Мутахассисон чор хатоиро пайдо кардаанд, ки агар аз содир намудани онҳо худдорӣ намоем, боз ҳам ҷавонтару зеботар мешавем. Сатрҳои зеринро бодиққат хонед:
Хатои рақами 1
«Ниҳоят хаста шудааму мадори шустани макияжи рӯямро надорам» - гуфтани занҳо мебошад. Бовар кунед, шустани макияжи рӯй 2-3 дақиқаро мегираду халос. Рӯйи тоза воситаи ороиши кафили пӯсти ботароват аст. «Дар сурати пеш аз хоб нашустани макияж дар рӯй метавонанд рихинакҳо (угри) пайдо шавад», - мегӯяд дерматолог Одри Кунин аз мактаби тиббии назди донишгоҳи Канзас. Агар хоҳед, ки барои шустани макияжи рӯй вақт сарф накунед, ҳамеша рӯйи мизи ҳуҷраи хоб салфеткаҳои махсусро нигоҳ доред.
Хатои рақами 2
«Қисми зиёди занҳо фикр мекунанд, ки аз малҳамҳои зиддиофтобӣ танҳо дар фасли тобистон истифода кардан мумкин асту халос. Ин фикри куллан хатост, зеро пӯст тамоми сол зери таъсири шуоҳои офтоб қарор дорад», - мегӯяд доктори илмҳои тиб, Фредрик Брандт. Мутахассисон ҳамарӯза истифода кардани малҳамҳои зиддиофтобиро тавсия медиҳанд.
Хатои рақами 3
«Нигоҳубини дурусти пӯсти рӯй ниҳоят қиммат аст», - мегӯянд баъзе занҳо. Агар маблағи зиёд сарф намудан нахоҳед, воситаҳои косметикиро аз дорухонаҳо харидорӣ намоед ва аз паси моли ширкатҳои бонуфӯз надавед. Ҳангоми харидани воситаҳои косметикӣ ҳамеша ба маводи таркиби он таваҷҷӯҳ намоед, на ба номи ширкати тавлидкунанда.
Хатои рақами 4
Баъзе одамон пас аз истифодаи як-ду усули нигоҳубини пӯст мегӯянд, ки ҳамаи онҳоро санҷида баромадаанд, вале ягонтои он таъсир накардааст. Фаромӯш накунед, ки таъсири ҳама гуна воситаҳои нигоҳубини пӯст тақрибан пас аз 8 ҳафта маълум мешавад. Малҳамҳои зидди ожангҳои рӯйро дар ду моҳ як маротиба метавонед иваз намоед. Дар сурати аллергия пайдо кардани пӯст, аз онҳо даст кашед.
Таҳияи ПАРВИНА