳо ба фурӯш бароварда мешаванд. Бо арзиши нисбатан арзон шумо чунин маводро хиридорӣ мекунед ва истифода мебаред. Шумо ба ҳеҷ ваҷҳ бо дидани ин гуна ороишот дар назари аввал наметавонед сифат ва аслияти онро бифаҳмед, ҳангоме хоҳед донист, ки паёмадҳои нохушаш айён мегарданд. Мисли сурхшавии пӯст, хоришак, доғҳои сафеди хурду калон ва ғайра. Имрӯз дар муомилот малҳамҳои гуногунсохт аз ширкатҳои машҳури ҷаҳон бо бастабандиҳои зебо зиёданд, ки барои зебоии дасту рӯю бадан истифода мебаранд. Аммо маводи аслиро фарқ кардан душвор аст. Ягона роҳ талаб кардани сертификати мутобиқати сифати мавод аз фурӯшанда аст. Агар ин гуна ҳуҷҷат набошад, пас, мавод бесифат ва худсохт аст. Дар ин сурат фикр кунед, ки зарурати харидани чунин мавод ҳаст ё не?
Хушбӯйиҳои зиёде ҳам ба бонувон пешниҳод мешаванд, яъне дезодоранту атру уппоҳо… Усули харид ҳамонгуна бояд бошад, ки зикраш кардем.
Хуб, шояд шумо ба ҳукми истеъмолкунанда ҳуқуқҳои худро медонед, ки тариқи санадҳои махсус зери ҳимоя қарор доранд, аммо маърифати доду гирифт ва муомилот дар бозорҳо ба талаботи қонунҳо ҷабогӯй нестанд. Молу маводи бесифатро метавонед ба фурӯшанда баргардонед, аммо шумо аз ин истифода намебаред. Дар ҳолати осеб ёфтан баҳсро тариқи суд ҳал кардан мумкин аст, аммо истиҳола мекунем. Пас, чӣ бояд кард, ки ҳам зебо бошеду ҳам саломат ва ба ҳусни Шумо осебе нарасад?
Мувофиқи ташхису таҳлилҳои мутахассисон истифодаи аз меъёр зиёди маводи ороишӣ ба оҳистагӣ ҳусни шуморо коста месозад. Ҳатто агар шумо пайваста аз маводи босифату аслӣ истифода баред. Масалан, барои рӯй аз ҳар гуна кремҳо, пудраҳо ва маҳлулҳо истифода мебаранд. Пӯсти бадани инсон, аз ҷумла, рӯй сӯрохиҳои ба чашм ноаёне дорад ва пайваста нафас мегирад. Дар ҳолати ба рӯй молидани кремҳо ин сӯрохиҳо махкам мешаванд ва пӯст нафасгир мешавад. Вақте ин ҳолат рух дод, ҳуҷайраҳо аз инкуишоф бозмонда, тӯли чанд муддат ранги пӯст тағйир мехӯрад, хушк мешавад ва ожангҳо пайдо мешаванд, яъне ҷараёни пиршавӣ суръат мегирад. Шумо ин равандро шояд дер пайхас намоед ва вақте фаҳмидед, ки дигар барқарор кардани аслияти пӯст душвор мегардад.
Ё дар мавриди оро додани мӯйи сар бонувон вақти зиёду маводи гуногунро харҷ мекунанд. Баъзеҳо мӯйи сарашонро «месӯзонанд», гоҳ ранги сиёҳу гоҳе зард ва гоҳе малларанг месозанд. Табиатан дар ин ҳолатҳо маводи ороишӣ, ки таркиби кимиёвӣ доранд, истифода мешаванд. Чӣ мегӯед, ки баъди «рангобаранг» кардани мӯйҳо зебо мешавед ва моҳу солҳо мегузаранду резиши мӯйи сар, хориши пӯст ва дигар нишонаҳои бароятон нохуш рух медиҳанд. Сабаб? Сабаб ҳамон маводи ороишӣ аст, ки шояд бесифату худсохт буданду шумо намедонистед. Тасаввур кунед, ки шумо дар синну соли ҷавони ва ё камолот пир мешавед. Резиши зиёди мӯйи сар, сафедшавии тораҳои мӯй, хушк шудани пӯсти рӯю сар оқибати ҳамин «зебо шудан» аст.
Имрӯз мутобиқи тавсияҳои табибон ва косметологҳо маводи алтернативии ороишӣ, ки аз гулу гиёҳҳои табиӣ омода шудаанд, ҳастанд. Дар ин маврид дастурамалҳои зиёде ҳам мавҷуданд. Ҳатто истифодаи маҳсулоти дигар, ки аз қадим барои ороишот ва пешгирии резиши мӯю таровати рӯй маъмуланд, дастрас аст. Масалан, сабзавоту меваҷот, ширу ҷурғот ва малҳамҳои гулу гиёҳӣ. Дар ҳар сурат, ҳусни табиии худро қурбони зебоиҳои сунъӣ насозед! Маводи ороиширо истифода баред, аммо ба андозаю меъёр. Боқӣ, ҳамеша зебо бошед!