Бонуи ҳунарманд Соҳиба Ҷалилова яке аз шохаҳои ҳунар- сурмасозиро сабз нигоҳ медорад. Вай сокини деҳаи Ёрии ноҳияи Панҷакент буда, ин ҳунари анъанавӣ ва қадимаи тоҷиконро аз хушдоманаш Онабибӣ Муҳиддинова омӯхта, сипас ба чандин пайвандону ҷавонони дигар омӯзондааст. Соҳиба-хола 30 сол аст, ки сурмаи аълосифат омода мекунад. Сурмаи ӯ на танҳо дар Тоҷикистон, балки берун аз он, аз ҷумла, Афғонистону Ӯзбекистон низ муштариёни зиёд дорад. Зеро маҳсулоти ӯ бо риояи ҳама нозукиҳои ин ҳунар омода мешавад. Соҳиба-хола санги сурмаро маҳин ос карда месӯзонад ва баъд онро дар об андохта, мешӯяд. Маълум аст, ки сурмаи шустагӣ барои даво латифтару форамтар мебошад. Дар Панҷакент сурмаи Ёриро «беҳтарин давои дарди чашм» ном мебаранд. Дар ҳақиқат ҳар он касе, ки ҳатто боре сурмаи Соҳиба-холаро истифода бурдааст, ба ин бовар ҳосил мекунад.
Рухшона ном духтари 25-солаи панҷакентӣ дар сӯҳбат бо мо гуфт, ки чӣ сон бо кӯмаки сурмаҳои Соҳиба-хола аз бемории чашм шифо ёфтааст.
– Ман тасмим гирифтаам, ки дигар ҳаргиз аз маҳсулоти ороишии хориҷӣ, ки аксар сунъӣ ва бесифат ҳастанд, истифода набарам,- иброз медорад Рухшона.- Зеро дигар ба онҳо зарурате намондааст. Ман на танҳо худ, балки ҳама аҳли хонадону пайвандон маҳз аз сурмаи Соҳиба-хола истифода мебарем. Мо медонем: маводе, ки ин бонуи ҳунарманд истифода мебаранд, ҳаргиз ба чашмон зарар намеоваранд.
Бояд мутазаккир шуд, ки сурмаи Соҳиба-холаро на танҳо бонувон, балки мардҳо низ чун давои беҳтарини бемории чашм истифода мебаранд. Ин аст, ки сафи ихлосмандони сурмаи Соҳиба-хола беш аз пеш меафзояд.
Имрӯзҳо духтарону бонувони тоҷик аз ороишоти кимиёии маснӯъии хориҷӣ таври густурда истифода мебаранд. Ба ҳеҷ касе пинҳон нест, ки миёни онҳо маҳсулоти пастсифат низ зиёд ба фурӯш мераванд.
Духтури дараҷаи олӣ, пизишки бемориҳои чашм Каримҷон Қӯшназаров таъкид медорад, ки хуб мебуд, агар бонувони тоҷик ба ҷои маҳсулоти ороишотии хориҷӣ, ки то андозае шубҳаовар низ ҳастанд, аз маҳсулоти ватанӣ, чун сурмаи Соҳиба-хола истифода бибаранд.
– Агар сурмаи маҳин ос шударо ба чашм бимоланд, он солимии чашмро нигоҳ медорад, асабҳои ин узвро қавӣ мегардонад, биноии пиронро меафзояд. Илова бар он, ҳарорат, рутубат ва ҷирми чашмро дур карда, захми онро шифо мебахшад.
Коршиносон бар ин назаранд, ки зинда доштан ва интиқол додани ҳунари сурмасозӣ ба наслҳои имрӯзину оянда аз корҳои савоби шоиста маҳсуб мешавад. Зеро бонувони табиатан зебои тоҷикро, ки маъмулан чашму абрӯвони сиёҳу зебо доранд, маҳз сурмаи дастисохти анъанавии тоҷикӣ ҳусну малоҳати бештар хоҳанд бахшид. Дар ин радиф месазад ба Соҳиба Ҷалилова, ки дар ҷодаи эҳё ва пойдор нигоҳ доштани ҳунари сурмасозӣ заҳмат мекашад, сипос гӯем ва таманнои онро намоем, ки ин касби наҷибро минбаъд шогирдонаш идома бахшанд.