* * *
Ниқоб аз себ
Лавозимот:
Як дона себ
1 қошуқча орд.
Тарзи омода намудан:
Себро дар тафдон пухта, пӯсташро гиред. Сипас онро лат дода, бо орд омехта кунед. Ниқобро ба рӯй молида, ба муддати 20 дақиқа нигоҳ доред ва баъд рӯятонро бо оби ширгарм бишӯед.
* * *
Ниқоб аз тухму лимӯ
Лавозимот:
1 сафедии тухм
1 қошуқча оби лимӯ
Каме намак.
Тарзи тайёр намудан:
Сафедии тухмро каме лат диҳед ва ба он оби лимӯро бо камтар намак омехта, онро ба рӯй молед. Пас аз 15-20 дақиқа бо оби ширгарм рӯятонро бишӯед.
* * *
Ниқоб аз картошка
Як дона картошкаи хомро аз дандонаҳои майдаи турбтарошак гузаронед. Онро ба рӯй молед. Ба муддати 15-20 дақиқа ниқобро дар чеҳра нигоҳ доред. Сипас рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.
* * *
Ниқоб аз сабзӣ
Лавозимот:
1 дона сабзии миёна
1 зардии тухм.
Тарзи тайёр намудан:
Сабзиро тоза карда, аз дандонаҳои майдаи турбтарошак гузаронед ва ба он як зардии тухмро омехта намоед. Сипас онро ба рӯй молида, ба муддати 15-20 дақиқа нигоҳ доред. Баъд рӯятонро бо оби ширгарм шӯед. Пас аз истифодаи ин ниқоб метавонед ба рӯятон ягон намуд крем молед.
* * *
Ниқоб аз ҷаъфарӣ (петрушка)
Лавозимот:
Якчанд шохчаи ҷаъфарӣ
1 қошуқча ягон хел крем.
Тарзи тайёр кардан:
Ҷаъфариро тоза бишӯед. Онро куфта ба он ду қошуқча кремро илова намоед. Ниқобро ба рӯй молед. Баъди 20 дақиқа бо пахта онро тоза кунед. Ин ниқоб ғайр аз он ки пӯстро мулоим менамояд, онро сафед ҳам мекунад.
Манижа