Давида ба хонаи дугонаам, ки доимо талқинам мекард: «Э девона, шӯятро дар шаҳр танҳо намон, он ҷо занҳои «гушна» зиёданду хонумҳои паричеҳра зиёдтар. Боз азхудаш накунанду даҳанат воз монад», рафтам. Аввал хушхабари ба шаҳр рафтанамро расондаму баъд хоҳиш кардам, гӯшворҳо ва «иринка»-ҳои навашро ба орият бидиҳад. Гуфтам, ки шавҳарам пеши ҷӯраву ҳамкоронаш шарм карда як гӯшвори тиллоӣ, албатта, мехаридагист. Иринкаҳоятро аз бозор нав мехараму меорам. Очаам як-ду сумам додааст.
Ба Душанбе, ба хонаи шавҳарам (албатта ин хонаи ҳамаи мост, вале мани хонашин ҳаққи чунин гуфтан надорам) омадем. Хеле чиркин буд, маълум, дер боз касе тозааш накардааст, вале дивани хоб дорад, телевизори калон, яхдон (ман нав соҳиби он шудам). Хулоса, плитаву оби гарму… эҳ, як дунёи нав.
Хонаро тоза кардаму аз рахти хоб, ванна ва баъзе ҷойҳо мӯйҳои ҳархела – зард, сиёҳ ва ҳатто хокистарранги занона ёфтам. Худоё, понздаҳ сол шуд шавҳари бечораам тани танҳо дар ин хона зиндагӣ мекунаду… Як халати махровии наппанави бетугма, вале миёнбанддори занонаро дар ванна дида, нав ба сӯйи шавҳарам нигоҳ карда будам, ки гуфт: «Ин аз соҳиби пештараи хона аст» ва рӯяшро гардонд. Офарин ба ин хел мард, 15 сол боз як халатро аз ҷояш беҷо накардааст гуфтаму онро шуста пӯшидам, роҳати ҷон будааст, баъди оббозӣ кардан.
Баъди чанде оҳиста-оҳиста бо ҳамсояҳо ошноӣ пайдо кардам, кам- кам то бозорча мерафтагӣ шудам. Ҳама мани 38-соларо холаву бибӣ мегуфтанд. Мардҳои ришсафед апаам меномиданд. Як вақт дар оина ба худ зеҳн мондам, воқеан рӯям пурожангу торҳои сафеди мӯям хеле зиёданд. Занҳои калонсоли ҳамсояам аз ман садҳо бор ҷавонтар метофтанд.
Як рӯз ҷуръат карда аз яке пурсидам, ки чӣ тавр ҷавониро баргардондан мумкин? Шумо чӣ кор мекунед, ки ин қадар ҷавону хушрӯед?
Ӯ маро ба «шефӣ» гирифт. Гуфт, ки адреси СПА-салонҳо, фитнес-клубҳо, мағозаҳои парфюмерии сифатнок, кошонаҳои ҳуснро бароят мегӯям. Он ҷо ки рафтӣ, тарзи истифодаро худашон мефаҳмонанд. Ман сир бой надодам, ки аз ин вожаҳо чизеро нафаҳмидам.
Дар ин миён ман кам-кам аз пули хариди хӯрока «эконом» карда будаму додаракам аз Русия омада 200 доллар дода буд, ки апаҷон, ин ҷо деҳа не, сарулибоси хубтаре бихару шавҳаратро шарманда накун. Шавҳарам бошад, доимо мегуфт, ки тезтар туро ба духтурҳо нишон дода, табобат мекунаму боз ба қишлоқ мебарамат. Барои ту либосҳои нав харидан зарурат надорад.
Хулоса як рӯз «шуша таҳ мондаму ҷигара рӯ» ва нотарсона бо як зани ҳамсоя ба «Салон красоты» рафтем. Дар 15 сомонӣ қошамро чинданду гирди нохунҳоямро дар 20 сомонӣ тоза кардаву лак молиданд. Ваҳ, худоё 35 сомонӣ дар ним соат «парид». Таги дилам хиҷил шуд, вале аллакай рӯву дастонам каме дигар шуданд, ба назарам хушрӯтар тофтанд, ки ин таскинам медод. Гуфтам ҳар чи бодо бод, охир аз пулҳои додаи бародарам, шавҳарам бехабар аст-ку.
Он ҷо гуфтандам, ки агар хоҳӣ бо 40 сомонӣ пойҳоятро «педикюр» кунем. Суол додам, ки ин чӣ гуфтанист, посух доданд, ки кафидагиҳои пой ва пӯстҳои шахшудаашро мегирем… Э, дугона, як бор мезиям, гуфтаму розӣ шудам. Баъди 40 дақиқа боз 40 сомонӣ аз даст рафт.
Дар 150 сомонӣ кадом лойи бадбӯеро «маска» гуфта ба рӯям молиданду дар 80 сомонӣ сар то поямро маҳс карданд. Гуфтанд, ки баъдан барои 10 рӯз табобати рӯй 1500 сомонӣ биёраму барои 10 рӯз массажи боқимонда бо табобаташ ҳар рӯз 100 сомонӣ дошта бошам. Худовандо, барои 10 массаж боз 1000 сомонӣ.
Ранг кардани мӯйҳо ва каме нӯгҳои онҳоро буридан, боз сари 35 сомонии дигарро хӯрд. Духтараки чаққонаки зебои ин салон пешниҳод кард, ки «укладка» кунад. Пурсидам, ки чанд сомонӣ? Чун ҳар лаҳза ҳини пул додан ларзаи дастонам ва дудилагиамро медид, гуфт: «Барои шумо 20 сомонӣ». Гуфтам, ки: «Э, таги рӯмол кӣ мебинама» ва розӣ нашудам. Ба мағоза рафтем, аз крему шампуну гелу дигар майда-чӯйдаҳои косметикӣ, ки қариб ҳамаашро ман аввалин бор медидам, арзонтаринашро ҷудо карда бошам ҳам, 300 сомонии дигарро аз даст додам.
Ба хона омада ҳисоб кардам, ки барои каме ба шаҳриҳо монанд шудан (таъкид мекунам каме, зеро ҳанӯз на сару либос, на роҳгардиву андом, на бисёр чизҳои дигари ман ба онҳо монанд нест) 550 сомониро аз даст додам. Худоё, ин миқдор пулро дар панҷ соли ҳаётам ҳам сарф намекардам. Вале ба чеҳраи тозаву дасту пойи зебоям нигариста, қариб худам ба худам ошиқ шавам.
Шавҳарам гӯё танҳо аз ранги нохунҳоям тағъйиротро фаҳмида, гуфт: «Занак, агар сиҳат шуда бошӣ, тайёр шав, ба хона бармегардӣ».
Ман бошам дар андешаи он будам, ки агар он 2500 сомонии барои массаж ва табобат бахшидани рӯйро медоштаму боз ҳар моҳе аққалан 500 сомонии дигар барои худро ба тартиб оварда ба зан монанд шудан, шояд шавҳарам маро дар «хонаи шаҳрии худаш» нигоҳ медошт? Ё не?
М. Маҳин