Ин қадами аввалин ба сӯйи рӯҳбаландӣ, кайфияти ҳол, эҳсоси хурсандӣ ва зебоии зоҳирӣ аст. Албатта, танҳо як табассум кофӣ нест, аммо рӯзро маҳз аз он оғоз кардан даркор.
1
Ба фаъолият омода кардани ҷисм. Барои дар давоми рӯз нигоҳ доштани табъи хушу рӯҳи болида, машқи пагоҳирӯзӣ бисьёр кӯмак мерасонад. Ҳатто 10 дақиқаи ҳаракати фаъолона кифоя аст, ки мушакҳои шумо ба меъёри зарурӣ биёянду рӯҳияатон баланд гардад. Агар машқ кардан дар назаратон душвор тобад, аққалан каме пиёда роҳ гардед.
2
Ниқобҳо. Баъди аз кор баргаштан, даррав ба иҷрои корҳои хона напардозед. Ба хона омада, 20 дақиқа барои худ ҷудо намуданро ба ҳукми анъана дароред. Дар ин муддати кӯтоҳ чӣ корро анҷом додан мумкин аст?
Метавон ниқобҳои оддиякакеро, ки аз маҳсулоти дар зери дастбуда омода мешаванд, истифода сохт. Масалан, ниқоби тароватбахши бодирингӣ ё ниқоби ғизоноки аз банан тайёр кардашуда ё худ маводи оромкунандаи пӯст - ниқоб аз чойи кабудро. Метавонед сачоқро аввал ба оби гарм тар карда, ба руй монед ва пас аз чанде онро ба оби хунук тар кунед ва боз ба рӯй монед. Ин ниқобҳо вақту қувваи зиёд талаб намекунанд, вале натиҷаашро дер интизор шудан лозим намеояд.
3
Ороиши мӯй. Дар ташаккули зебогии симо мӯйҳо, бешак, нақши муҳимеро мебозанд. Ҳамчунон барои ҷавон намудан ба мӯйҳо диқкати махсус додан лозим аст. Машшотаҳо (парикмахеры) бар он ақидаанд, ки мӯйи кӯтоҳ ба занҳои калонсол хос аст. Ҳақиқатан ҳам мӯйи кӯтоҳ одамро калонсол нишон медиҳад. буридани мӯйи пешона (чёлка) баръакс…
4
Атриёт. Ҳатто атриёт метавонад шуморо дар назари атрофиён ҷавонтар муаррифӣ намояд. Бовар намекунед? Ба интихоби атриёт дуруст эътибор додан зарур аст. Атрҳои накҳати сабукдоштаро интихоб кардан лозим аст. Масалан, атрҳои буйи гул, меваҳои цитрусӣ, ҳулбӯй (мята) ва ба инҳо монанд накҳатдоштаро.
5
Табассум. Табассум ва боз ҳам табассум. Шарт нест,ки дар вакти табассум ҳамаи дандонҳоятонро ба намоиш гузоред. Барои он ки табассуми шумо боз ҳам зеботар бошад, ба нигоҳубини дандонҳо низ бояд аҳамият дод. Дар ёд доред, ки ҳатто нимтабассум ҳам ба шумо эҳсоси хурсандӣ мебахшад ва бонуи хушҳолу хурсанд ҳама вақт ҷавон менамояд.
Бонувони азиз, дидед, зебову ҷавон будан роҳҳои осону каммасраф ҳам дорад, фақат каме завқ лозим. Ба пеш ба сӯйи ҷавониву зебоӣ!
Манижабону