Ин намуди чой миқдори қандро дар организм коҳонида, барои пешгирӣ намудани бемориҳои камшавии нури чашм, иллати гурда, бад шудани кори системаи асаб ва дил мусоидат мекунад.
Байни як гурӯҳ беморони диабети қанд (гурӯҳи дуюм) тадқиқоте гузаронида шуд. Онҳо дар муддати 3 ҳафта ҳамеша чойи бобунагӣ менӯшиданд ва маълум гардид, ки миқдори қанд дар хуни онҳо то 25% кам шудааст.
Духтурон мегӯянд, ки дар рӯз 1-2 пиёла аз ин чой нӯшидан кофӣ аст.
Таҳияи ПАРВИНА