Барои ҳамеша зебову ҷавон мондан бояд аз роҳҳои махсус ва маслиҳатҳои коршиносон истифода кард. Коршиносон истифодаи аз меъёр зиёди лосёну скрабҳои ҳархеларо дар вақти ивазшавии мавсимӣ бар зарари пӯст медонанд. Вобаста ба мавсим ва мутобиқшавӣ ба он истифода аз малҳамҳои хонагӣ мувофиқи мақсад аст.
Мутахассисони соҳаи зебоӣ вобаста ба навъи пӯсти рӯй истифодабарӣ аз ниқобҳои зеринро дар фасли тирамоҳ тавсия медиҳанд:
Ниқоб барои пӯсти равғанӣ:
***Сафедии як дона тухмро бо як қошуқ афшураи ангат (облепиховый сок) омехта карда, ба рӯятон бимолед ва баъд аз 20 дақиқа нигоҳ доштан, бо оби ширгарм бишӯед.
***Ба ду қошуқ оби ангур, сафедии як дона тухмро омехта карда, ба рӯятон молед. Пас аз 15-20 дақиқа метавонед рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.
***Ҷаъфарӣ (петрушка)-ро бо оби лимӯ ва ҷурғот омехта карда, каме оҳор (крахмал) ҳамроҳ кунед. Ниқоби омодаро метавонед муддати 10 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби ширгарм бишӯед.
Ниқоб барои пӯсти хушк:
***Ду қошуқ афшураи помидорро бо каме орд омехта карда, ба рӯятон молед ва аз болояш дока гузошта, 15-20 дақиқа истироҳат кунед. Пас аз ин метавонед рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.
***Себро пора карда, яке аз пораҳояшро аз турбтарошак гузаронед. Ба он як қошуқ асал, як дона зардии тухм, як қошуқ равғани растанӣ ҳамроҳ кунед ва ба рӯй молед. Ниқобро муддати 15 дақиқа нигоҳ дошта, баъдан бо оби ширгарм бишӯед.
***Докаро дар оби ангур тар карда, пӯсти рӯю гардан ва дастонро бо он тоза кунед. Ин ҳолатро чанд маротиба идома дода, баъд аз 20 дақиқа дасту рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.
Ниқоб барои пӯсти мУътадил:
***Зардии як дона тухмро бо ду қошуқча равғани растанӣ, ду қошуқча асал ва ду қошуқча оби ангур омехта карда, дар муддати 10 дақиқа ду маротиба ба рӯятон молед. Баъдан, малҳамро оҳиста бо ёрии дока аз рӯятон тоза кунед.
***Як қошуқ ширро бо як қошуқча асал ва як қошуқ атолаи банан омехта карда, муддати 5-10 дақиқа ба рӯятон молида, интизор шавед. Ин амалро такрор карда, баъдан рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.
***Бодирингро аз турбтарошак гузаронида, ба он каме қаймоқ омехта кунед. Ниқобро ба рӯятон молида, муддати 10 дақиқа нигоҳ доред. Малҳам барои пӯсти хушк низ фоидаовар аст.
Бонувони азиз, муддати рӯз ақаллан чанд дақиқа вақт ёфта, аз пайи зебоии худ шавед, зеро Шумо барои духтар, хоҳар, ҳамсар, модар, холаву бибии зебо будан масъулед. Ҳамеша зебо бошед!
Таҳияи Гулноз